Top 10 similar words or synonyms for чакома

калимаҳову    0.946944

авзони    0.945345

тазкираву    0.932846

мақолот    0.931034

сувари    0.927454

тамсилӣ    0.926304

бедилӣ    0.925723

савту    0.924845

рангини    0.924627

фардиёт    0.924211

Top 30 analogous words or synonyms for чакома

Article Example
Шеър Шеър — суруда, чома ва ё чакома яке аз кӯҳантарин гунаҳои адабӣ ва шохаи аз ҳунар мебошад. Деҳхудо дар ёддоштҳои худ дар бораи шеър чунин менависад:«чакома, чағома, чома, нашид, низом, сухани манзум, қариз. Зоҳиран эрониёнро қисме суруд ё шеър буда ва худ онон ё араб онро «ҳанима» меномидаанд. Қадимтарин шеъри Эрон ки ба даст аст гатаҳои Зартушт мебошад, ки навъи шеъри ҳиҷоӣ маҳсуб мешавад.»
Бомшод Бомшод (с. тав. номаълум, Табаристон, с. ваф. 634, Тайсафун), сароянда, навозанда, мусиқидон ва шоири машҳури замони Сосониён (222-651), асри Хусрави Парвиз (592-628). Ҳунари сознавозию овозхониро дар зодгоҳаш омӯхта, сониян ба дарбори шоҳони Сосонӣ чун ромишвар хидмат кардааст. Бомшод аз ромишгарони замони Борбад буда, дар иҷрои осори мусиқии таронаҳои рустоӣ (рустак траник), фаҳлавиёт (паҳлавиёт), достонҳои таърихию ҳамосӣ, сурудҳои силсилаии ниёишӣ «Каркуӣ», «Лоскавӣ», «Уроманӣ» маҳорати баланд дошта аст. Бомшод дар инкишофи шаклу анвои шеърию мусиқии маъмули замонааш «тарона» (транак), «чакома» («чикомак»), «суруд» («срут»), «патвожа» ва ғ. нақши муассир гузошта, мусаннифи суруду оҳангҳои мавсимӣ-маросимии «Бомшодӣ», «Найрез», «Ашкана», «Тези Рост» ва ғ. аст. Дар адабиёти форсии тоҷикӣ тавсифи ӯ шуда:
Борбад Фаъолияти омӯзишӣ ва ҳунарандӯзиаш асосан дар Марв (Марвиҷаҳон), ки аз бузургтарин марказҳои фарҳангии замони Сосониён буд, ҷараён гирифтааст. Мувофиқи ахбори манобеи хаттии арабизабон, форсии тоҷикӣ, арманӣ (Ал-Ҷоҳиз, 775 – 818; Ибни Хурдбеҳ, ваф. 912; Масъудӣ, ваф. 957; Ибни Муқаффаъ, 721 – 757; Абдулфараҷи Исфаҳонӣ, 897 – 967 ва дигарон) хонаводаи Борбад тақрибан солҳои 588 – 590 ба ин шаҳр кӯчидааст. Сарвари ромишгарони дарбори шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз (592 – 628) Борбад асосҳои амалию назарии шеъру мусиқиро аз падараш, ки мусиқидону фарҳангии шинохтаи замонаш буд, омӯхтааст. Борбад аз овони ҷавонӣ аз донандагони шеъру мусиқӣ овозхонӣ, сознавозӣ ва асосҳои назарии мусиқиро омӯхта, дар асоси «Готҳо», «Яшт», «Ясно» таронаҳои гуногунмавзӯи мавсимию маросимӣ эҷод менамояд. Дар шаклу анвои шеърию мусиқӣ «транак» (tranak – тарона), «чикамак» (chikamak – чакома), «срут» (srut – суруд), «патвожа» (patwajak) ва ғ. асарҳо меофарад ва чун сароянда, навозанда ва шоири боистеъдод ба камол мерасад. Асари силсилавии мусиқии Б. «Хусравонӣ» («Срот-и Хусравоник» – Xusrawanik, «Хусравонӣ bor» – «Суруди Хусравонӣ»), ки дар манобеи адабию таърихӣ ва мусиқӣ бо номҳои «Дастони Хусравонӣ», «Роҳи Хусравонӣ» ва дар арабӣ бо унвони «Тариқат-ал-мулукия» машҳур аст, бинобар тавзеҳу тавсифи мусиқидонон аз аввалин маҷмӯи мӯҳташами устодонаи созию овозӣ дар таърихи тамаддуни мусиқии мардуми эронӣ ва умуман Шарқ мебошад. Ин асар маҷмӯи ситоишии ҳамосию таърихӣ буда, ба шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз (590 – 628) бахшида шудааст. Борбад инчунин силсилаи дигари мусиқиро бо номи «Сраишник» – Srayishnik сохтааст, ки дар сурудҳои он табиат, сиришту тақдири инсон, корнамоии паҳлавонон ва ғ. ситоиш гардидаанд. Дар манобеи хаттӣ («Китоб-ут-тоҷ»-и Ал-Ҷоҳиз) ин силсила бо номи «Сарвад Ҳунавак» – Sarwad hunawak (сурудҳои хушоҳанг, замзамаи сохту таркибан ситоишӣ) бештар ёд шуда, дар ташаккули маҷмӯи мусиқии тавсифии минбаъда нақши муассир доштааст. Борбад дар дарбори шоҳаншоҳони сосонӣ ба мартабаи «сарвар», «шоҳи ромишгарон» мерасад.