Top 10 similar words or synonyms for тамсилӣ

қолабҳои    0.948285

аристоксен    0.940575

ҳовии    0.940226

мақолот    0.940105

тасвиру    0.939987

калимаҳову    0.938461

таҷассуми    0.938181

орифона    0.937497

ғазалҳо    0.935860

асосу    0.933052

Top 30 analogous words or synonyms for тамсилӣ

Article Example
Масал (ҳикояти тамсилӣ) Масал (ҳикояти тамсилӣ) - як навъ ҳикояи хурдест, ки мазмуни ахлоқию пандомезӣ ва тасвирҳои рамзноку тамсилӣ дорад. Масалҳо метавонанд мустақил бошанд ва ё дар дохили асари ҳамосавии дигаре дар шакли назм ё наср ҷой гиранд. Дар масалҳо ҷонварон ва ашё ба сифтаи персонаж фаъолият мекунанд ва баъзеи онҳо ба афсонаҳо дар бораи ҳайвонот монанд мебошанд. Масалан, масалҳои «Рӯбоҳ ва ангур», «Гург ва Лакалак» ва ғ. Дар саросари кишвар фаъол аст.
Афсона Афсона қисса, шӯг. Жанри ҳамосавии фолклори тоҷик. Як навъ ҳикояҳои насри шифоҳӣ, ки мазмунҳои рамзию тамсилӣ,сеҳромезӣ ва саргузаштию маишӣ доранд ва бунёди сужети онҳоро одисаҳои бофтаю хаёлӣ ва тасвирҳои фантастикию ғайриоддӣ ташкил медиҳанд. Афсона навъҳои сеҳромез, тамсилӣ, ҳаҷвӣ, маишӣ, ишқӣ-романтикӣ ва саргузаштӣ дорад. Дар саросари кишвар фаъол аст
Абулқосим Лоҳутӣ Азбаски дар офаридани шеърҳои тамсилӣ таҷрибаи кофӣ пайдо карда буд, монанди «Се қатра», «Одами оҳанпо», «Шамшери фотеҳ», «Кӯҳ ва Оина», «Ба Ҳофизи нобино» ва «Посбони Ватан» чанд манзума офарида, дар ин қолаб ҳам имконпазир будани тасвири воқеъияти зиндагиро дигарбора нишон додааст.
Аттор Маснавии «Асрорнома» бар вазни «Ило­ҳинома» буда, аз 22 мақола ва 94 ҳико­яти тамсилӣ фароҳам омадааст, дар чопи Содиқи Гавҳа­рин шомили 3305 байт аст. Дар он мақолаву ҳи­коятҳо мус­тақил буда, сужети якқиссаӣ ва аслӣ надорад. Он ҳам­чун як асари панду ҳикмат дар тарбияти одамон ба назар мерасад:
Баттони Помпео Дар асарҳои нахустини Баттони («Ҷунуни Екатерина Сиенскаяи муқаддас», 1743; «Мағлубияти Симон Мага», 1755) тамоюл ба услуби барокко эҳсос мешавад. Бо мурури солҳо услуби нигорандагии ӯ тағйир ёфт. Баттони дар асоси Навиштаҷоти муқаддас, таърихи қадим манзараҳои тамсилӣ офарида, дар деворнигорӣ қувваозмоӣ кардааст («Ахилл дар назди духтарони Ликомеда» 1745; «Диана ва Купидон»; «Хонадони муқаддас», 1777; «Геркулес дар дуроҳаи байни Добродетел ва Порок», 1765; «Парҳезгории Сипиони Африқоӣ», 1772 ва ғ.). Дар сужетҳои дорои зерматнҳои тамсилӣ ғояи далерӣ, ғалабаи қарз бар дилбастагии шахсӣ талқин шудааст. «Тарбияи Ахилл», «Фирори Энея ва оилаи ӯ аз Троя», «Мария Магдолина», «Сулҳ ва ҷанг» аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои Баттони мебошанд. Баттони чеҳранигори машҳур низ буд. Бештар тасвири шахсиятҳои маъруфро мекашид. («Тасвири император Иосифи II ва бародари ӯ Леополд Тосканский», «Тасвири маркиз Ҷон Монтермер», «Тасвири ҷавонмард», «Тасвири Папа Пияи VI» ва ғ.). Эҷодиёти Баттони оғози ҷараёни нави услуби наққошии аврупоӣ – класситсизми ох. а. 18 буд. Ба туфайли ҳунари ӯ зоҳирпарастии аз ҳад зиёд, ки ба а. 17 хос буд, аз байн рафт.