Top 10 similar words or synonyms for ҳамид

ҳомидов    0.978324

шарофиддин    0.976640

саъдулло    0.969040

холиқов    0.967978

эргашев    0.967638

азимов    0.966773

мансуров    0.966696

тоҳиров    0.966415

назриев    0.965644

анвар    0.965585

Top 30 analogous words or synonyms for ҳамид

Article Example
Ҳамид Мансуров Муаллифи беш аз 900 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 18 монография дар соҳаҳои гастроэнтрология (гепатология, кардиология, гематология, нефрология, пулманология). Роҳбари илмии 80 рисолаи номзадӣ ва 18 рисолаи докторӣ мебошад.
Ҳамид Мансуров Ҷонишини Раиси Ҷамъияти илмии умумииттифоқии гастроэнтрологҳо (ҳоло – Ассотсиатсияи байниминтақавии гастроэнтрологҳо (аз с. 1969), муовини раиси Ҷамъияти илмии умумиит. терапевтҳо, раиси комиссияи назди Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон оид ба омӯзиши захираҳои дорувории ҶТ (аз с. 1973), узви фахрии Ассотсиатсияи гастроэнтрологҳои Венгрия (1974) ва Булғория (1977), котиби генералии Ташкилоти умумиҷаҳонӣ оид ба ҳолати қаблии саратони меъда (1976), узви вобастаи Ассотсиатсияи гастроэнтрологҳои Полша (1976), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои “Ахборот”-и Академияи илмҳои Тоҷикистон, “Центрально - азиатский медицинский журнал, “Терапевтический архив”, “Клиническая медицина”, ЭСТ, Энсиклопедияи Калони Тиббӣ (нашри сеюм, бахши гастроэнтрология), котиби генералии Созмони умумиҷаҳонӣ оид ба омӯзиши ҳолати меъда дар арафаи бемории саратон. Дар конгрессу симпозиумҳои байналхалқии гастроэнтрологҳо, ки дар Полша (1964), Япония (1966), Англия (1967), Чехословакия (1968), РДГ (1969), Дания (1970), Венгрия (1971; 1976), Фаронса (1972) баргузор шуда буд, иштирок кардааст. Барои силсилаи лексияҳо оид ба гепатология дар Акададемияи тибби Хитой сазовори дипломи “Барои фаъолияти академӣ” ва медали Вазорати тандурустии Хитой гаштааст.
Ҳамид Мансуров Ҳамид Мансуров (20 декабри соли 1925 ш. Самарқанд) - 25 августи соли 2013 ш. Душанбе), терапевт-гастроэнтеролог. Саргастроэнтрологи Вазорати нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон. Узви вобастаи (1961), узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1978), доктори илми тиб (1958), профессор (1961), Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1976), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1981), Ҷоизаи ба номи E.Н. Павловскийи Академияи илмҳои Тоҷикистон (2003).
Ҳамид Мансуров • Исмоили Сомонӣ дараҷаи III (2005),
Ҳамид Мансуров Техникуми тиббии ш.Самарқанд (1942), Институти тиббии Самарқанд ба номи И.П. Павловро хатм кардааст (1947). Аспирантураи Институти терапияи АИТ СССР (1947-1950). Дар мавзӯи “Таъсири гормонҳои боҳовар ба холестернемияи гирифтори атеросклероз ва ба хурӯҷи атесклерози таҷрибавии холестеринӣ” (1950) рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Ассистент, дотсент, и.в. мудири кафедраи терапияи госпиталии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино(1951-1954), докторанти Институти терапияи АИТ СССР (1954-1958), ҳимояи рисолаи докторӣ дар мавзӯи “Тавсифи муқоисавии фаъолияти олии асаб ҳангоми баъзе бемориҳои узвҳои дохилӣ” (1958). Мудири кафедраи терапияи госпиталии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1958-1975), ҳамзамон директори Институти тадқиқоти илмии тибби кишварӣ, ки минбаъд ба Институти гастроэнтрологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон табдил дода шудааст (1962-2000). Раиси комиссияи проблемавӣ оид ба омӯзиши захираҳои гиёҳҳои табобатии Тоҷикистон (1981-1991), узви Шӯрои илмии АИ СССР оид ба физиологияи инсон ва ҳайвонот (1987), ноиби Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1990-1995), асосгузор ва сармуҳаррири маҷаллаи махсуси “Проблемы гастроэнтрологии” (1990). Аз с. 2000 то вафоташ – профессори фахрии Институти гастроэнтрологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон.