Top 10 similar words or synonyms for хроматикӣ

торҳояш    0.893783

ашёе    0.892372

олуда    0.890802

мохихо    0.885426

диск    0.883683

чаппотӣ    0.880689

лавз    0.879926

маъкул    0.878773

ангезаи    0.877858

ҳалқаҳои    0.877782

Top 30 analogous words or synonyms for хроматикӣ

Article Example
Чанг Чанг 72 тори филизӣ ва ҳамон миқдор гӯшак дорад. Системаи қаторовозиаш аз 24 пардаи диатоникӣ ва хроматикӣ иборат аст. Чанг ба қатори созҳои якканавозӣ дохил шуда, дар оркестр ва ансамбли созҳои миллӣ васеъ истифода мешавад.
Сурнай Сурнайи такмилёфта, дар рӯӣ 6 сурохӣ ва зераш як сурохӣ овозбарор дорад. Диапазони (фосилаи мобайни садои аз ҳама паст ва аз ҳама боло) он хроматикӣ буда, аз нотаи ре-и октаваи якум то ре-и октаваи сеюмро дар бар мегирад. Нотааш дар калиди скрипка сабт мешавад ва дар партитура овозҳои регистри миёна ва баландро фаро мегирад. Сурнай ба воситаи забонак ҷӯр карда мешавад.
Гамма Гамма (аз номи ҳарфи юн. Г.), дар мусиқӣ қаторовоз (пайдар-ҳам ҷойгиршавии пардаҳо)-е, ки аз лаҳни асосӣ cap карда, то пардаи охирини бам ё зер ҷойгир шудааст. Гамма дар фосилаи як октава тартиб дода мешавад, вале метавонад давом ёфта ба октаваҳои ҳамсоя гузашта равад. Гаммаҳои ҳафтовозаи лаҳнашон диатоникӣ, панҷовозаи пентатоникӣ, дувоздаҳовозаи хроматикӣ, мажорӣ, минорӣ ва ғайраҳо вуҷуд доранд, ки ҳамаи онҳо дар мусиқии халқӣ ва классикии тоҷик вомехӯранд. Иҷрои Гаммаҳо ва комбинатсияҳои гуногуни он барон такмили санъати навозандагиву сарояндагӣ воситаи муҳимест.
Чанг Бино ба маълумотҳое, ки дар китоби муаллифон А. Одилов, А. Петросянс «Чанг дарслиги»(«Дарси чанг») омадааст: соли 1938 як гурӯҳ мутахассисон С.Диденко, А.Романенко дар устохонаи назди омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Тошкент ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ба дигаргшунсозии шаклу диапазони садои чанг шӯруъ намуданд. Дар натиҷа торҳои чанг хроматикӣ кунонида шуда, диапазони он аз нотаи до-и октаваи якум то ре-диези октаваи сеюм васеъ гардид. Мутахассисон ба ин ҳам қонеъ нашуда, боз аз соли 1943 сар карда, дар коргоҳи илмӣ- экспременталии назди Консерваторияи давлатии ш. Тошкент мукамалсозии чангро давом дода истода ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гаштанд. Онҳо диапазони чангро аз нотаи сол-и октаваи хурд то нотаи сол-и диези октаваи сеюм васеъ кунонида, барои хомӯш намудани садоҳои нодаркор механизми «Педал» низ ихтироъ карданд. Ҳамчунин дар чанг торҳоро бо диметрҳои ҳархела истифода бурданд, ки дар натиҷа қувваи садодиҳии торҳои зилӣ ва бамӣ хеле хуб гардид. Ғайр аз ин боз дар натиҷаи таъмирҳои илмии минбаъда намудҳои гуногуни созӣ мазкур ихтироъ карда шуд. Аз ҷумла:
Сантур Сантур, сантурн, сантир (, , ) - сози зарбию мизробии чангмонанд. Сантур қуттишакл буда, онро аз чӯб месозанд. Торҳояш филизӣ (16-24) ва ба таври хроматикӣ ҷӯр мешаванд. Тахтаи қабати болои косахонааш дар ду ҷой сӯрохҳои овозбарор дорад ва тавассути ду чӯбчаи нӯгашон кӯбакдор навохта мешаванд. Сантур аз ҷиҳати сохт ба чангҳои ҳозираи Осиёи Миёна шабоҳат дорад ва бештар ба ансамбл ҷӯр мешавад. Сози мазкур дар Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон, инчунин Ҳиндустон, Эрон, Туркия ва дигар мамлакатҳои Шарқ маъмул аст. Дар байни арабҳо сантур ба унвони "санҷ", дар байни украину беларусҳо "симбала" машҳур аст. Дар байни онҳо сантури эронӣ 72- тор дорад ва аз сабаби дароз будани танааш садои фораму маҳин мебарорад. Дар рисолаҳои мусиқии форсӣ-тоҷикии асри XVI ёд шудааст. Масалан, Дарвешалии Чангӣ дар «Тӯҳфат-ус- сурур» сантурнавозии худ ва машшоқони ҳамзамонашро зикр намудааст.