Top 10 similar words or synonyms for сифот

маснави    0.897414

фасеҳ    0.896933

бундаҳишн    0.893908

канз    0.892172

ғазалҳояш    0.886529

фалсафиву    0.886444

тозатарин    0.884770

факех    0.882927

ошиқин    0.880706

фазоили    0.880615

Top 30 analogous words or synonyms for сифот

Article Example
Бадриддин Ҳилолӣ Аз Ҳилолӣ се маснавӣ бо номи "Сифот-ул-ошиқин" (қариб 2500 байт), "Шоҳу Дарвеш" (1144 байт), "Лайлӣ ва Маҷнун" (3542 байт) боқӣ мондааст. Маснавиҳои "Шоҳу Дарвеш" (ё "Шоҳу Гадо") ва "Сифот-ул-ошиқин" пеш аз соли 1508 ва "Лайлӣ ва Маҷнун" дар байни солҳои 1508−1528 эҷод шудааст. Девони Ҳилолӣ асосан аз ғазалу рубоӣ иборат аст, ки нусхаҳои чопии он бештар аз сесад ғазали 6−8 байтӣ, сиву ду рубоӣ, ҳашт қитъа ва чанд порчаи шеърии гуногуни дигарро фаро мегирад.
Тӯмор Эътиқод ба таъсири тӯморҳое, ки ба ин шакл навишта мешаванд, ба ақидаи фетешизм — ашёпарастӣ ва ақидаи даврони ҷоҳилият нисбат ба таъсири ашё бармегардад ва бовар кардан ба таъсири навиштаҳои ҷодуӣ ва истионат ва тавассул ба шаклҳои сеҳрӣ бар асоси таълимоти тавҳидии ислом ширк аст, зеро ин ба маънои эътиқод ба сифот ва қудрати таъсиргузорие дар ашё аст, ки аз сифот ва салоҳиятҳои Худо мебошанд. Эътиқод ба таъсири мустақил ва бевосита — бе хости Худо нисбат ба тӯморҳое, ки дар онҳо ояте аз Қуръон ё дуое аз аҳодиси паёмбари акрам (с) ва ё каломи поке навишта шудааст низ, ба ақоидаи софи тавҳидӣ дар ислом созгор нест, вале ҷумҳури уламо дар ҷое, ки ҳомили тӯмор Худоро таъсиргузор, шифобахш ва сабаби асли медонад, табаррукан ва ё барои шифоҷӯӣ бар худ овехтани тӯмор ва ҳар овезаи дигареро, ки дар он оятҳое аз Қуръон ва дуоҳои маъсура навишта шудаанд, ҷоиз ва биломонеъ медонанд.
Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ Абдуллоҳ Ансорӣ маърифатро ба се навъ тақсим кардааст: таҳрирӣ, тасдиқӣ ва таҳқиқӣ. Навъи аввали он маърифати сифот ва навъҳо мебошад. Навъи дуюмаш маърифатест, ки ориф дар натиҷаи тааммули амиқ дар ашёю ҳодисаҳо ба вуҷуди сонеъ қоил мешавад. Аммо маърифати таҳқиқӣ ба ваҳдати вуҷуд, ба фанову бақои ирфонӣ мерасонад, яъне зимни он суфӣ моҳиятан бо холиқ як мешавад. Роҳи расидан ба машъуқ ба воситаи ишқ муяссар мешавад ва камоли инсон дар тарки сифатҳои разил мебошад, ки аз онҳо ишқи воқеӣ наҷот меёбад. Абдуллоҳ Ансорӣ мегӯяд:
Абдулкарими Ҷилӣ Ба тариқи боз ҳам содатар касрату тақсимпазирӣ дар ҷаҳони моддӣ таҷаллии зоти илоҳӣ ҳастанд, айнан мисли он ки сифот дар таҳлили ниҳоӣ бо зот яке мебошанд. Дар фасли 57-и «Инсони комил» Абдулкарими Гелонӣ бо сароҳат тафаккурро ҳаюлои олам унвон кардааст. Ӯ мегӯяд: «Тафаккур ҳаёт ва рӯҳи олам аст…вуҷуд чизе нест, магар андеша, андеша реша ва маншаи ҳастӣ (вуҷуд) аст ва зотест, ки худо дар он яксара мутаҷаллӣ мешавад» (216). Пас ҳастӣ (вуҷуд) чизе ҷуз андеша дар андеша нахоҳад буд ва аз тариқи ҳамин андеша ба зоту сифоти ҳақиқати мутлақ иттисол пайдо намудан мумкин аст.
Абулфазл Сулламии Марвазӣ Чун Абулфазл дар фиқҳ устоди амири Сомонӣ – Нӯҳ ибни Наср буд, зимоми умурро ба ӯ вогузошт ва ба раъйи ӯ фармон меронд. Аммо Абулфазл аввалҳо аз қабули вазифаи вазирӣ худдорӣ мекард ва баъдан ба исрори амир ин симатро пазируфт. Амир Наср бо ҳадафи ҷалби ризои фуқаҳо ва саркӯб кардани ҳаракати эътиқодии исмоилӣ Абулфазлро ба ин мансаб нишонд. Аммо идораи умури мамлакате чунон бузург ва ахиран ҳифзи инзиботи лашкариён, ки такягоҳи умдаи давлат хусусан дар муқобили рақибони тозае ҳамчун Оли Буя буданд, вазири кордон ва сиёсатдонро тақозо мекард, ки Абулфазл аз ин сифот баҳра надошт. Натиҷаи ин заъфи вазорат ва мудирияти Абулфазл он шуд, ки беш аз шаст миллион дирҳам ба барои айшу ишрат пардохт шуд ва хазина холӣ гашт. Дар ин ҳангом лашкариёни Нӯҳ, ки аз бекифоятӣ ва бадрафтории вазир шикоят доштанд ва ӯро сабабгори ошуфтагии авзои кишвар донистанд (сабаби шӯриши Абуалии Чағонӣ), хоҳони қатли Абулфазл шуданд. Лашкариёни шӯришӣ соли 946 наздики дарвозаи Марв ӯро ба қатл расонданд.