Top 10 similar words or synonyms for офтоба

газворҳои    0.965763

нўги    0.965289

чид    0.963257

лӯла    0.962497

пудаш    0.961983

гурбаи    0.961736

паррон    0.959540

рӯяшро    0.959339

кабӯтари    0.959114

поча    0.958367

Top 30 analogous words or synonyms for офтоба

Article Example
Офтоба Офтоба (форсӣ: آفتابه) зарфи филизӣ ё сафолӣ барои дасту рӯ шустан, обдаста.
Рехтагарӣ Маҳсулоти корхонаи рехтагарӣ гуногун буд. Рехтагарон аз "хӯлаи биринҷ" - манқал, офтоба, кӯза, чойҷӯш, лаълӣ, миқрози шамъ, давот, зангӯлаи шутур, узангуи асп, ҳалқаву қуббаҳои дарвоза, зангӯлаи дастбандӣ барои раққосон ва монанди инҳоро месохтанд.
Мисгарӣ Офтоба аз навъи дигари машҳури зарфҳои мисии тоҷикон мебошад. Онро обдаста низ меноманд. Офтобаро бештар барои шустани дастҳо пеш ва баъд аз таомхурӣ истифода менамоянд. Офтобаҳоро бештар бо нақшҳои майда ба таври композитсионӣ оро медоданд. Дар ибтидо гарданаи офтобаҳоро баландтар сохта, атрофи онро бо нақшҳои нисбатан барҷаста зинат медоданд. Аз ҳама бештар беруни қисми марказии офтобаҳо зинат дода мешуд.
Намадмолӣ Намадмолӣ — барои сохтани намад пашми буз ё гӯсфандро ба андозаи даркорӣ ба болои палос паҳн карда, бо ҷорӯб пашмро зада ҳамвор менамоянд. Бо офтоба ба болои он оби ҷӯш пошида, пас аз намнок шуданаш, онро бо лӯла ё чӯби ҳамвор мемоланд. Дар ин ҳангом кам-кам ба он об пошида меистанд. Баъд аз ин ду-се нафар мардҳо ба зону нишаста, намадро бо дасту оринҷ ба пешу қафо меғелонанд. Тақрибан пас аз ду соат намадро боз карда, онро баръакс печонида, боз ғелонданро давом медиҳанд. Баъд аз шакли муайянро гирифтан ва ба дараҷаи даркорӣ сахт шудани намад онро кушода, дар офтоб хушк менамоянд.
Мисгарӣ Мисгарони чирадаст аз мис офтоба, кӯза, коса, шоҳкоса, лаълӣ, чойҷӯш, чойнак, сурмадон, шамъдон, дастшӯ, туфдон, чилим, носкаду, ӯсмаҷӯшак, харбузатарошак, рангдон, қаламдон, ва ороишоти занонаю мардона тайёр мекарданд. Бо сабаби мулоим буданаш мис барои мунаққашсозӣ хеле мусоид аст. Нақшҳои зарфҳои мисиро ба чор гурӯҳи асосӣ - ислимӣ, ҳандасавӣ, зооморфӣ ва эпиграфӣ тақсим кардан мумкин аст. Хусусияти хос ва хеле муҳими нақши тоҷикии зарфҳои мисӣ аз он иборат аст, ки ҳар як нақш номи алоҳидаи худро дорад. Барги бед, барги маҷнун, бодом, бодоми сарбаргӣ, бодоми сармадохил, бодоми пушти моҳӣ, бутта, гулдона, гули ғӯза, мадохили дурафтора, мадохили якрафтора, гулъизори ироқ, ислими бодом, ислими қаламфур, ислими муғча, ислими нимхишт, меҳроби барги бед, баргак, баргаки калон (шоҳбарг), себарга, гули ихтиёр, гули нав, ҳаштгул, маҷнунбарг, гули машъал, чорбарга машҳуртарин нақшҳои навъи ислмии зарфҳои мисӣ мебошанд. Нақшу нигори зарфҳои мисӣ дар зарфҳои сафолӣ, сангӣ, тиллоӣ, нуқрагӣ, биринҷӣ, чӯбӣ ва ёдгориҳои меъморӣ низ ба назар мерасанд.