Top 10 similar words or synonyms for султоналии

чуковский    0.975990

раҳматзод    0.975285

яровая    0.973065

михалков    0.969962

меҳринисо    0.967869

мирзода    0.967737

мираки    0.967506

армянской    0.967168

فی    0.967049

абдуғанизода    0.965179

Top 30 analogous words or synonyms for султоналии

Article Example
Хати арабӣ Навъи "хатти настаълиқ" бошад дар садаи Х1V аз хатти насх ва таълиқ ба вуҷуд омадааст. Настаълиқро комилан хатти форсӣ номидан мумкин, зеро онро эрониён ихтироъ кардаанд. Ин хат дар кишварҳои араб паҳн нашудааст ва фақат дар Эрон, Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Ҳинду Покистон истифода мешавад. Шакли аввалаи настаълиқ назар ба ҳозирааш соддатар ва номавзунтар буд. Миралии Ҳиравӣ настаълиқро ба шакли зебо дароварда, доир ба тарзи усулҳои навишти он дастуре тартиб додааст. Аз ин рӯ, баъзеҳо ӯро эҷодгари ин хат донистаанд. Лекин настаълиқ пеш аз Миралии Ҳиравӣ низ вуҷуд дошт. Дар такомулу зеботар шудани настаълиқ Ҷаъфари Табрезӣ, Султоналии Қоинӣ, Султоналии Машҳадӣ, Султоналии Ҳаммади Хандон, Бобошоҳи Исфаҳонӣ, Мирмади Ҳасанӣ, Дареш Абдии Бухороӣ ва дигарон саҳм гузоштанд. Настаълиқ хатти таълиқро пурра аз истифода баровард ва ҷои онро гирифт. Настаълиқ назар ба насх зудтар навишта мешавад. Настаълиқ шакли шикаста ҳам дорад, ки онро шикастаи настаълиқ гуфтаанд ва он барои зуднависӣ хеле мувофиқ мебошад.
Абдулваҳҳоби Машҳадӣ Роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Абдулваҳҳоби Машҳадӣ маълумоти кофӣ дар даст нест. Қариб тамоми умраш дар зодгоҳаш шаҳри Машҳад гузаштааст. Тибқи ахборе, Абдулваҳҳоби Машҳадӣ хоҳарзодаи устод Султоналии Машҳадӣ буда, нозукиҳои ҳунари хаттотиро аз ӯ омӯхтааст. Бино ба маълумоги «Гулистони ҳунар»-и Қозӣ Аҳмад дар солҳои 60 асри 16 Абдулваҳҳоби Машҳадӣ 80-сола буда, ҳаёти дарвешона ба сар бурдааст. Абдулваҳҳоби Машҳадӣ дар айни замон яке аз хаттотони машҳур ва шинохтаи Машҳад будааст. Муҳаққиқони осори Абдулваҳҳоби Машҳадӣ бар ин ақидаанд, ки ӯ хати зебо дошта, навъҳои хати арабиро хуб менавиштааст. Намунаҳои хати ӯ дар Китобхонаи давлатии Истамбул маҳфузанд.
Камолиддин Беҳзод Беҳзод тақрибан соли 1455 дар Ҳирот ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдӣ аз падар ятим монда, таҳти сарпарастии китобдори китобхонаи шоҳии Ҳирот  – Амир Руҳуллоҳ Мирак  тарбия  ёфта, маҳорати худро  такмил  медиҳад ва  охири  солҳои 70  асри  XV  дар китобхонаи султон Ҳусайни Бойқаро мустақилона ба ороиши китоб  ва мусаввирӣ  машғул  мешавад. Беҳзод  аз Пир  Сайидаҳмади  Табрезӣ ва  Султоналии  Машҳадӣ низ  дарси  ҳунар андӯхтааст.  Замони  зиндагии Беҳзодро  метавон ба  ду давра тақсим кард. Давраи аввал аз оғози фаъолияти эҷодӣ то ибтидои  асри XVI, ки ватани ӯ аз тохту тозҳои берунӣ дар амон буд. Давраи дуюм сол­ҳои 1507–1535 кор ва сарварӣ дар китобхонаи  шоҳони Сафавӣ  дар Табрез аст. Дар  давраи аввал Беҳзод  ба муҳити  адабии  Ҷомӣ ва  Навоӣ  роҳ ёфта,  аз онҳо кумаки моддӣ ва маънавӣ мебинад. Султон Ҳусайни Бойқаро барои Беҳзод дар чаҳорбоғи худ (Ҳирот) манзил ва коргоҳ  медиҳад.  