Top 10 similar words or synonyms for хасбеда

бодиринги    0.971991

хлорид    0.970560

чойкаҳак    0.968480

кайки    0.964891

лӯбиё    0.964571

кирмак    0.963938

равғанӣ    0.962023

гӯшташ    0.961523

вариди    0.961164

шараёни    0.960754

Top 30 analogous words or synonyms for хасбеда

Article Example
Зуком Барои табобати зукоми аллергӣ доруҳоеро кор мефармоянд, ки онҳо ҳассосияти баланди организмро мӯътадил мегардонанд. Зукоми навъи хасбеда, одатан, айёми гулшукуфти растаниҳои хӯшадор пайдо мешавад. Сӯйистеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, амрози дилу гурда, шароити кории зарарнок (масалан, ниҳоят чангу ғуборнок будани ҳаво) ба иллати музмин гузаштани зукоми шадид мусоидат мекунанд.
Аспергиллотоксикоз АСПЕРГИЛЛОТОКСИКÓЗ (Aspergillotoxicosis), навъе аз заҳролудии ҳайвонот. Аспергиллотоксикоз ҳангоми истеъмоли хӯроке, ки аз занбӯруғҳои ҷинси аспергилла сироят ёфтааст, ба амал меояд. Аспергиллотоксикоз боиси илтиҳоби узвҳои ҳозима ва иллати силсилаи марказии асаб мегардад. Аз занбӯруғҳои аспергилла муш, калламуш, харгӯш, парандаҳо, хук, чорвои калон, асп ва ғайра заҳролуд мешаванд. Аспергиллотоксикозба хоҷагиҳо (махсусан ба парандапарварӣ) зиён меоварад. Занбӯруғҳои аспергилла дар ҳама ҷо (рустаниҳои хушкида, хӯроки дурушти чорво, улуфа, хок ва ғайра) дучор меоянд. Аспергиллотоксикоздар ҷойҳои сернам ва гарм (27–40°С; барои аспергилла фумугатус 45–50°С), махсусан дар хасбедаи тафсида хуб месабзад. Ҳама гуна хӯроки чорво (хасбеда, улуфа, ғалла, мах­сусан хӯрокиҳои омехтае, ки дар таркибашон донҳои осебдида доранд) метавонанд сабаби заҳролудӣ гарданд. Заҳри аспергиллаҳо ба организм таъсири ҷузъӣ ва умумӣ мерасонад. Ҳангоми таъсири ҷузъии он пӯст, луобпардаҳои роҳи нафас ва чашм газак мегирад. Аз таъсири умумии заҳр силсилаи марказии асаб хароб, мубодилаи моддаҳо вайрон ва миқдори калсию фосфори хун зиёд мешавад, бофтаҳои дил, ҷигар, гурда, аъзои ҳозима ва узвҳои хунофар осеб меёбанд. Дар ҳолати аспергиллотоксикоз масуният (иммунитет) ба вуҷуд намеояд.
Алафкорӣ Баъзан алафкорӣ фақат киштгардони зироати бисёрсолаи хӯроки чорворо ифода мекунад. Мақсади асосии алафкорӣ ба даст овардани алафи тару тоза ва тайёр кардани хӯроки чорво мебошад. Алафҳои яксоларо ба чорво, одатан, тару тоза даравида медиҳанд. Аз алафҳои бисёрсола хасбеда, тарбеда, силос, орди алаф ва ғайра тайёр мекунанд. Алафҳои яксола ва бисёрсола хӯроки нисбатан арзон ва хушсифати чорвоанд. Кишти алафҳои бисёрсолаи лӯбиёӣ ё кишти омехтаи онҳо бо алафҳои бисёрсолаи хӯшадор хокро ҳосилхез мегардонад. Алафкорӣ таркиб, қобилияти обгузаронӣ, наминигоҳдорӣ ва аэратсияи хокро беҳтар карда, ба камшавии алафҳои бегонаи киштзор, зараррасону касалиҳои зироат мусоидат менамояд. Он дар киштгардони зироат низ аҳамияти калон дорад. Зироати ғалладона, техникӣ ва ғайра дар алафпая ҳосили хуб медиҳад. Одатан, алафҳои бисёрсола (юнучқа, эспарсет, себарга, хардума, ҷавак, сулӣ ва ғайра) ва яксола (мунҷ, тирмис, алафи судонӣ, моғар, райграс, ҷавдор, ҷави русӣ ва ғайра)-ро кишт мекунанд. Бо мақсади мувозанати қанду протеини таркиби юнучқа онро баъд аз ҷуворимакка, алафи судонӣ ва ҷуворӣ коштан лозим аст. Кишти омехтаи алафҳои бисёрсолаи лӯбиёӣ ва хӯшадор махсусан дар чарогоҳҳои киштаи обӣ самарбахш аст. Аз алафҳои яксола кишти омехтаи мунҷу ҷави русӣ, мунҷу ҷавдор, нахӯду ҷав ҳосили хуб медиҳад. Алафкорӣ дар ҳар минтақаи ҷумҳурӣ вобаста ба шароити обу ҳаво ва таъйиноти хоҷагӣ фарқ мекунад. Дар адиру доманакӯҳҳо (650 – 1100 м аз сатҳи баҳр) асосан кишти юнучқа (барои тухмӣ ва хӯроки чорво) мувофиқ мебошад. Алафзори ин минтақаро даравидан ё ҳамчун чарогоҳи баҳорию тирамоҳӣ истифода бурдан мумкин аст. Дар заминҳои лалмии минтақаи пасткӯҳи ҷумҳурӣ (1100 – 1800 м аз сатҳи баҳр) барои тайёр кардани алафи тару тоза, тарбеда ва хасбеда кишти юнучқа ё кишти омехтаи зироати яксолаи хӯроки чорво (мунҷу ҷави русӣ, мунҷу ҷавдор, нахӯду ҷав) тавсия мешавад. Дар киштзор ва заминҳои бекорхобидаи минтақаи миёнакӯҳ (1800 – 2800 м аз сатҳи баҳр) ва Помири Ғарбӣ (то 3500 м аз сатҳи баҳр) кишти юнучқа, эспарсет ва кишти омехтаи онҳо бо растаниҳои хӯшадор (хардума, гандумак, сулӣ) тавсия шудааст. Алафро дар боғот низ кишт мекунанд. Онро қатордармиён ё саросар коридан мумкин. Ҳангоми Алафкории қатордармиён нишебии маҳалро ба назар гирифта, тухми алафро дар байни ҳар қатор ё баъди чанд қатор мекоранд. Тухмиро дар байни қаторҳо бо усули тасмавӣ (ба васеъгии 1,5 м) кишт кардан лозим. Бо ин мақсад аз тухмипошакҳои СЗН-1,4, СЗГ-3,6, СКП-2, С – ЗС-2 истифода мебаранд. Дар токзори навбунёд баъди шинондани ниҳолҳо алаф мекоранд. Алафи боғотро дар давраи нашв ду маротиба бо алафдаравакҳои КИР-1,5 ё КНФ-1,6 дарав карда, алафашро намеғундоранд. Алафкории яклухт фақат дар боғоти ҳосилдеҳ истифода мегардад. Барои кишт гиёҳҳои хӯшадор (сулӣ, ҷавдорак, марғ, рӯбоҳдум ва ғайра) ва лӯбиёиҳо (юнучқа, себарга, эспарсет, тирмис, кирсина ва ғайра) кор фармуда мешаванд. Ҳангоми дар байни қаторҳои дарахтон кишт кардани юнучқа, эспарсет ва себарга ба алафзор об мондан беҳтар аст. Дар ҳар маврид меъёри нуриро дар боғот 1,5 маротиба зиёд кардан даркор. Мӯҳлати беҳтарини кишти алаф тирамоҳрӯя ё навбаҳорон мебошад. Алафкориро дар сабзкории маҳалҳои аҳолинишин, майдонҳои варзишӣ, аэродромҳо, мустаҳкам намудани банди об, ду тарафи роҳи оҳан, пешгирии эрозияи хок ва ғайра низ истифода мебаранд.
Буз БУЗ (Сарга hircus), моиз, ҳайвонест хонагии нуфтсум. Бино ба таснифоти зоологи ба гурӯҳи ширхурон (оилаи ковокшохон) мансуо аст. Буз яке аз аввалин ҳайвонҳои хонагист. Аксар олимон Бузҳои ҳозираи вахшии безоаровй — позахр (С. aega-gerus), морхур (С. falconeri) ва Бузи мунцаризи «ибтидой» (С. pri^ca)-po ачдоди Бузи хонагй мехисобанд. Дар Тоҷикистон 2 намуди Бузи вахшй: нахчир — С. sibirica (дар х,ама но-х,иях,о, гайр аз водиҳои чануби Тоҷикистон) ва морхур (ц-кухдои Санглох,_ Сарсарак ва Х,азратишох,) во-мехурад. Маълумотҳои бостоншиносй оид ба бокимондаҳои ҳайвонот (дар Яримтеппаи шимоли Ирок ва Анови назди Ашхобод), тасвироти руисангии асри санг ва бозёфтҳои аз нохияҳои гуногун пайдокарда шаходат медиханд, ки бузпарварй 8 ҳазор сол мукаддам вучуд дошт. Буз нигохубини зиёдеро талаб намекунад ва ба касалиҳои сил, хоришак, нагзак, тоун, трипаносомоз кам гирифтор мешавад. Бинобар ин Буз дар баъзе нохияҳои Африқо ягона ҳайвони хонагй аст. Буз нисбат ба дигар чор¬вои хоҷагии қишлок барои дар чарогох парвариш кардан бештар мувофиқ мебошад. Бинобар хуб инкишоф ёфтани аъзои хозима Буз растаниҳои гуногунро хурда, хурокиҳои аз 27 то 64% клетчаткадорро ҳазм мекунад. Вояи хуроки Бузҳои вазни зиндаашон 30— 35 кг бояд 0^90—1,32 воҳиди хурокй, 1,25—1,35 кг модда^ои хушк, 80— 100 кг протеини х;озим, беда, хасбеда, ярмаи ҷуворимакка, хурокиҳои омехта ва гайраро. дошта бошад. Рамаи Бузро барои нест кардани буттаю паттазори заминкой киштбоб ва каяал-х,о истифода мебаранд. Буз ба шароити гуногуни экологи зуд мутобиқ мешавад ва аз ин ру дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон онро мепарвараяд. Маҳсулоти асосии Буз пашм, гӯшт, ва тибит аст. Буp ҳайвони зудрас мебошад. Тақаҳои нага нигоҳубиншударо дар 5—6-моҳаги ба¬рои гӯшт мекушанд. Вазни зиндаи модабузи болиг 40—60, такааш 60— 65 (баъзан то 105) кг мешавад. Б. 9—10, баъзан то 17 сол умр меби-над. Онро дар хоҷаги 7—9 сол ис¬тифода мекунанд, сина 6а гушт месупоранд. Буз дар 5—8 моҳагй кобилияти чуфтшавй дорад, вале аз 14— 18-моҳаги барвакттар чуфтй кардани ва бузголаҳояш майдаву логар таваллуд мешаванд. Давраи хамлаш
Буз буда, 2 (баъзан 5) бузгола мезоянд. Дар ноҳияҳои чорводори Тоҷикистон Буз тамоми сол дар чарогоҳ парвариш меёбад. Дар чарогоҳ барои зимистонгузаронии чорво ура ме-созанд, ки дар он Б. ва дигар моли майдаро шабона ва рӯзз^ои хунук, ин¬чунин дар х,авои номусоид нигох, ме-доранд. Х,антоми ташкил кардани ра¬ма 300—350 модабуз, 450—500 бузго-ла ва 600—700 таках,ои ахтакардаро чудо мекунанд. Бо мацеади дар фас-ли гарми сол тул гирифтан мода-бузз;оро мо^и нояб. чуфт мекунанд. Агар зимистон барои зоидани Б. ша-роити мусоид мавч,уд бошад, пас мо^ои июнь ва авг. чуфтй кардани модабузз^о равост. Бузголах,ои дек.— янв. зоидашударо бах,орон ба чаро¬гох; баровардан мумкин. Дар су рати хуб парваришу нигох,убин кардани Б. аз он соле 2 ё дар 2 сол 3 маротиба наел гирифтан мумкин аст. Б. сунъй х,ам ч,уфтй карда мешавад. 45 рӯз пеш яз чуфтй кардан, бузгола^оро ч,удо намуда, модабузх,оро аз назо-рати ветеринарию профилактики ме-гузаронанд. Бо мацеади гирифтани наел таках,ои зотии солим ва бокув-ватро истифода мебаранд. Ба такахо 45—60 рӯз к,абл аз дуфтикунй хуро-ких,ои сергизо (пояи хушки лубиёи-х,о, хасбеда, силос, сабзй, лаблабуи цанд, хуроких,ои омехта — ярмаи ч,у-воримакка, ч,ав, сабус) медих,анд. Вояи хуроки такай вазни зиндааш 60 кг бояд 1,10 вохдщи хурокй, 1,44 кг моддах,ои хушк, 100—110 г про¬теини х,озим дошта бошад. Ба х,ар така 25—30 ва барои таках,ои калон 30—40 cap модабуз ЧУДО мекунанд. Х,ангоми бордоркунии сунъй бо нутфаи 1 така дар 40 рӯз то 500 мода-бузро бордор кардан мумкин. Соли 1937 дар р-ни Ашт дар як мавсими ч,уф-тикунй бо нутфаи така^ои рацами 01 ва 04-и зоти ангорй 1300—1500 мо-дабузро бордор карда буданд.