Top 10 similar words or synonyms for байер

microscope    0.957615

намакдон    0.956744

landscape    0.956510

дохилшави    0.956104

sarajevo    0.955349

нигохи    0.954668

анчоми    0.952513

cost    0.951972

сагҳои    0.951203

холї    0.951039

Top 30 analogous words or synonyms for байер

Article Example
Тими миллии футболи Олмон Нимҳимоягарон: Баллак ("Челсӣ"), Боровски ("Вердер"), Фрингс ("Вердер"), Кел ("Боруссия Дортмунд" ), Шнайдер ("Байер (дастаи футбол)|Байер"), Швайнштайгер ("Бавария"), Ҳитслшпергер ("Штутгарт").
Тими миллии футболи Олмон Ҳимоягарон: Фридрих ("Герта"), Ҳут ("Челсӣ"), Янсен ("Боруссия М" ), Лам ("Бавария"), Мертезакер ("Ганновер"), Метселдер ("Боруссия"), Новотни ("Байер").
Атласи ситораҳо Атлас барои замони худ пешқадам буда, харитаҳояш моҳирона тайёр карда шуда буданд. Байер аз мушоҳидаҳои Тихо Браге (1546–1601) истифода намуда, ба харита ситораҳоро бо саҳеҳияти бештар (барои замони худ) ҷой­гир кард. Чун дигар атласҳои он давра Байер дар атласи худ силсилаи координатаҳои доиратулбуруҷӣ (эклиптикӣ)-ро истифода намудааст. Дар атлас пас аз ҳар 30° хатти амудӣ гузаронида шудааст, ки онҳо бурҷҳои дувоз­даҳго­наро ҷудо карда, дар қутб ҷамъ мешаванд. Барои сохтани атлас тарҳи росткунҷаи харитасозӣ (трапетсиявӣ) истифода шудааст, ки вазъи ситораро бо роҳи имтидоди одӣ муайян кардан мумкин аст. Дар атлас бори аввал сито­раҳои дурахшони мушоҳидашаванда бо ҳарф­ҳои юнонӣ ва номи лотинӣ ишора шудаанд (масалан, α Canis Majoris). Яке аз камбудҳои атлас дар он буд, ки тартиби ишораи ситораҳо на аз рӯи бузургии ситоравӣ, балки аз рӯи ҷойгиршавии онҳо дар тасвир (аз ғарб ба шарқ; аз шимол ба ҷануб) омадааст. Дар бурҷҳои ситораашон зи­ёд, ки барои ишораи онҳо 24 ҳарфи алифбои юнонӣ кифоя набуд, Байер ҳуруфи лотиниро истифода кардааст. Олими фаронсавӣ Никола Луи де Лакайл (1713–1762) дар миёнаи а. 18 феҳристи ситораҳои ҷанубиро тартиб дода, дар асоси он чанд бурҷи ҷанубиро сохт ва ба онҳо номҳои ашёро гузошт (Шоҳтахта, Қутбнамо, Микроскоп, Насос, Гунё, Октант, Бодбонҳо, Кӯра, Телескоп ва ғайра). Ӯ на танҳо ситораҳои мушоҳидашаванда, балки ситораҳои ба чашм ноаёнро низ бо ҳуруфи юнонӣ ишора намуд. Мунаҷҷимони оянда кашфиёти Байерро истифода намуда, ба си­тораҳои нав ё беишора ном ва ишораҳои худро медоданд. Дар натиҷа, то ҳол аксари ситораҳо бо номҳои гуногун ёд мешаванд. Лекин Байер аввалин шахсе набуд, ки ситораҳоро бо ҳуруф ишора кардааст. Пеш аз ӯ Алессандро Пикколини (1508–1578) дар атласи худ «Dele Stelle Fisse» 1540 ситораро бо ҳуруфи лотинӣ ишора намуда буд. Ин якумин атласи ситораҳои нашршудаест, ки барои тасвири бурҷҳо ба ҷойи ҳаккокии мисии Байер кандакории болои чӯбро истифода кардааст.
Атласи ситораҳо Пеш аз атлас ва харитаи ситораҳо тасвирҳои асотирии мусавварашудаи бурҷҳо пайдо шуданд. Ҳарчанд мусаввараҳо бо санъати баланди рассомӣ анҷом дода шуда бошанд ҳам, онҳоро кори дақиқи ахтаршиносӣ шуморидан мумкин нест, чунки саҳеҳии ҷобаҷогузории тасвири бурҷҳо аз тавсифи шифоҳии онҳо дар асарҳои мунаҷҷимон паст буд. Аввалин атласҳои ситораҳо дар Аврупо дар асри 17 пайдо шуданд. Соли 1603 атласи «Уранометрия»-и (аз «урано»-и юнонӣ, маънояш «осмон») адвокат ва ахтаршиноси олмонӣ Иоганн Байер (1572–1625) чоп шуд.
Атласи ситораҳо Атласи Флемстид нисбат ба атласҳои мавҷуда андозаи калон дошта, аз 26 харитаи бурҷҳои асосии аз Гринвич мушоҳидашаванда иборат ва дар услуби рококо тасвир шуда буд. Дар он инчунин ду тасвири гунбади осмон (планисфера) оварда шудааст. Яке аз мақсадҳои асосии чопи атлас тағйир додани тасвири бурҷҳое буд, ки Иоганн Байер дар «Уранометрия»-и худ қабул кардааст. Чунки тасвирҳо на аз муқобили он, балки гӯё аз поин ба боло (чӣ тавре ки дар замони Батлимус қабул шуда буд) гирифта шуда, осмони ситоразорро чаппа нишон медоданд. Дар атласи Флемстид харитасозии осмон ба савияи нави баландтар мегузарад. Саҳеҳияти нишонаи ситораҳо ба стандартҳои замона мувофиқ ва вазъи ситораҳо бо ёрии афзори оптикӣ муайян карда шуда буданд. Дар атлас бори аввал силсилаи устувои (экваторӣ)-и координатаҳо истифода шудааст, ки он бо гардиши гунбади осмон ва даврзании телескоп дар гирди меҳвари худ хуб мувофиқат мекард. Лекин дар харитаҳои Флемстид силсилаи доиратулбуруҷӣ (эклиптикӣ)-и координатаҳо низ истифода шуда, давраи харитаҳои ду шабакаи координатӣ оғоз меёбад. Дар тартиб додани харитаҳо Флемстид аз тарҳи синусоидалӣ истифода намуд, ки онро «Тарҳи Сансон–Флемстид» низ меноманд. Атласи Флемстид чанд мартаба нашр шуда, яке аз нашрияҳои маъруфи замон буд ва ба забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ тарҷума шудааст. Хатои асосии атлас дар он буд, ки Флемстид силсилаи ишораи ситораҳои мушоҳидашавандаро аз рӯи тартиби уруҷи рости онҳо ворид намуда, худ онро на ҳама вақт иҷро мекард. Изофа бар он атлас нархи гарон, андозаи калон ва сифати пасти бадеӣ дошта, ситораҳо бо алифбои юнонӣ ишора шуда буданд. Бо ин камбудҳо мунаҷҷими фаронсавӣ Жозеф Ҷером Лаланд (1732–1807) дар вақти нашри фаронсавии феҳристи Флемстид (1780) дучор гашт.