Баъд, 22  июни 1487 Беҳзод­ро  китобдори  китобхонаи худ  таъйин  карда, тамоми  котибону  музаҳҳибон, ҳалкорону заркӯбон, лаввоҳону саҳҳофон, ҷадвалкашону наққошо ни  китобхонаро зери  роҳбарии  ӯ мегузорад.  Бо саъйи  ҳунармандони ин китобхона  санъати ороиши  китоб  ба пояи  баланд  расид, суратгарӣ  ва  минётурнигорӣ ривоҷи тоза ёфт.
Афғонистон Ин ҳизб дар анҷумани муассисон янв. 1965 дар Кобул таъ­­сис ёфта, дар он 27 вакил иштирок дош­танд ва Кумитаи Марказии он дар ҳайати Нурмуҳам­мад Таракӣ, Бабрак Кормал, Султоналии Киштманд, Солеҳмуҳаммади Зерай, Дастагири Панҷшерӣ, Бадахшӣ ва Шаҳрухи Шаҳпар интихоб гардида буданд. Баъди ду сол дар сафи ҳизб ҷудоӣ ба амал омада, он ба ду ҷиноҳ – «Халқ» (таҳти сарварии Таракӣ) ва «Парчам» (бо роҳбарии Кормал) тақсим гардид. Баъди ғалабаи Инқилоби Савр мухолифатҳо ва таъқибу фишори парчамиҳо аз нав шиддат гирифт. Дар вазъи истибдоди шоҳӣ ҳар ду ҷиноҳи ҳизб расман ғайри­қонунӣ маҳсуб мешуданд. Бо ҳамдастии ҳукумати вақ­ти Афғонистон муқобили фаъолияти ҲХДА аз тарафи аҳ­зобу ҳа­ра­катҳои бунёдгаро, миллатгаро, мисли «Ҷаво­нони мусулмон», «Афғон миллат», «Шуълаи ҷовид» ва амсоли инҳо аксуламалҳо анҷом дода мешуданд. Вале бо вуҷуди чунин фишорҳо ҲХДА фаъолияти таблиғӣ ва тарвиҷии худро густариш медод. «Халқ» ва «Парчам» муттаҳид шу­данд. Ба сабаби камшумории синфи коргари мавҷуда дар Афғонистон ҲХДА фаъолияти хешро ба таблиғу тарвиҷ дар артиш ва соири сохторҳои қудратӣ нигаронда буд. Дар давраи омодасозӣ ва ташкили Инқилоби Савр «Халқ» ва «Парчам» муттаҳид шуданд, вале ин ваҳдат дер давом накард.
Ёрии Ҳофиз Ёрии Ҳофиз (Устод Ёрии Хонанда, Гӯянда) — сароянда, навозанда ва мусанниф, хаттот, шоири форс-тоҷик, зодаи Ҳирот. Ҳунари сознавозӣ, овозхониро аз овони ҷавонӣ назди падараш омӯхт. Назди Устод Шодӣ ва Ғулом Шодӣ овозхонию навозандагӣ, аз Хоҷа Абдуллоҳи Марворид, Амир Муртоз, Хоҷа Юсуфи Бурҳон мусиқии назариро омӯхтааст. Санъати хаттотиро аз Султоналии Машҳадӣ омӯхта, дар хатти настаълиқ, ҳунари муқовасозию ҳалкорӣ аз нафискорони ин анвои ҳунарҳои бадеӣ будааст. Ёрии Ҳофиз дар мусиқӣ бештар шӯҳратёр шуда, дар овозхонӣ, махсусан, дар иҷрои қисм, шохаҳои мураккаби мақомҳо («савт», «нақш», «амал») маҳорати баланди иҷроӣ ба харҷ медодааст. Дар шаклу анвои шеърию мусиқии «пешрав», «кул-лиёт», «қавл», «тарона», «сунбулӣ» ба усулу зар-бҳои мақомҳои «Наво», «Рост», «Бузург», «Ушшоқ» таснифоти таркибан мураккаб сохта, махсусан «Куллиёти Ёрӣ» (ба мақомии «Ҳусайнӣ»), «Амали дилошӯб» (ба мақоми «Ушшоқ»), «Кор ба усул» ва ғ. аз ихтирооти ӯст. Ёрии Ҳофиз ба ғазалҳои Ҷомӣ чандин таснифот дар шаклу анвои мусиқии «тарона», «қавл», «амал», «нақш» сохта, асарҳои назиравиаш «Нақши Мавлавӣ», «Нақши ситамкаш» (ба ғаз. Ҷомӣ) дар ҳаёти мусиқии иҷроии Ҳирот, Самарқанд шӯҳрати хоса касб кардааст.