Top 10 similar words or synonyms for бурҷҳоро

навсозӣ    0.910864

байер    0.907404

tcp    0.906462

баъдии    0.904976

    0.904565

панҷара    0.902295

кушиши    0.901084

флемстид    0.900709

sarajevo    0.897449

αερολιμένας    0.897140

Top 30 analogous words or synonyms for бурҷҳоро

Article Example
Атласи ситораҳо Ба давраи нави атласҳои осмони ситоразор ахтаршиноси олмонӣ Фридрих Вилгелм Аргеландер (1799–1875) асос гузошт. Аввалин атласи ситораҳои муосир «Urano­met­ria Nova of 1843» («Уранометрияи нав»)-и Ф. В. Аргеландер мебошад, ки 17 харита ва феҳристи ситораҳои бузургииашон то 6 дошт. Дар он ишораи ситораҳо мураттаб, сарҳадди бурҷҳо муайян ва бузургии ситоравӣ дақиқ нишон дода шудаанд. Ф. В. Аргеландер усули одии баҳо­диҳии ҷилои ситора нисбат ба ситораҳои ҳамсояи доимӣ (усули дара­ҷа­ҳо), то ҳиссаҳои даҳӣ андозакунии бузургии си­то­ра­вӣ ва феҳристи муосири ситораҳои тағйирёбандаро ҷорӣ намуд. Ишораи ситораҳои тағйирёбандаи бурҷҳоро бо ҳарфҳои калони алифбои лотинӣ (аз R то Z) аз рӯи тартиби ошкор шуданашон пешниҳод намуд. Атласи мазкур чун муқаддимаи асари дигари бузурги Ф. В. Аргеландер «Bonner Durchmusterung» («Хулосаи Бонн») маҳ­суб мешавад, ки соли 1852–59 барои чопи он бо шигирдонаш мавод ҷамъоварӣ намудааст. «Bonner Durch­mus­te­rung» соли 1863 нашр шуда, 37 харита ва феҳристи 324198 ситораро дар бар мегирифт, ки майлашон аз +90° то –2° аст. Яке аз шогирдони Аргеландер – Эдуард Шенфелд (1828–1891) ба атласи ӯ 135000 ситораро бо майли –23° илова намуда, соли 1886 атласи «Südliche Bonner Durch­mus­terung» («Хулосаи ҷанубии Бонн»)-ро чоп кард. Соли 1872 математик ва ахтаршиноси олмонӣ Эдуард Ҳейс (1806–1877) дар асоси атласи Ф. В. Аргеландер атласи «Аtlas Сoelestis Novus» («Атласи нави осмон»)-ро нашр кард. Атлас 12 ҷадвал ва 5421 ситораи дар арзҳои Аврупои Марказӣ мушоҳидашавандаро дар бар мегирифт. Э. Ҳейс тасвири бурҷҳои Ф. В. Аргеландерро истифода намуда, онҳоро бо хатти сурхи борик ҷудо кардааст. Атласи мазкур барои истифодаи ҳам ахтаршиносони касбӣ ва ҳам ҳаваскорон пешбинӣ шуда, бо иштиёқи тамом дар байни ҳаводорон истифода мешуд. Масалан, энсиклопедияи Брокҳауз ва Эфрон дар тавсифи бурҷҳо аз атласи Э. Ҳейс ёдовар мешавад. Аз он инчунин ахтаршиноси белгиягӣ Эжен Жозеф Делпорт (1882–1955) истифода намудааст, ки соли 1930 барои ИБА тавсифи сарҳадди нави бурҷҳоро тайёр кард. Соли 1878 Э. Ҳейс «Atlas Coelestis Eclipticus» («Атласи доиратулбуруҷи осмон»)-ро бо шарҳи гунбади осмон махсус барои мушоҳида ва тавсифи рӯшноии доиратулбуруҷ чоп кард. Азбаски ин ҳодиса танҳо бо фазои сатҳҳои мадории сайёраҳои Манзумаи Офтоб маҳдуд аст, атлас соҳаи доиратулбуруҷи осмонро дар бар мегирад. Атласи мазкур тасвири бурҷҳоро надорад ва танҳо сарҳад ва ситораҳоро нишон медиҳад. Мушоҳидаҳои олимони зикршуда дар Олмони Шимолӣ доир шуда, натиҷаашон дуртар аз 40° тарокуми ҷанубии Нимкураи Ҷанубиро фаро намегирифтанд. Ин камбудро ахтаршиноси амрикоӣ Бенҷамин Апторп Гулд (1824–1896) ислоҳ кард. Соли 1879 ӯ атласи «Uranoraelria Argentina» («Уранометрияи Аргентина») ва феҳристи 10649 ситораи ҷанубии бузургиашон то 7-ро чоп кард. Инчунин ӯ феҳристи минтақавии 73160 ситора (1884)ва феҳристи умумии 32448 ситораро (1886) тайёр ва нашр намуд.
Атласи ситораҳо Бо мақсади беҳтар намудани атласи Флемстид, доктор Ҷон Бевис (кашшофи «Меҳҳои харчангшакл», 1731) дар соли 1745 атласи «Uranographia Britannica»-ро чоп кард. Тасвирҳои албом хубтар, ислоҳу илова ворид ва андозаи атлас хурдтар шуда буд. Пас аз мушоҳидаҳои иловагӣ муҳандиси фаронсавӣ Николя Фортен дар соли 1770 таҳти роҳбарии мунаҷҷимон Пйер Ле Монйе ва Шарл Мессйе аз Академияи илмҳои Фаронса корҳоро оид ба чопи атласи Флемстид оғоз намуд. Албоми нав «Atlas Fortin-Flam­steed» ном дошта, аз нусхаи аслӣ се маротиба хурд ва сохторашро нигоҳ дошта буд. Баъзе тасвирҳои бурҷҳо (Андромеда, Сунбула, Далв) такмили бадеӣ (ретуш) дода шуданд. Номи бурҷҳо ба забони фарон­савӣ навишта шуда, баъзе меҳҳои пас аз марги Флемстед кашфшуда илова гардиданд (1795).Харитасоз ва ахтаршиноси олмонӣ Христиан Фридрих Голдбах (1763–1811) соли 1799 атласи «Neuster Himmels-At­las» («Атласи нави осмон»)-ро чоп кард, ки дар он нусхаи сиёҳу сафеди тасвири бурҷҳои Ҷон Флемстидро истифода бурдааст. Яке аз хусусиятҳои атлас дар он аст, ки Голдбах ҳар як харитаро дар ду вариант: танҳо ситораҳо (бе шабакаи координатӣ ва шаклҳо) ва анъанавӣ бо тасвири бурҷҳо овардааст. Ибтидои асри 19 давраи инкишофи атласҳои бурҷҳо маҳсуб мешавад. Соли 1801 мунаҷҷими олмонӣ Иоган Элерт Бо­де (1747–1826) атласи машҳури худ «Uranographia sive astrorum descriptio»-ро чоп кард. Харитаҳои Боде қариб ҳамаи ситораҳои мушоҳидашаванда, инчунин баъзе ситораҳои қадри ситоравиашон то 8-ро дар бар мегирифт. Атласи Боде дар замоне тартиб дода шуд, ки шумораи бурҷ­ҳо қариб ба 100 мерасид. Худи Боде ситораҳои хурди ба чашм ноаёнро аз бурҷҳои дигар гирифта, чанд бурҷи номашон аҷиб тартиб дод, ки дар оянда қабул нашуданд: «Дастгоҳи кимиёвӣ», «Даст­гоҳи ҳайкалтарош», «Дастгоҳи матбаа», «Кураи ҳавоӣ», «Мошини барқӣ» ва ғайра Яке аз «бурҷҳо»-и Боде бо номи «Квадранти Мюрал» ҳоло чун сели шиҳобии Квадрантиҳо номида мешавад, ки дар қисми шимолии бурҷи Авво воқеъ аст. Боде дар харитаҳои худ аввалин шуда сарҳадди бурҷҳоро гузаронд, лекин ситораҳо байни бурҷҳо тақ­сим нашуда буданд. Боде сарҳадди бурҷҳоро ба намуди хатти каҷе гузаронд, ки баъзан он қатъӣ риоя намешуд. Аз ин рӯ, ситораҳо ба бурҷҳои гуногун тааллуқ дошта, як атлас хилофи атласи дигар буд. Ин амал то соли 1930 идома ёфт ва он сол Иттиҳоди байналмилалии ахтаршиносӣ (ИБА) расман рӯйхатти бурҷҳо ва сарҳадди байни онҳоро тасдиқ намуд. Ин сарҳаддот ба давраи соли 1875 мутобиқ буда, чун сарҳадди баъзе иёлоти ИМА қатъӣ ба самтҳои шимол–ҷануб ва ғарб–шарқ мувофиқат доштанд. Яке аз хидматҳои бузурги атласи Боде дар он аст, ки он дар тарҳи махрутӣ сохта шуда, тасвири бурҷҳо бо хатои камтарин оварда шудаанд. Атласи Боде соли 1819 бори дуввум нашр шуд ва он 17240 ситораро дар бар мегирифт.