Top 10 similar words or synonyms for флемстид

байер    0.928402

куллан    0.903710

хунини    0.901962

донишашро    0.901523

хамаги    0.900742

бурҷҳоро    0.900709

намакдон    0.898467

sarajevo    0.896269

канишка    0.895383

аврупоиҳо    0.894797

Top 30 analogous words or synonyms for флемстид

Article Example
Атласи ситораҳо Атласи Флемстид нисбат ба атласҳои мавҷуда андозаи калон дошта, аз 26 харитаи бурҷҳои асосии аз Гринвич мушоҳидашаванда иборат ва дар услуби рококо тасвир шуда буд. Дар он инчунин ду тасвири гунбади осмон (планисфера) оварда шудааст. Яке аз мақсадҳои асосии чопи атлас тағйир додани тасвири бурҷҳое буд, ки Иоганн Байер дар «Уранометрия»-и худ қабул кардааст. Чунки тасвирҳо на аз муқобили он, балки гӯё аз поин ба боло (чӣ тавре ки дар замони Батлимус қабул шуда буд) гирифта шуда, осмони ситоразорро чаппа нишон медоданд. Дар атласи Флемстид харитасозии осмон ба савияи нави баландтар мегузарад. Саҳеҳияти нишонаи ситораҳо ба стандартҳои замона мувофиқ ва вазъи ситораҳо бо ёрии афзори оптикӣ муайян карда шуда буданд. Дар атлас бори аввал силсилаи устувои (экваторӣ)-и координатаҳо истифода шудааст, ки он бо гардиши гунбади осмон ва даврзании телескоп дар гирди меҳвари худ хуб мувофиқат мекард. Лекин дар харитаҳои Флемстид силсилаи доиратулбуруҷӣ (эклиптикӣ)-и координатаҳо низ истифода шуда, давраи харитаҳои ду шабакаи координатӣ оғоз меёбад. Дар тартиб додани харитаҳо Флемстид аз тарҳи синусоидалӣ истифода намуд, ки онро «Тарҳи Сансон–Флемстид» низ меноманд. Атласи Флемстид чанд мартаба нашр шуда, яке аз нашрияҳои маъруфи замон буд ва ба забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ тарҷума шудааст. Хатои асосии атлас дар он буд, ки Флемстид силсилаи ишораи ситораҳои мушоҳидашавандаро аз рӯи тартиби уруҷи рости онҳо ворид намуда, худ онро на ҳама вақт иҷро мекард. Изофа бар он атлас нархи гарон, андозаи калон ва сифати пасти бадеӣ дошта, ситораҳо бо алифбои юнонӣ ишора шуда буданд. Бо ин камбудҳо мунаҷҷими фаронсавӣ Жозеф Ҷером Лаланд (1732–1807) дар вақти нашри фаронсавии феҳристи Флемстид (1780) дучор гашт.
Атласи ситораҳо Атласи «Atlas Coelestis», ки онро мунаҷҷими дарбори шоҳи Англия Ҷон Флемстид (1646–1719) дар асоси мушоҳидаҳои худ тартиб додааст, пас аз марги ӯ дар соли 1729 чоп шуд. То чопи ин атлас дар Британиё феҳристи ситораҳои «Stellarum inerrantium Catalogus Britannicus» (1725) иборат аз 2919 ситора мавҷуд буд.
Атласи ситораҳо Бо мақсади беҳтар намудани атласи Флемстид, доктор Ҷон Бевис (кашшофи «Меҳҳои харчангшакл», 1731) дар соли 1745 атласи «Uranographia Britannica»-ро чоп кард. Тасвирҳои албом хубтар, ислоҳу илова ворид ва андозаи атлас хурдтар шуда буд. Пас аз мушоҳидаҳои иловагӣ муҳандиси фаронсавӣ Николя Фортен дар соли 1770 таҳти роҳбарии мунаҷҷимон Пйер Ле Монйе ва Шарл Мессйе аз Академияи илмҳои Фаронса корҳоро оид ба чопи атласи Флемстид оғоз намуд. Албоми нав «Atlas Fortin-Flam­steed» ном дошта, аз нусхаи аслӣ се маротиба хурд ва сохторашро нигоҳ дошта буд. Баъзе тасвирҳои бурҷҳо (Андромеда, Сунбула, Далв) такмили бадеӣ (ретуш) дода шуданд. Номи бурҷҳо ба забони фарон­савӣ навишта шуда, баъзе меҳҳои пас аз марги Флемстед кашфшуда илова гардиданд (1795).Харитасоз ва ахтаршиноси олмонӣ Христиан Фридрих Голдбах (1763–1811) соли 1799 атласи «Neuster Himmels-At­las» («Атласи нави осмон»)-ро чоп кард, ки дар он нусхаи сиёҳу сафеди тасвири бурҷҳои Ҷон Флемстидро истифода бурдааст. Яке аз хусусиятҳои атлас дар он аст, ки Голдбах ҳар як харитаро дар ду вариант: танҳо ситораҳо (бе шабакаи координатӣ ва шаклҳо) ва анъанавӣ бо тасвири бурҷҳо овардааст. Ибтидои асри 19 давраи инкишофи атласҳои бурҷҳо маҳсуб мешавад. Соли 1801 мунаҷҷими олмонӣ Иоган Элерт Бо­де (1747–1826) атласи машҳури худ «Uranographia sive astrorum descriptio»-ро чоп кард. Харитаҳои Боде қариб ҳамаи ситораҳои мушоҳидашаванда, инчунин баъзе ситораҳои қадри ситоравиашон то 8-ро дар бар мегирифт. Атласи Боде дар замоне тартиб дода шуд, ки шумораи бурҷ­ҳо қариб ба 100 мерасид. Худи Боде ситораҳои хурди ба чашм ноаёнро аз бурҷҳои дигар гирифта, чанд бурҷи номашон аҷиб тартиб дод, ки дар оянда қабул нашуданд: «Дастгоҳи кимиёвӣ», «Даст­гоҳи ҳайкалтарош», «Дастгоҳи матбаа», «Кураи ҳавоӣ», «Мошини барқӣ» ва ғайра Яке аз «бурҷҳо»-и Боде бо номи «Квадранти Мюрал» ҳоло чун сели шиҳобии Квадрантиҳо номида мешавад, ки дар қисми шимолии бурҷи Авво воқеъ аст. Боде дар харитаҳои худ аввалин шуда сарҳадди бурҷҳоро гузаронд, лекин ситораҳо байни бурҷҳо тақ­сим нашуда буданд. Боде сарҳадди бурҷҳоро ба намуди хатти каҷе гузаронд, ки баъзан он қатъӣ риоя намешуд. Аз ин рӯ, ситораҳо ба бурҷҳои гуногун тааллуқ дошта, як атлас хилофи атласи дигар буд. Ин амал то соли 1930 идома ёфт ва он сол Иттиҳоди байналмилалии ахтаршиносӣ (ИБА) расман рӯйхатти бурҷҳо ва сарҳадди байни онҳоро тасдиқ намуд. Ин сарҳаддот ба давраи соли 1875 мутобиқ буда, чун сарҳадди баъзе иёлоти ИМА қатъӣ ба самтҳои шимол–ҷануб ва ғарб–шарқ мувофиқат доштанд. Яке аз хидматҳои бузурги атласи Боде дар он аст, ки он дар тарҳи махрутӣ сохта шуда, тасвири бурҷҳо бо хатои камтарин оварда шудаанд. Атласи Боде соли 1819 бори дуввум нашр шуд ва он 17240 ситораро дар бар мегирифт.