Top 10 similar words or synonyms for шафеӣ

шаҳриёри    0.884970

терминҳои    0.884281

компутерӣ    0.882192

пахту    0.882050

таъбироти    0.880743

хондаанд    0.878214

занди    0.874362

кириллӣ    0.869871

бадахшонӣ    0.868766

мегуфтааст    0.867457

Top 30 analogous words or synonyms for шафеӣ

Article Example
Шафеии Кадканӣ Устод Шафеии Кадканӣ афзун бар шеъру шоирӣ дар заминаҳои нақди адабӣ, сабкшиносӣ ва ирфони эронӣ пажӯҳишҳои бисёр арзандае дорад ва низ осори арзандае тарҷума намудааст. Шеъри доктор Шафеӣ аммо бозтобе нобу пок аз сиришти зебо ва полудаи табиат аст. Ӯ низ чун Нимо овози паррандагон, лолоии дарахтон, ғавғои боду борон, насими баҳорон ва ҷӯйборон ба гӯши вожаҳо наҷво кунад. Аз сӯе низ устод Шафеӣ решаҳои асотиру таърих ва мавориси фарҳангии Эронзамин ва Хуросони бузургро дар ҷой-ҷойи ашъораш ҷо медиҳад ва бо таваҷҷуҳ ба мутолиоти амиқу дақиқе, ки дар заминаи шеъру адаби ҷаҳон дорад ба ёдоварӣ ва бозофаринии арзишҳои дерина ва арзишманду гаронбаҳои адабиёти бостон рӯй меоварад ва бо забону баёне сода ва самимӣ ва баҳрагирии усулӣ ва илмӣ аз фанни шеъру орияҳои адабӣ ашъори нағзу пурмағзе меофаринад, ки бар дилу ҷонҳо менишинад.
Шафеии Кадканӣ Доктор Шафеи аз навҷавонӣ шеър месуруд ва ашъораш дар нашриёти Хуросон бо тахаллуси "М. Сиришк" чоп мешуд ва бо ҳамкории дӯсту ҳамшаҳраш М. Озарм, ки ӯ низ шоир буд, дар Машҳад анҷумани адабӣ ташкил дод ва ба тавзеҳу тафсири шеъри Нимо ва сабки Нимо пардохт. Доктор Шафеӣ баъд аз омадан ба Теҳрон бо зиндаёд Ахавони Солис, Ҳушанги Ибтиҳоҷ ва доктор Исмоили Хӯӣ ва Имоди Хуросонӣ нишасту бархостҳои мутааддиде дошт. Вай дар соли 1990 бинобар даъвати хонаи фарҳанги ҷаҳон, ки дар Олмон баргузор шуд ба ҳамроҳи Аҳмади Шомлу ва Ахавони Солис ба он кишвар сафар намуд ва чанде баъд бо даъвати донишгоҳҳои Оксфорди Инглисон ва Пристони Амрико ва донишгоҳҳои Япония ва барои тадрис ва суханрониҳо ва пажӯҳиш ба он кишварҳо сафар намуд ва байни солҳои 1974-1978 дар донишгоҳҳои Ню-Йорк ва Пенсилванияи Амрико тадрис намуд.
Шафеии Кадканӣ Дар осори аввалияи Шафеӣ таъсирпазирӣ аз Ахавони Солис ва Ҳушанги Ибтиҳоҷ ба чашм мехӯрад (аввалин маҷмӯаи шеърии ӯ "Шабхунӣ", 1965), аммо рафта-рафта худ ба забоне мустақиле расид ва аз ҷумлаи шоирони муваффақ ва муассири шеъри нави иҷтимоӣ ва символии нимоӣ гардид. Ва бо забоне нарму намодин, иапанда, тавсифӣ - тавъам бо мояҳои мулоиму асили хуросонӣ гарояд ва аз лиҳози фикрӣ низ шеъраш дар хидмати арзишҳои инсонӣ, озодӣ ва озодихоҳӣ гардид. Дар ниҳоят метавон гуфт чанд вижагии умдаи шеъри М. Сиришкро ҳувият ва имтиёз мебахшад: 1. Гироиш ба суннатҳои адабии Эрону ислом ба гунае, ки роиҳае аз фарҳехтагӣ ва пуштувонаи фарҳангиро дар шеъри худ инъикос медиҳад ва ин устуворӣ ва инсиҷоми суннатӣ дар забону қолаби шеъри ӯ ошкор аст; 2. Навъе вафодорӣ ба вазну мусиқӣ: ин вижагӣ, ки зотии ашъори ӯст, ҷанбаҳои ҳамосии шеъри ӯро рангу бӯи хосу шоирона мебахшад; 3. Баҳрагирӣ аз донишҳои адабӣ ва осори манзум ва мансури Эрону ҷаҳон ва нишондани порае аз андешаҳо ва мафоҳими наву модерн дар шеър; 4. Таъсирпазирӣ аз муҳити табии Хуросони бузург ва инъикоси он дар ашъор (чунон ки яке аз китобҳояш ба номи "Бӯи ҷӯӣ Мӯлиён аст").
