Top 10 similar words or synonyms for шайхурраис

абӯнасри    0.908186

самараҳои    0.903310

ҳикмату    0.900831

муси    0.900337

соваҷӣ    0.893620

абунасри    0.892175

харақонӣ    0.890813

хондамир    0.890296

мардумию    0.888598

фароҳӣ    0.887578

Top 30 analogous words or synonyms for шайхурраис

Article Example
Абӯалӣ Сино Абӯалӣ то 18-солагӣ тамоми донишҳои расмӣ ва ғайри расмии замони худро фаро гирифта, пешсафи бузургтарин олимони маъруфи давр эътироф гардид. Шайхурраис худ эътироф мекунад:
Абуабдуллоҳи Маъсумӣ Шогирди Ибни Сино. Илмҳои замонаашро дар зодгоҳаш аз худ карда, пас аз шиносоӣ бо Ибни Сино донишу маҳораташро назди ӯ такмил дод. Ибни Сино дар бораи Абуабдуллоҳи Маъсумӣ гуфтааст, ки ӯ дар назди ман бад-он мақомест, ки Арасту дар назди Афлотун буд. Абуабдуллоҳи Маъсумӣ дар илмҳои табииёт, илоҳиёт ва фиқҳ дониши амиқ ва ҳарҷониба дошт. Пас аз вафоти Ибни Сино ӯ дар Исфаҳон ба таълиму тарбия машғул шуда, шогирдҳои бисёреро ба камол расондааст. Аксари муҳаққиқон мӯътақиданд, ки вақте Берунӣ ба Ибни Сино 18 савол фиристод, Шайхурраис ҷавоби он саволҳоро ба ихтиёри Абуабдуллоҳи Маъсумӣ вогузоштааст. Абуабдуллоҳи Маъсумӣ масъалаҳои мухталифи ҳикмати назарӣ ва амалиро таҳқиқ карда, асарҳои бисёре таълиф намудааст.
Садриддин Айнӣ Устод Айнӣ, дар баробари фаъолияти адабӣ, бисёр асарҳои пурқимати илмӣ ҳам таълиф намудааст, ки «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (Тошканд, 1923), «Материалҳо оид ба таърихи Инқилоби Бухоро» (Маскав, 1926) ва чандин мақолаву очерки тадқиқотӣ намунаи онҳостанд. Соли 1934 асари пурарзишро дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»- и ӯ ба анҷом мерасонад. Ҳамин тавр, пайдарҳам асарҳои «Шайхурраис Абуалии Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рудакӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва амсоли инҳоро ба табъ мерасонанд. Устод дар асарҳои хеш бисёр масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашудаи ҳаёту эҷодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурҳонҳои қотеъ ҳал менамояд. Чунончи, солҳои тӯлонӣ доир ба бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти эҷодии Абулкосим Фирдавсӣ, чи дар байни муаллифон сарчашмаҳо ва чи дар байни шарқшиносони шӯравиву хориҷӣ фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавчуд буданд. Аксарияти онҳо ривоятҳои афсонавиро ҳамчун факту далелҳои эътимодбахш қабул намуда, ба ғалатҳо роҳ дода буданд.
Қутбуддини Шерозӣ Қутбуддини Шерозӣ шахси донишманд, шоир, навозанда, донандаи машҳури мусиқии назарӣ буда, таълифоти мусиқии Форобӣ (875-950), Ибни Сино (980-1037), Сафиуддини Урмавӣ (1224-1294) ва диг.-ро хуб омӯхта, роҷеъ ба нуктаҳои таҳқиқии онҳо ибрози назар намудааст. Асарҳои «Қонун», «Ишорат», «Китобу-л-наҷот», Китобу-ш-Шифо»-ро ҷиддан мутолиа намуда, тавзеҳоти ҷолибе дар иртибот ба масоили мусиқии Ибни Сино баён кардааст. Қутбуддини Шерозӣ дар асараш «Ҷомеъу-л-усул» баробари дигар масоили илм оид ба махсусиёти бадеию зебоишиносии шеъру мусиқӣ ҳам нуктаҳои муҳим баён намуда, ин мавзӯъро дар асли мусиқии «Дуррат-ут-тоҷ ли ғуррат-ид-Диббоҷ» («Дар илми