Top 10 similar words or synonyms for пудаш

офтоба    0.961983

майонез    0.949094

нишолло    0.948861

адрас    0.948184

торҳояш    0.947024

паррон    0.943270

флюорит    0.942064

рӯяшро    0.941464

буридашуда    0.940581

поча    0.938546

Top 30 analogous words or synonyms for пудаш

Article Example
Беқасаб Беқасаб () – матои нимабрешимии якранг ё рах-рахи ранга мебошад. Нахи тори беқасаб борику нахи пудаш ғафс мешуд, ки он баръакси тори адрас мебошад. Тори онро аз абрешими нафиси сабз, кабуд, зард, сурх, гулобӣ, қаҳваранг тайёр мекунанд. Тори беқасаб аз 12 то 18 банд иборат аст. Баъзе беқасаббофон миқдори бандҳоро то ба 30 расонидаанд. Одатан сифтаи матоъҳои нимабрешимин (тораш абрешиму пудаш аз ресмон), абрешим (тору пудаш аз абрешим) ғайр аз тарзи бофт, рангу бор пеш аз ҳама ба миқдори банди тор (як банд баробари 200 нахи абрешим) вобаста мебошад. Ҳар қадар миқдори банд зиёд бошад, ҳамон қадар сифати матоъ баланд, яъне сахту обногузар ва пурдошт ҳисоб меёфт.
Алоча Алочае, ки тору пудаш аз ресмони маҳаллӣ таҳия мешуд, "зебак" ном дошт. Он алочае, ки аз ресмони аврупоӣ бофта мешуд – "фарангӣ" ва оне, ки аз абрешиму ресмон буд – "абрешимӣ" номида мешуданд.
Адрас Адрас () – дар гузаштаи начандон дур адрас аз абрешими нисбатан дурушт бофта мешуд, ки нахи он аз 15-20 пиллаи даҳбанда иборат буд. Ҳар банд 200 нах дошт. Аз ҳар сўрохи теғи дастгоҳи бофандагӣ чор нахи торро мегузарониданд. Нахи тори беқасаб борику нахи пудаш ғафс мешуд, тори адрас бошад, нахи ғафсу пудаш нахи борики ресмонӣ дошт. Пуди адрас аз се ресмони борики сафед ё ранга иборат буд. Андозаи бари адрасҳо маъмулан се хел мешуд: оддӣ ("одмиёна") – 40 см, сербар ("олчинбар") – 70 см ва камбар ("якбара") – 26 см.
Бахмал (матоъ) БАХМÁЛ, махмал, матои нимабрешими рангоранг ё якранг, ки пати нафис дорад. Навъҳояш (абрбахмал, пилтабахмал, духоба) бо гул ва пат фарқ мекунанд. Дар Самарқанду Бухоро аз асрҳои миёна истеҳсол мешуд. Дар Бухоро Бахмали гулдор мебофтанд, ки тораш абрешимину пудаш ресмонӣ буд. Самарқанд бо як навъи зебои Бахмали якранги гулобии баланд шуҳрат дошт. Бахмалро то солҳои 20 а. 20 асосан дастӣ мебофтанд. Тори Бахмал ду қабат аст: болоиаш абрешимӣ, ки аз он пат ҳосил мешавад ва заминаш аз абрешими хом иборат буда, барои нигоҳ доштани пуд хидмат мекунад. Бахмалбофӣ касби мураккаб ва меҳнатталаб буд. Баъди бофтан бо мили биринҷии химчамонанд ва поку пати онро тахту ҳамвор мебуриданд. Аз солҳои 20 а. 20 дар дастгоҳҳои дунавардаи шашгул ва панҷпо¬пушал мебофтанд. То замони Шӯравӣ аҳли дарбор ва дороён аз Бахмал либос медӯхтанд. Ҳоло дар корхонаҳои саноати сабук навъҳои гуногуни Бахмалро истеҳсол мекунанд. Ба Тоҷикистон Бахмал аз хориҷа ворид карда мешавад.