Боғдорӣ Феълан дар ҷумҳурӣ зиёда аз 25 ҳазор хоҷагиҳои деқонӣ мавҷуд аст, ки як қисми онҳо ба боғдорӣ машғуланд (2012). Хоҷагиҳои фермерии боғдорӣ асосан дар ноҳияҳои вилояти Суғд, водии Ҳисор, водии Рашт ва минтақаҳои Кӯлоб ҷойгиранд. Анвои меваҷоти Тоҷикистон аз ҳисоби навъҳои таҳҷоӣ ва дигар кишварҳо тадриҷан меафзояд. Ҳоло (2012) дар ҷумҳурӣ 11 навъи анор (Шириндона, Сурханор, Нордон, Қазоқианор, Туршдона, Шайнакӣ, Ҳисорӣ, Сафеддона ва ғайра), 6 навъи анҷир (Зарди самарқандӣ, Ноканҷир, Кадота, Сиёҳи ҳисорӣ, Қримии 43 ва ғайра), 6 навъи биҳӣ (Фаровонӣ, Самарқандии калонмева, Турш биҳии бухороӣ, Нордон ва ғайра), 9 навъи бодом (Каҷак бодом, Сангбодом, Қоғотаки ялтагӣ, Дрейк ва ғайра), 6 навъи гелос (Сарви субҳонӣ, Гулобиранги маҳаллӣ, Аштархо нӣ, Негретянка ва ғайра), 13 навъи зардолу (Аҳрорӣ, Бобоӣ, Исфарак, Кӯрисодиқӣ, Мирсанҷарӣ, Рухи ҷавонон, Субҳонӣ, Хурмоӣ, Паррак, Қандак ва ғайра), 15 навъи нок (Ноки ғармӣ, Ноки ворухӣ, Дилафрӯз, Бере Боск, Вилямс, Кулӯланок, Шӯрнок, Мурӯд ва ғайра), 9 навъи олу (Кӯксултон, Сиёҳолу, Заролу, Венгерка, Пионерка ва ғайра), 6 навъи олуболу (Ховалингӣ, Самарқандӣ, Гриот, Испанкаи сиёҳ ва ғайра), 17 навъи себ (Хубонӣ, Маликӣ, Себи сур-хи понғозӣ, Шоҳмахмурӣ, Пахтасеб, Ҷонатан, Ҳосилдор, Ренет Симиренко, Старкримсон, Розмарини сафед, Голден грайм, Голден делишес ва ғайра), 7 навъи хурмо (Хиакуми, Гошогакӣ, Зенҷи Мару, Вахш, Тоҷикӣ, Шарқӣ, Ҳисорӣ ва ғайра), 9 навъи унноб (Вахш, Финик, Ҳисорӣ, Ҷанубӣ ва ғайра), 15 навъи шафтолу (Анҷиршафтолуи сурх, Лола, Норанҷӣ, Равғани гов, Элберта, Луччаки сурх, Сафедшафтолу, Фарҳод, Чемпион, Старт ва ғайра), 5 навъи тут (Балхитут, Бедонаи тоҷикӣ, Марворидак, Сафеди бедона, Шоҳтут), 2 навъи санҷид (Қандак, Нонҷигда), 5 навъи лиму (Мейер, Вилла франк, Лиссабон ва ғайра) парвариш карда мешавад. Дар ҳаётаи аҳолӣ бештар аз 500 анвои меваи таҳҷоӣ мавҷуд аст, ки ба гурӯҳи навъҳои стандартии Тоҷикистон дохил нестанд. Минбаъд дар назар аст, ки дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ навъҳои нави зардолу (Аҳрорхоҷагӣ, Аҳмадӣ, Зарафшонӣ, Олимӣ, Хуҷандӣ ва ғайра), шафтолу (Гулдор, Равшан, Сунбулӣ ва ғайра), нок (Рухи дилбар), анор (Бедонаи тоҷикӣ) ва себ (Шафеӣ, Рахшсеб) парвариш карда мешаванд. Соҳаи дигари боғдорӣ ситруспарварӣ аст. Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли лиму дар собиқ ИҶШС ҷойи аввалро ишғол менамуд. Масоҳати рустаниҳои ситрусӣ зиёда аз 250 га буда, бештарин қисми он дар хоҷагиҳои водии Вахш ҷойгир аст. Имрӯз дар 50 хоҷагии деҳқонии ҷумҳурӣ лиму мепарваранд. Аз ҳар га лимузор ба ҳисоби миёна 100–180 сентнер ҳосил ғундошта мешавад; 95 дарсади лимуи Тоҷикистонро ноҳияҳои водии Вахш истеҳсол мекунанд (2012).