мусиқӣ») такмил додааст. Дар асари дигараш «Тӯҳфаи Шоҳӣ» ҳам баробари дигар мавзӯот сухан аз таркиботи созу овоз, ҳамоҳангии шеъру мусиқӣ ба миён оварда, андешаҳои таҳқиқии Форобӣ, Ибни Синоро тақвият дода, дар иртибот ба тавзеҳоти Сафиуддини Урмавӣ хулосаҳои тозаи таҳлилӣ ворид кардааст. Қутбуддини Шерозӣ таркиботи мусиқиро асосан дар «Дур-рат-ут-тоҷ…» возеҳтар баён намуда, ин асарро дар пайравии «Китобу-ш-Шифо», «Донишнома»-и Ибни Сино нигошта, аз ин хотир дар ҷараёни таҳқиқи таркиботи мусиқӣ ӯ ба Шайхурраис истиноди зиёд оварда, дар тақвияти нуктаҳои таҳлилиаш (махсусан масоили бадеию зебоишиносии созу овоз) ба хулосаҳои тоза комёб шудааст. Қутбуддини Шерозӣ дар бахши мусиқии «Дуррат-ут-тоҷ…» (аз муқаддима, 5-мақола), мавзӯоти муҳими мусиқӣ: савт (маънии он аз нигоҳи илмӣ ва амалӣ), баёну тавзеҳоти назарии Форобӣ, Ибни Сино, Сафиуддини Урмавӣ бо диди нави таҳлилӣ баррасӣ шуда, ба эроду хулосаҳои муфассирони осори мусиқии ин донишмандон ҷавоби саҳеҳ додааст. Нуктаю тавзеҳоти Қутбуддини Шерозӣ роҷеъ ба фосилаҳо (абъод), усули истихроҷ, моҳият ва усули дақиқи эҷоди фосила, таносуби байни фосилаҳо, анвои он (муттафиқ, танофур), фосилаҳои матбӯъ ва ғайриматбӯъ, изофати фосилаҳо аз якдигар, тақсими онҳо, тавсифи ҷамъу ҷинс (қаторовозҳо), баёни нисбати байни ҷамъу ҷинс, тавсифи созҳои мусиқӣ дар мисоли уд (нақши ин соз дар эҷоди пардаҳои асосӣ – мақомҳо, таркиботи он: 12-мақом, 6-овоза, 24-шӯъба ва ғ.), зарб (усул) ва таркиботи зарбӣ, табақабан-дии зарб, кайфияти зарбӣ дар мусиқӣ, шарҳи зарбҳои маъмул, тақсими замонҳои зарбӣ, дарки таркиботи зарбӣ, ҳамсонии шеъру мусиқӣ (арӯз ва мусиқӣ, саҳми эрониён дар танзиму муназзамоти зарбӣ) ва ғ. аз масоили умдаи бахши мусиқии «Дур-рат-ут-тоҷ…» буда, бисёр нуктаҳои тоза дар иртибот ба ин таркиботи мусиқӣ баён шудаанд. Ан-дешаҳои пажӯҳишӣ, таҳлилии Қутбуддини Шерозӣ оид ба сози мусиқии «сато», ки бори аввал дар таърихи му-сиқии мардумони эронӣ ба риштаи тавзеҳ омада-аст, ниҳоят муҳим буда, махсусиёти иҷроию эҷоди нағма (оҳанг) дар ин соз («сато») мӯҷаз, вале бисёр арзишманд аст. Нуктаҳои тафсирии Қ.Ш. дар иртибот ба 12-парда («Дувоздаҳмақом», таркибо-ти он) низ ҷолиб буда, дар бисёр ҳолот ӯ хулосаҳои Сафиуддини Урмавӣ (1224-1294) ва диг.-ро тасҳеҳи ҷиддӣ намуда, махсусан дар нисбати вожаю таъбирҳои мақомҳо, усули истихроҷашон дар созҳо (уд), махсусиёти савтӣ, бадеию зебоишиносӣ, таъ-сиромезии онҳо низ мушаххасу возеҳ аст. Сабки таҳқиқии Қутбуддини Шерозӣ донишномаӣ (энсиклопедӣ) буда, орӣ аз тавсифу баррасии тахайюлӣ, асотирӣ, динӣ ва фалакист. Усули таҳқиқи мусиқӣ аз дидгоҳи Қутбуддини Шерозӣдонишӣ (маърифатӣ, расионалистӣ) аст. Ӯ дар навиштаҳояш сабки таҳқиқии мусиқии Форобӣ, Ибни Синоро тақвият ва такмил дода, дар ҳар фасл, мақолаи бахши мусиқии «Дуррат-ут-тоҷ…» ва навиштаҳои дигараш пуштибонӣ намудааст. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки тавассути Қутбуддини Шерозӣ фаҳмиш, сабки таҳқиқии донишии мусиқӣ дар ассри 13-14 бо диди нави тавсифию пажӯҳишӣ рӯи саҳна омад ва муҳимаш ин ки донишҳои қомусии мусиқӣ ба забони форсии тоҷикӣ сурат гирифта ва дар асрҳои баъдӣ идома ёфт.