Top 10 similar words or synonyms for мубтадо

грамматикии    0.918215

монеа    0.903719

навсозӣ    0.901911

кадр    0.888746

диск    0.884914

файлхо    0.883192

неру    0.883036

фардиро    0.881046

муболиғаомез    0.880914

аввалан    0.879526

Top 30 analogous words or synonyms for мубтадо

Article Example
Мубтадо Мубтадо (аз арабӣ – ибтидо, оғоз, аввал) — яке аз сараъзои ҷумла буда, ашёеро ифода мекунад, ки дар ҷумла сухан дар бораи он меравад. Мубтадо ба воситаи исм, ҷонишин, ҳиссаи нутқи субстантиватсияшуда (исмшуда), шумора, ва феълҳои ғайритасрифӣ (масдар, сифати феълии исмгардида) ифода ёфта метавонад.
Мувофиқати хабар Хабарҳои феълӣ дар шахсу шумора бо мубтадо мувофиқат мекунанд. Мувофиқати хабар дар шахс он гоҳ рӯй медиҳад, ки мубтадо бо ҷонишинҳои шахсӣ ифода ёфта бошад.
Аъзои ҷумла АЪЗÓИ ҶУМЛÁ(форсӣ اعضاءجمله) муҳимтарин воҳидҳои наҳв (синтаксис), ки бо калимаҳои мустақилмаъно ё тар­кибҳо ифода ёфта, ба вазифаи сараъзо (мубтадо ва хабар) ё аъзои пайрав (муайянкунанда, пуркунанда, ҳол) меоянд ва дар алоқамандӣ бо калимаву таркибҳои дигар дар сохтани ҷумла чун маводди асосӣ хидмат мекунанд. Дар маҷмуъ аъзои ҷумла бо ҳамдигар муносибатҳои маъноӣ ва грамматикӣ пайдо карда, фикрро ифода мекунанд. Дар сохтори наҳвии ҷумла сараъзо – мубтадо ва хабар чун бунёди асосии ҷумлаи сода ва аъзои пайрав – муайянкунанда, пуркунанда, ҳол ба шарҳи сараъзо ва ҳамдигар омада, маънои мубтадо, ки соҳиби амалу ҳолату аломати ҷумла аст ва маънои хабарро, ки ифодакунандаи воқеъшавии амал, ҳолат ва аломат аст, инчунин маънои ҳамдигарро аз ҷиҳати муносибатҳои гуногун: аломату со­ҳибият, мафъули амал, замону макон, сабабу мақсад ва ғ. пурра мекунанд. Он аъзои ҷумларо, ки бо ёрии калимаву таркибҳои дигар эзоҳ ёфтааст, аъзои тафсилии ҷумла меноманд. Аз ду зиёда мубтадо, хабар, муайянкунанда, пур­кунанда ё ҳол пайваст шуда омада, муносибатҳои грамматикии яксонро ифода мекунанд ва аъзои чидаи ҷумларо ташкил медиҳанд: Майса ва сабзаҳо дар зери гарду ғубори рег монда, пажмурда шуда буданд (мубтадо ва пуркунандаи чида). Аъзои истисноии ҷумла бар эзоҳи аъзои асосӣ омада, замону макони амалро равшантар мегардонанд: Назар ба қавли падарам – Сайидмуродхоҷа, падари ӯ – Сайидмуродхоҷа одами хаттусаводнок буд; Дар пешгоҳи ин боғ, дар байни гулу гулзорҳо, мақбараи устод Айнӣ ҷой гирифтааст. / Б. Камолиддинов.
Исмҳои ҷомеъ Исми ҷомеь дар шакли танҳо маънои бисёрии ашёи ҳамҷинсро ифода мекунад (мардум, халқ, рама). Дар исми ҷомеъ мафҳуми бисёрӣ чунон равшан аст, ки ҳангоми мубтадо шудани исмҳои ҷомеъ хабар дар шакли ҷамъ меояд:Мардум аз ҷой хестанд.
Муайянкунанда Аъзои пайрави ҷумла, ки ашёро аз ҷиҳати аломат, сифат, хусусият, муносибат, соҳибият шарҳу эзоҳ медиҳад, муайянкунанда номида мешавад. Муайянкунанда, одатан, мубтадо, пуркунанда, ҳол ва ҷузъи номии хабарро аз ягон ҷиҳат муайян карда, аз ҷиҳати сохту таркиб ва ифодааш гуногун мешавад.