Top 10 similar words or synonyms for чармӣ

маймунҳо    0.937232

конструксияи    0.933126

андоваи    0.922913

сангҳоро    0.922504

тӯҳфаҳо    0.920425

торҳояш    0.920275

сӯҳон    0.917983

тафсон    0.915948

афидийҳо    0.915549

наъл    0.915306

Top 30 analogous words or synonyms for чармӣ

Article Example
Аргентина Корхонаҳои саноати химия, истеҳсоли кислотаи бор, дорусозӣ, чармгарӣ (аз ҷумла пойафзор ва либоси чармӣ) нассоҷӣ (матоъҳои пахтагӣ, пашмӣ, катонӣ), маҳсулоти бофандагии дастӣ ва ғайра фаъоланд. Аргентина дар минтақа бо неруи илмию техникӣ ва инкишоф додани технологияҳои нав фарқ мекунад. Шарикони асосии тиҷоратии Аргентина: Бразилия, ШМА, Хитой, Чилӣ, Голландия, Германия. Аргентина содиркунандаи машҳури маҳсулоти кишоварзӣ, автомошинаҳо, таҷҳизоти саноати хӯрокворӣ, коғаз, технология ва ғайра буда, узви Ассотсиатсияи интегратсияи Америкаи Лотинӣ аст. Соли 1991 байни Аргентина, Бразилия, Парагвай ва Уругвай оид ба таъсиси бозори ягона – Меркосур, ки барои додугирифти озод, ҳаракати бемамониати молу мавод ва хизматрасонӣ мусоидат мекунад, аҳднома ба имзо расидааст. Туризм низ дар Аргентина соҳаи тараққикарда аст.
Тӯмор Дар Мисри бостон баргҳои попирусро ба паҳноӣ бо ҳам мечаспониданд, ки он шакли навори дарозеро мегирифт ва рӯи он менавиштанд. Баъдҳо ин шакли китобат дар байни дигар миллатҳо низ мавриди истифода қарор гирифт ва дар давраҳои исломӣ вақте коркарди коғаз ба роҳ монда шуд, ба сабаби гунҷоиш ва дарҷи матолиби зиёд дар наворҳои тӯморӣ он ба авҷи ташаккул расид. Ин шакли китобат бо пешрафти саноати рангу коғаз боз ҳам равнақи бештар пайдо кард ва илова бар дабирхонаҳои давлатӣ, номанигорон ва мирзоҳо, гоҳе матолиби гуногуни дигаре низ, ба монанди мадҳияҳои адабӣ, наққошиҳои минётурӣ, дуову таъвизаҳо, афсӯнҳо ва рамзҳои сеҳрӣ низ дар коғазе ба шакли тӯмор навишта мешуданд. Дигаргунӣ дар муҳтавои навиштаҳои тӯморӣ дар давраҳои мутаахиртар то ҷое вусъат ва таҳаввул пайдо кард, ки дар адабиёти оммиёна он маънои таъвиза, дуо ва набиштаҳои рамзии диниро ба худ гирифт ва ҳамзамон шакли он низ ба коғази печидаи секунҷа ё чаҳоркунҷа тағйир ёфт. Агар ин набиштаҳои таъвизӣ ба шакли тӯмор дар қадим печида шаванд, онро дар адабиёти оммиёна ҳайкал мегӯянд. Тӯморҳо дар гузашта гоҳе бо порчаи зарифе аз берун муқавво карда мешуданд ё дар ғилофи чармӣ ва ё сандуқчаи чӯбӣ ё филиззие аз онҳо ҳифозат мешуд. Тӯморҳои таъвизӣ низ аксаран бо ҷилди чармӣ ё порчае муқавво карда мешаванд ва дар ҷое аз бадан, либоси тан, пештоқи хона ва ё ҷои дигаре мувофиқ бо мақсади гирандаи он овехта мешаванд.
Агра Агра — шаҳр дар қисмати шимолии Ҳиндустон, дар соҳили рости дарёи Ҷамнаи штати Уттар-Прадеш. Аҳолиаш 1686976 нафар (2010). Забони асосии гуфтугӯӣ – ҳиндӣ, инчунин урду ва панҷобӣ. Агра маркази бузурги нақлиёт ва саноати хӯрокворию косибӣ буда, дар он ҷо пойафзори чармӣ, матоъҳои пахтагӣ, маснуоти заргарӣ, сангҳои қиматбаҳои ороишӣ, санги мармар ва регсанги сурх, металлҳои ранга истеҳсол мешаванд. Агра комбинати ресмонресӣ, маркази сайёҳӣ, донишгоҳ ва аэропорт дорад. Аз ҳудуди Агра хати асосии роҳи оҳан Нию-Деҳлӣ – Мумбай мегузарад. Агра аз дер боз яке аз марказҳои сиёсӣ ва фарҳангии мусулмонони Ҳинд будааст. Дар миёни муҳаққиқин роҷеъ ба маънии истилоҳи Агра ихтилофи назар аст.
Пошнакаш Пошнакаш василаест, ки кумак мекунад роҳаттар кафшро бипушем. Агар аз пошнакаш истифода накунем, мумкин аст пушти кафш хам шавад ва осеб бубинад. Агар пошнакаш баланд бошад беҳтар аст зеро боис мешавад бадин камтар хам шавад ва албатта ба андозаи кофӣ турид низ бошад то дар асар фишор хам нашавад. Пошнакашҳо дар анвоъи фулузӣ, чӯбӣ, чармӣ ёфт мешаванд. Албатта навъ фулузӣ беҳтар аст чун ба роҳатӣ лез мехурад ва ба ҷӯроб осеб намезанад дар натиҷа истифода аз он роҳаттар аст. Пошнакаш набояд хеле хаёлӣ ё хеле гуд бошад балки бояд анҳнои он дақиқан монанд анҳнои пушти по бошад.
Кордсозӣ Ҷараён ва усули сохтани корд чунин аст: тахтапӯлодро дар оташи қура сурх карда, болға кӯфта, ба шакли теғ медароранд. Ҳамин тавр, пӯлодро 3-4 бор дар оташ сурх намуда, бо болға кӯфта, дар об меандозанд, ки ин амалро «обутобдиҳӣ» меноманд. Тавассути обутобдиҳӣ зичии пӯлод сахт мешавад. Теғи ҳосилшударо нахуст дар чархи сангаш дағал, сипас дар санги маҳинтар, баъдан дар санги резинӣ (чармӣ) ва намадӣ (мӯйина) дошта, тунуктару ҳамвор мекунанд. Дастаи кордро аз устухон ва ё шохи ҳайвонот бурида, дар чарх ҷойҳои дағали онро ҳамвор намуда, мобайнашро барои гузаронидани дастаи теға мувофиқ мегардонанд. Дастаҳо ду хел мешаванд: яклухт (сухма), ки аз миёнаш сӯрох мекунанд ва дукафон (ёрма) – аздутарафи даста ду устухонро бо мехи мисин пайванд менамоянд. Дар қисми болои даста қолаберо омода карда, ба он нуқра, биринҷ, сурб ё маъдани дигареро гудохта, мерезанд. Онро бо сӯҳон соида, ба шакли гулӯбанд табдил медиҳанд. Сарбанди корд низ дар қолаб аз нуқра, сурб, биринҷ ва ғайра рехта мешавад. Баъзе сарбандҳо каҷ буда, барои аз даст наафтидани корд мувофиқ кунонда мешаванд. Гулӯбанду сарбанд аз дутарафи даста ҷой гирифта, дастаро аз ҷудошавӣ нигоҳ медоранд.