Top 10 similar words or synonyms for rb

кэлэраши    0.991286

tk    0.990087

sm    0.989849

вилча    0.989718

yo    0.989426

pk    0.989398

pars    0.989149

ml    0.988946

галатс    0.988922

ковасна    0.988912

Top 30 analogous words or synonyms for rb

Article Example
Budd RB Conestoga Budd RB Conestoga () — як ҳавогарди сохтаи Budd Company дар кишвари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст . Нахустин истифодакунандаи ин ҳавогард United States Navy будааст. Ин ҳавогард дар нахустин парвози худро анҷом дод.
Масҷиди хоқонии Исо <rb>穌rb>[]
Масҷиди хоқонии Исо <rb>教rb>[Jiào]
Масҷиди хоқонии Исо <rb>耶rb>[]
Масҷиди хоқонии Исо «Масчиди хаконии Исо» (забони Хитои: <rb>真rb>[Zhēn]
Масҷиди хоқонии Исо <rb>會rb>[Huì]) - масчиди озодест, ки дар шахри Пекин, Хитой соли 1917 сохта шуда буд. Имруз, такрибан 1,5 миллион нафар одам дар чилу панч давлати шаш китъаи дуньё аъзои хамин масчид мебошанд. Ин масчид ба сохаи Протестантии, шуъбаи Христиании, ки дар давоми авали садсолаи бистум пайдо шуда аст. Ин масчид идҳои «Рузи таввалуди Исо Пайгамбар», «Easter». Онхо ҳаракат мекунанд, ки «Евангелиеро» ба хамаи халкҳои дуньё пешниход кунанд.
Албит Албит (лотинӣ аlbus – сафед) — минерали гурӯҳи шпатҳои даштӣ – плагиоглазҳо. Формулаи химиявиаш Na[AlSi2O8], системаи кристаллбандиаш – триклинӣ, кристаллҳояш хурди ҷадвалӣ, рангаш сафед ё зарди бӯртоб, ҷилояш шишагун, сахтиаш 6 – 6,5, зичиаш 2610 кг/м3. Албит чун минерали ҷинсофарин асосан дар таркиби ҷинсҳои ишқорӣ (граниту сиенитҳои ишқорӣ) ва пегматитҳо вомехӯрад. Албит дар таркибаш 11,67% Na2O, 19,35% Al2O3, 68,44% SiO2 ва ғашҳои K, Ca, Rb, Cs дорад. Албит душворгудоз буда, дар кислота суст ҳал мешавад. Ташаккули албит ба равандҳои метасоматикӣ марбут аст. Агрегатҳояш зич, шуоъдор ва дар шакли дона-дона мебошанд. Албити холис дар кулолгарӣ истифода мегардад. Барои ороиш намунаҳои хосияти «чашми гурба» доштаи албит ва дар таҳқиқоти илмӣ барои муайян кардани дараҷаи метаморфизм ба кор мебаранд.
Атом Дар гузаришҳои ғайриоптикӣ мубодилаи энергиявӣ дар натиҷаи бар­хӯр­ди атом бо зарраҳои муҳит сурат мегирад. Агар ин бархӯрд чандир бошад, энергияи дохилии атом тағйир намеёбад. Дар бархӯрди ғайричандир атом аз як савия ба савияи дигари энергиявӣ мегузарад. Маҷмӯи силсилаҳои тайфӣ ё ҳолатҳо (савияҳо)-и энергиявӣ тавсифи фардии ҳар як атом мебошад. Усулҳои тайфии таҳлили сифатӣ ва миқдории таркиби моддаҳо бар ҳамин хусусияти атом асос ёфтаанд. Танҳо дар ҳолатҳои барангехта (n→∞) атом хусусиятҳои фардии худро гум мекунад. Ин гуна атомҳоро «Атомҳои ҳидрогенмонанд» ё «Атомҳои ридбергӣ» (ба исми Й. Ридберг) меноманд. Энергияи ҳолатҳои ридбергӣ бо тайфи бефосилаи атоме ҳамсарҳад аст, ки он як электрони худро гумкарда мебошад. Энергияи иониши атоми ноангехта тартиби 10 эВ-ро дорад. Ин энергия барои атомҳои филиззҳои ишқорӣ қимати камтарини 5,39 (Li); 5,14 (Nа); 4,34 (К); 4,17 (Rb); 3,89 (Сs) эВ дораду барои атомҳои газҳои инертӣ – қимати зиёдтарин 24, 59 (Не); 21,56 (Ne); 15,76 (Ar); 13,9 (Kr); 12,1 (Хе) эВ.
Атом Аз қоидаи Паули бармеояд, ки дар сурати як воҳид зиёд шудани рақами тартибии атом электрони «нав» дар атоми ноангехта савияи озоди камэнергитаринро ишғол мекунад (ин ҷо низ чун дар атоми ҳидроген, дар ҳар як қабати пур 2n2 электрон меғунҷад). Дар атоми бисёрэлектрона, бар хилофи атоми ҳидроген, энергии ҳолатҳо на танҳо ба n, балки ба ℓ низ бастагӣ дорад. Электронҳое, ки вобаста ба қиматҳои n ва ℓ энергии баробар доранд, қабати электронии алоҳида ташкил медиҳанд. Ин электронҳо «электронҳои ҳамгун» ном гирифтаанд. Барои онҳо