Top 10 similar words or synonyms for шарафаҳои

чизҳоро    0.939423

дармонӣ    0.938658

гала    0.933644

болхои    0.932876

бандакҳои    0.926587

алафхӯр    0.923932

disc    0.922269

сарашон    0.920974

бӯҳронии    0.920902

кофеин    0.920668

Top 30 analogous words or synonyms for шарафаҳои

Article Example
Мақбараи Холбойқаро шарафаҳои бодбонӣ такя мекунад, ки чунин услуб аз
Мақбараи Махдуми Аъзам Толори мураббаи гунбазии зиёратхона аз ҳисоби чаҳор тоқи васеъ тавсеа ёфтааст. Гӯрхона аз ғарбу шарқ ба зиёратхона даромадгоҳҳо дорад. Гунбази гӯрхона ба шарафаҳои бодбонӣ, ки байнашон тоқҳо доранд, такя дорад. Ҳошияҳои барҷаста шарафаҳо ва тоқҳоро мавзунӣ бахшидаанд, ки чунин услуб дар дигар меъмориҳои Осиёи Миёна мушоҳида намешавад. Баъдтар (худи ҳамон аср) аз ғарб боз ян гӯрхонаи гунбаздори дигаре бо ҳамин шаклу андозаи зиёратхона сохта шуд, вале генбазаш ба равоқҳои ҳашттарка такя надошта, чун зиратхона ба ҷуфтпулҳои равоқии гӯрхона такя мекунад, ин тарзи ҷадид дар меъмории асрҳои 15 – 16 ривоҷ гирифта буд. Чунин усул имкон медод, ки қутри гунбазҳо хурд ва маркази вазнинии бино кам гардад.
Масчиди Навгилем Масҷиди Навгилем, ёдгории меъмории асри 16 дар деҳаи Навгилеми шаҳри Исфара. Шабеҳи масчидҳои «Намозгоҳ». Аз толори гунбазпӯш в аду айвони равоқбанди иборат аст (айвони паҳлӯи чап хароб гаштааст). Даромадгоҳи толор бо пештоқ оро ёфта, худи он аз ҳисоби чор ток васеъ шудааст. Токи тарафи даромадгоҳ то андозае чуқур аст, ки дар назари аввал чун долони равоқпӯш менамояд. Гунбаз ба шарафаҳои ғайриоддӣ такя мекунад. Се ҷуфт шаҳсутуни хиштии айвон токҳо дошта, боми онро, ки ба шаш сархонаи гунбазпӯш тақсим шудааст, нигоҳ медоранд. Ин тарзи масчидсози дар санъати меъмории халқҳои Осиёи Миёна бисёр дучор меояд, вале Масчиди Навгилем бо айвонҳои равоқбандии хеле чуқураш фарқ мекунад. Асри 19 дар шафати он мадраса ва соли 1909 дар рӯ ба рӯяш манора бино ёфт.
Мадрасаи Шердор Мадрасаи Шердор - ёдгории меъморй дар Регистони Самарқанд. Солҳои 1619—1635 бо фармони сардори хонадони хонҳои узбек Олчин Ялангтуш Баҳодур дар рӯбарӯи Мадрасаи Улуғбек сохта шуда, аз рӯи банду баёт ва хусусан намой пеш ба он шабоҳат дорад. Накшунигори коши пештоқ бо тасвири офтоби нурафшони ба рӯи инсон монанд ва шери ба РИЗОЛ хамлавар (аз ин чост, ки Мадраса номи «шер-дор»-ро гирифтааст) чолиб аст. Меъморон нусхабардорй накарда, бандубасти дохили иморатҳо аз ҳам фарк кунонидаанд. Хавлии чор суи Мадрасаи Шердорро чор айвони барҳаво иҳота кардааст. Ин айвонҳо бо нимгунбазҳои ба шарафаҳои сипаршакл такьякунанда пушонида шудаанд. Кошиву хотамкориҳои М. Ш. аз ороишоти диг. ёдгориҳои ин давр гуётару чузъҳои накшунигораш даман калонтар буда, бештар шаклҳои хандасй ва мунаббатй истифода шудаанд. Девори айвонҳо саросар наккошй гулпартой шуда, чо-чо катибаҳо зебо сабт гардидаанд. Девори кафои иморат дар ду кунчаш гулдастаи пасту ғафс дорад. Дар яке аз катибаҳо номи офарандагони мадраса Абдучаббори Меъмор ва Муҳаммадаббоси Накош сабт гардидаанд. Мадрасаи Шердор дар ҳифзи давлат аст.
Мақбараи Баёнқулихон МАҚБАРАИ БАЁНҚУЛИХОН - ёдгории меъморӣ дар Бухоро (нимаи дуюми асри 14). Намунаи нодири услуби нави санъати меъмории миллй. Бинои росткунҷаест, ки аз зиёратхона ва гурҳоиа иборат буда, дар болои пойдевори хеле [баланд (холо зери хок мондааст) сохта шудааст. Мақбараи Баёнқулихон муҷаз ва боҳашам аст. Намой шаркй ва асосии иморатро пештоқи мунақкаш хеле зебо оро додааст, ки дар ду гушааш гулдастаҳои хурд дорад. Биной чорсуи зиёратхона гунбазпуш буда, гунбазаш ба шарафаҳои мукарнаси такя мекунад. Дарунтар гурхона вокеъ аст. Девори ду пахлуи бино ниҳоят рафс буда, дар мобайнаш долони такт дорад (максади сохтани ин долон то ҳол маълум нест). Мақбараи Баёнқулихон бо ороишоти беҳамтояш дар байни ёдгориҳои меъморй чои намоёлро ишгол мекунад. Сар то сари дсворхо аз косаи гунбази зиёратхона бо сафолакҳои рангоранг кошикорн шудааст. Кошикориҳои ин чо аз намуиаҳои пешина бо он фарк. мекунанд, ки инхо аз порчаҳои яклухти калони хамвор ё барчаста чида шудаанд. Кандакориаш хеле мураккаб буда {гирех, ислими), рангҳои фируза, кабуд, сафед вз бунафш мохирона истифода шудаанд. Деворҳои гурхона низ кошикорист. Бисьёр чои ороишот ва гунбаз хароб шудааст. Дар давраи советй Мақбараи Баёнқулихон таъмир гардид.