Top 10 similar words or synonyms for экзогенӣ

диск    0.940691

асабонӣ    0.936597

серарақӣ    0.936063

дастаро    0.934466

хушнамуд    0.934173

салла    0.933283

махрутӣ    0.932217

осебҳои    0.931286

ангина    0.930535

часпак    0.929535

Top 30 analogous words or synonyms for экзогенӣ

Article Example
Авитаминоз Авитаминоз экзогенӣ ва эндогенӣ мешавад. Авитаминози экзогенӣ зимни истеъмоли хӯрокҳои беғизо ба вуҷуд меояд. Сабаби авитаминози эндогенӣ асосан бемориҳои сироятӣ мебошанд, ки ҳазми витаминҳоро дар организм халалдор месозанд. Норасоии витамин хусусан ба занҳои ҳомила, кӯдакон ва ашхосе, ки ягон бемориро аз сар гузарондаанд, зиён дорад.
Искандаркӯл Пайдоиш ва ташаккулёбии Искандаркӯлро мо дар рӯй додани ҷараёнҳои дохилии замин, мавҷҳои палеосейсмикии 8-9 балла, зарбаҳои зеризаминӣ (таркишҳо) ва экзогенӣ лағжиш (ярч) ва селу селравиҳо, фурӯғалтҳо аз ҳисоби боришоти аз меъёр зиёд, обҳои зеризаминӣ, ки дар давру замонҳои гузаштаи геологӣ ҷой доштанд ба атроф паҳн гардида чун «оташ ба бензин» сабаби асосӣ мебошад.
Аккумулятсия Аккумулятсия (лотинӣ acccumulatio – зам шудан) — замшавии таҳшинҳо, седиментатсия, раванди ҷамъ шудани моддаҳои минералӣ ва органикӣ дар хушкӣ ва зери об. Аккумулятсия аз ҳаракати обҳои равон, бод, пирях ва омилҳои геологии дигар пайдо шуда, аккумулятсияи обӣ, пиряхӣ, бодӣ (эолӣ) ном мегирад. Аккумулятсия дар доманаи теппаҳо, водиҳо ва дигар шаклҳои андозаҳояшон гуногуни манфии релйеф: аз чуқурии хурд то пастхамиҳои калони пайдоишашон тектоникӣ ба вуҷуд меояд ва қабати ғафсро ташкил дода, тадриҷан ба ҷинсҳои таҳшинии кӯҳӣ мубаддал мешавад. Аккумулятсия дар қаъри уқёнус, кӯл ва обанбор раванди муҳимтарини экзогенӣ мебошад.
Аллергия Баъзе аллергенҳо ба организм аз берун ворид шуда (экзогенӣ), баъзеи дигар дар худи организм ташаккул меёбанд (эндогенӣ ё аутоаллергенҳо). Аллергенҳои экзогенӣ ду хеланд: ғайрисироятӣ (гарду чанги хона, пашми ҳайвонот, дору, моддаҳои химиявӣ, гарди растанӣ, хӯроквориҳои гӯштиву ширӣ ва наботӣ) ва сироятӣ (бактерияҳо, вирусҳо, занбӯруғҳо ва маҳсули фаъолияти онҳо). Дар сурати бори аввал ба организм ворид гаштани аллерген, таассурҳои ғайримуқаррарии аллергӣ рӯй медиҳанд. Он гоҳ ҳассосияти организм баланд намешавад, аммо худи аллерген моддаҳоеро ҳосил мекунад, ки онҳо ҳуҷайра, бофта ва узвҳоро иллатнок мегардонанд. Ба одам бештар таассурҳои махсуси аллергӣ хосанд. Таассурҳои аллергӣ аз рӯи вақти падидоӣ ду хел мешаванд: бетаъхир ва суст. Баъд аз 15 – 20 дақиқаи ба бемор таъсир расондани аллергени махсус дар пӯст ва узвҳо таассурҳои аллергӣ ба амал меоянд, ки онҳоро, одатан, таассурҳои бетаъхир мегӯянд. Обилаи пӯст, ихтилоҷ (спазма)-и бронхҳо, ихтилоли кори меъдаю рӯда, садамаи анафилаксӣ, поллинозҳо, саглес, зиқи нафас, бемории зардоб ва обварам (обварами Квинке) аз ҷумлаи таассурҳои аллергии бетаъхиранд. Таассурҳои сусти аллергӣ, одатан, пас аз чанд соат ё шаборӯз авҷ мегиранд. Бемориҳои пӯст, ки дар коргарони саноати химия, дорусозӣ, кормандони тиб, инчунин ҳини ҳассосияти организм ба бактерияҳо мушоҳида мешаванд (масалан, ҳангоми сил, брутселлёз, манқагӣ, туляремия ва ғайра), таассурҳои сусти аллергӣ мебошанд. Аллергия метавонад дар ҳама ҳолатҳои тамоси организм бо аллерген инкишоф наёбад. Дар пайдоиши он ирсият, ҳолати системаи асаб ва системаи эндокринӣ мақоми муайян доранд. Муқаррар кардаанд, ки агар волидайн гирифтори поллинозҳо, садамаи анафилаксӣ, зиқи нафас (шакли ирсии он), баъзе намудҳои зукоми аллергӣ бошанд, пас дар бештар аз 70%-и кӯдакони онҳо бемориҳои аллергӣ инкишоф меёбанд; дар оилаҳое, ки яке аз волидайн бемор аст, то 56%-и кӯдакон ба амрози аллергӣ гирифтор мешаванд.