қиматҳои mℓ ва mS гуногунанд. Бинобар ин адади электронҳои ҳамгун gℓ = 2(2ℓ + 1) = 2, 6, 10, 14, …мебошад. Барои n-и додашуда электронҳо қабате ташкил мекунанд, ки он аз зерсавия (зерқабат)-ҳои ℓ = 0,1, 2, …, n–1 (мувофиқан бо ҳарфҳои лотинии s, p, d, f ва ғайра ишорат мешаванд) иборат аст ва 2n2 электрон дорад. Ин қабатҳо бо К, L, M, N, O, P ва Q ишорат шудаанд (ниг. Ҷадвали 1). Барои он ки «суроға»-и дақиқи зерсавия муайян бошад, пеш аз ҳарфҳо қимати n навишта мешавад. Масалан, рамзи ҳолати асосӣ ё худ ҷойи электрони атоми ҳидроген – 1s1, ҳелий – 1s2, литий – 1s22s1, оксиген – 1s22s22p4, неон – 1s22s22p6, натрий – 1s22s22p63s1 аст. Ин ҷо рақамҳои да­раҷаи ҳарфҳо адади электронҳоро дар зерсавияи додашуда нишон медиҳанд. Энергияи бандиши электрон дар атом бо афзоиши n ва барои n-и додашуда бо афзоиши ℓ кам мешавад. Сабаби даврӣ будани хусусиятҳои унсурҳои кимиёӣ низ шабоҳати савияҳои электронии берунӣ мебошад. Масалан, атомҳои хунсои филиззҳои ишқорӣ – литий (1s22s1) (ба истиснои аргон – Ar (Ne)3s23p6), калий – К (Аr)4s1, рубидий – Rb (Kr)5s1, сезий – Cs (Xe)6s1, франсий – Fr (Rn)7s1 низ ба монанди натрий дар савия (қабат)-и берунии худ яктоӣ s-электрон доранд, ки сабаби шабоҳати хусусияти кимиёвии онҳо маҳз ҳамин аст. Оғози пуршавии ҳар қабат ба ин ё он филиззҳои ишқорӣ рост меояду қабати пурэлектрон ба атомҳои газҳои инертӣ. Қабати ба ҳаста наздиктарин ва бо он сахталоқамандтарин К-қабат мебошад. Он аз як савия (ℓ = 0) иборат аст ва дар ҳолати пурӣ ҳамагӣ ду электрон дорад. Электронҳои қабати берунӣ бо ҳаста алоқаи нисбатан суст доранд ва бинобар ин, бо муҳити атроф, яъне бо атомҳои ҳамсоя, майдонҳои магнитию электрикии берунӣ таъсири мутақобили назаррас мекунанд. Қариб ҳама хусусиятҳои атом бо сохтори қабати берунии электронӣ, ки «қабати валентӣ» ном гирифтааст, муайян мешаванд. Асари сохтори қабатҳои электронии дарунӣ ба хусуси­ятҳои атом фақат ҳангоми таъсири мутақобили он бо зарраҳои баландэнергӣ зоҳир мегардад. Тайфи рентгении атом ва пароканиши зарраҳои баландэнергиро аз атом ҳамин таъсироти мутақобил муайян мекунад. Ҳангоми ба ҳам наздик шудани ду атом байни онҳо (ё байни электронҳои қабатҳои берунии онҳо) таъсироти мутақобили электро­ста­тикии қавӣ пайдо мешавад, ки боиси ба вуҷуд омадани бандҳои кимиёӣ мегардад. Дар натиҷаи таъсироти мутақобили ду атоми аз якдигар нисбатан дур онҳо ҳам­дигарро кутбӣ мекунанд. Атом дар майдонҳои электрикии берунӣ ё бо таъ­сири майдони электрикии мавҷи рӯшноӣ (мавҷи элек­тромагнитӣ) низ қутбнок шуда метавонад. Дар ин маврид бузургии қутбиши атом ба басомади мавҷи рӯшноӣ вобаста аст. Атомҳое, кӣ дар қабати валентии худ ба миқдори баробар электрон доранд, дорои хосиятҳои кими­ёии яксон мебошанд ва дар ҷадвали унсурҳо ба як гурӯҳ мансубанд. Бар замми ин, ин гуна атомҳо хусусиятҳои магнитии якхела доранд. Гаштовар (момент)-и магнитии атом ба гаштовари механикии он вобаста аст. Барои атомҳое, ки қабатҳои электронии берунии пур доранд (ин сохтори атомҳои газҳои инертиро мемонад), ҳам гаштовари магнитӣ ва ҳам гаштовари механикӣ баробари сифр мебошад (атомҳое, ки қабати электронии онҳо комилан пур нест, «атомҳои парамагнитӣ» ном гирифтаанд ва гаштовари магнитии онҳо доимист). Дар майдони магнитии берунӣ ҳамаи атомҳо дорои хусусиятҳои диамагнитӣ (ба сабаби ба вуҷуд омадани гаштовари магнитии илқошуда (индуксияшуда) мегарданд. Ба қадри аз қабати электро­нии берунии атом пай дар пай дур кардани электронҳо хусусиятҳои он тағйир меёбад – дар ин сурат масалан, қобилияти қутбишавандагии атом кам, вале басомади гузаришҳои оптикӣ зиёд мешавад.