Top 10 similar words or synonyms for фалсафиву

канз    0.927203

андарзӣ    0.920782

тамсилӣ    0.918827

маснави    0.918723

орифона    0.918646

нафаҳот    0.917147

аҷоиб    0.916180

мавзӯоти    0.912231

махсусиёти    0.911944

хаттотии    0.910146

Top 30 analogous words or synonyms for фалсафиву

Article Example
Низомии Ганҷавӣ Аввалин достони «Хамса», «Махзануласрор» аз 2260 байт иборат буда, соли 1176 эҷод гаштааст. «Махзануласрор» асари фалсафиву ахлоқӣ мебошад.
Ҳаким Саноии Ғазнавӣ «Номаҳои Саноӣ» маҷмўъаи хурди мактуботи ўст; 7. «Тариқату-л-таҳқиқ» (873 байт), ки соли 1134 милодӣ таълиф шудааст, монанди маснавиҳои дигар мазмуни фалсафиву ахлоқӣ дорад; 8. Маснавии «Таҳримату-л-қалам» (103 байт) аз маснавиҳои фалсафиву ахлоқист; 9. Маснавии «Корномаи Балх» (аз 440 то 490 байт) байни солҳои 1099 –1115 милодӣ таълиф гардидааст. Маснавиро Ҳаким Саноӣ дар шаҳри Балх навишта, барои дўстонаш ба Ғазнин фиристодааст ва он дар шакли шаҳрошўб таълиф гардида, ягона асари ўст, ки мазмуни фалсафиву ирфонӣ надорад ва сифати кинояомезу ҳаҷвии табақаҳои гуногуни аҳолии он шаҳрро дарбар мегирад.
Баҳром Фирӯз Повести «Ту танҳо не» соли 1980 аввал дар шумораҳои 5-6-уми маҷаллаи «Садои Шарқ» ва худи ҳамон сол тариқи нашриёти “Маориф” чоп шуда буд, ки мавзӯъ ва маводу матолиби ин қиссаро хонандагон аз муаллиф интизор набуданд. Зеро нависанда аз илми маъданшиносӣ ва кори маъданҷӯён камтар иттилоъ дошт. Ҷолиб аст, ки воқеоти повест дар миёни гурӯҳи маъданҷӯён иттифоқ афтода, қаҳрамони ӯ кӯҳкану геологҳоянд. Худи нависанда Баҳром Фирӯз дар бораи ин асараш чунин назар дошта: “Ин қисса ҳам саргузашти воқеӣ аст. Тирамоҳи соли 1975 ман ҳамроҳи як дастаи маъданҷӯён ба кӯҳҳои Тавилдара, соҳилҳои рӯди Оби Хингов, то наздикиҳои пирьяхи Гармо рафта будем. Ба ман муяссар шуд, ҳамкоронам дар асл кию чӣ буданамро надонанд. Агар нависанда буданамро медонистанд, ман хеле чизро бой медодам. Ин қисса аз таъсироти ҳамин ҳамкорӣ. Албатта бе тайёрӣ, илми геологияро наомӯхта танҳо аз материали зиндагӣ образҳои каме беш мукаммал ва асари ҷиддӣ офаридан амри муҳол аст”. Нависанда тасвир ва васфи табиат, кӯҳсори тоҷик ва водиҳои он, дарёҳои кӯҳиву манзараҳои онро нафақат барои изҳори эҳсосот ва рӯҳи ватандӯстӣ, балки барои ифодаи андешҳои худ дар бораи ҳаёт, ақидаҳои фалсафиву ҷаҳонбиниаш дар ин қисса нишон дода аст.
Назри Яздонӣ Ашъораш дар китобҳои «Меҳрбон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Нурборон», «Дилнигора», «Нурполо» ва маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ба чоп расида, иддае аз онҳо ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, эстонӣ, немисӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Аз забонҳои русӣ, инглисӣ, арабӣ, ӯзбекӣ, урду, украинӣ тарҷума мекунад. Шеърҳо, достонҳо, қиссаҳои алоҳидаи А. С. Пушкин, М.Ю. Лермонтов, В. Шекспир, Ҷ.Байрон, А.Ҷафрӣ, роману қиссаҳои ҷудогонаи Л. Каррол, З. Бистритская ва дигар адибони ҷаҳонро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. «Ишорот ва танбеҳот»-и Ибни Синоро (дар ҳамқаламии М.Диноршоев ва Т. Мардонов) аз арабӣ ба русӣ гардондааст. Аввалин шоири тоҷик аст, ки бевосита аз инглисӣ ба тоҷикӣ тарҷумонӣ кардааст. Тарҷумаи «Ишорот» ҳам дар таърихи тарҷумаи илмии тоҷик аввалин намунаи баргардони бевоситаи арабӣ-русист. Чандин баёзи манзуму мансур ва фолклорӣ таҳия ва тавзеҳ намудааст, ки ба забонҳои гуногун дар Киев, Минск, Таллин, Тошканд, Тифлис, Ханой, Прага, София ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон чоп шудаанд. Осори зиёди публитсистӣ дорад. Китоби эссеҳои фалсафиву адабиаш «Ҳикмати озодагон» ба таҳқиқи тақдиру вижагиҳои ҳувийяти миллӣ ва фарҳанги имрӯзаи тоҷикон бахшида шудааст. Дар сабти комили аудиоии «Шоҳнома» ширкат варзидааст. Ба силсилаи ашъораш устодони суруди тоҷикӣ оҳанг бастаанду месароянд. Зиёда аз 30 сурудаш дар хазинаи тилоии Радиои тоҷик нигаҳдорӣ мешавад. Тадқиқоти илмӣ дар китоби «Фалсафаи Ибни Сино дар «Ишорат ва танбеҳот», мақолоти зиёдаш ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дар Душанбе, Маскав, Тошканд ва Алмаато ба табъ расидаанд. Феълан дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси сардори «Маркази тоҷикшиносӣ» фаъолият дошта, дар болобурди савияи маърифату хештаншиносӣ камолоти ҷаҳонбинии вижаи миллӣ, таҳия ва нашри силсилаи «Тоҷнома», ки саҳми миллатамонро дар масири тамаддуни ҷаҳонӣ бо нашри манбаъҳои бостонӣ ва осори фарҳангии дараҷаи аввал собит месозад, ҳиссаи сазовор мегузорад.
Абулъалои Мааррӣ Муҳаққиқони ҳаёт ва эҷодиёти Абулъалои Мааррӣ осори ӯро беш аз 70 номгӯй донистаанд, вале бар асари ҳуҷуми румиҳо ба Маарра китобҳои Абулъалои Мааррӣ аз миён рафтанд. То замони мо аз осори Абулъалои Мааррӣ девонҳои ашъор – «Сиқт-уз-занд» (3000 байт, ашъори дар ҷавонӣ суруда), «Лузум-мо-ло-алзам» (11000 байт, шеърҳои аз 30-солагӣ то охири умр суруда шуда), асарҳои дигар бо номҳои «Рисолат-ул-ғуфрон», «Рисолат-ул-малоика», «ал-Фусул ва-л-ғоёт», «Расоил» ва ғайра боқӣ мондаанд. Мавзӯи ашъор ва осори Абулъалои Мааррӣ тарғибу ташвиқи ахлоқи ҳамида, мазаммати бухлу ҳасад, танқиди ҳокимони золим, рӯҳониёни мутаассиб, савдогарони фиребгар, мазаммати бодаву боданӯшӣ ва ғайра мебошад. Дар осори Абулъалои Мааррӣ ҷаҳонбиниву андешаронии фалсафиву иҷтимоиаш ташаккул ёфтаанд. Махсусан, назариёти динии Абулъалои Мааррӣ ҷолиби диққатанд. Дар ашъори солҳои ҷавонӣ Абулъалои Мааррӣ исломро дини мубин донистааст, вале баъдан баъзе урфу одатҳои динӣ, хурофотро танқид кардааст. Кор то ба ҷойе расидааст, баъзе нукоти таълимоти исломи рошидӣ, масалан, тасаввуротро оид ба биҳишту дӯзах зери шубҳа гузоштааст. Масъалаи аз зӯҳд оғоз карда бо илҳод анҷом ёфтани андешаҳои Абулъалои Маарриро муҳаққиқон, аз ҷумла И. Ю. Крачковский таъкид намудаанд. Ба қавли ин муҳаққиқ Абулъалои Мааррӣ бунёдгузори афкори илҳодомез дар таърихи мардуми мусалмон мебошад. Абулъалои Мааррӣ оид ба ягонагии рӯҳу ҷисм таълимоти хусусиятҳои материалистӣ доштаро пеш гирифтааст. Таносухро ботил донистааст. Ба андешаи ӯ рӯҳ дар заминаи моддӣ пайдо шуда, баробари расидани марг фано мешавад. Хайру шар мувофиқи таълимоти ӯ, дар табиати худи инсон ҷой доранд ва ба Офаридгор вобаста нестанд. Умуман, Абулъалои Мааррӣ муносибати оқилона доштанро ба масоили ҳаётӣ афзалиятнок шуморидааст. Яке аз қадимтарин маъхазе, ки аз ҳаёт ва осори Абулъалои Мааррӣ иттилоъ медиҳад, «Мӯъҷам-ул-булдон»-и Ёқути Ҳамавӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти ин асар, ба марги Абулъалои Мааррӣ 84 шоир марсия гуфта, дар санги мазори ӯ зиёда аз 200 шогирдаш номашонро сабт карда буданд. Шахси дигаре, ки дар бораи Абулъалои Мааррӣ маълумоти ҷолиб додааст, Носири Хусрав мебошад. ӯ дар «Сафарнома»-аш менигорад: «Ва ин мард дар шеъру адаб ба дараҷае аст, ки афозили Шому Мағрибу Ироқ муқарраранд, ки дар ин аср касе ба пояи ӯ набудааст ва нест».