Top 10 similar words or synonyms for хайрхоҳӣ

утилитарӣ    0.949629

худмаҷбуркунӣ    0.947109

худтанқидкунӣ    0.938239

эмпирикӣ    0.931221

астрологияи    0.929600

молекулавии    0.928366

фориғболӣ    0.927347

зузанабҳо    0.927199

астродинамика    0.926776

оптикаи    0.926078

Top 30 analogous words or synonyms for хайрхоҳӣ

Article Example
Бурҳонуддин Раббонӣ Баъд аз ин ҳам Бурҳонуддин Раббонӣ ба сифати чеҳраи меҳварӣ дар сиёсати Афғонистон боқӣ монд. Вақте масъалаи музокира бо толибон ва ташкили Шӯрои Олии Сулҳ ба вуҷуд омад, аз Бурҳонуддин Раббонӣ номзади арзандатаре барои раҳбарӣ ба ин Шӯро пайдо нашуд ва ногузир тавофуқ карданд. Ӯ бо вуҷуди норозигиҳои пайравони худ, ки фикр мекарданд бо дастаҳо ва тӯдаҳои ҷоҳил ва одамкуш набояд музокира шавад ва вақту замону пул бояд дар музокира бо одамкушҳо масраф нашавад, сентябри 2010 раёсати ин Шӯроро пазируфт, ки нишонгари хайрхоҳӣ, сулҳталабӣ, хирадгароӣ ва адолатҷӯии ин сиёсатмадори варзида ва мутаШаҳодатффакири бузург мебошад.
Ахлоқ Ахлоқ истиқлоли касбӣ дорад: а) ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ фаъолона таъсир расонда, метавонад тараққиёташро тезонад ё суст кунад; б) меъёрҳои алоҳидаи ахлоқии як давраи таърихӣ мумкин аст дар давраи дигар то муддати муайян нигоҳ дошта шаванд; в) аз заминаи иҷтимоиаш ҷудо шуда, пеш рафта, меъёрҳои ахлоқии ҷомеаи ояндаро ифода намояд. Дар пешбурди илми ахлоқ олимони Аврупову Амрико Э. Торндайк, Б. Спиннер, Ҷ. Уотсон, Э. Толмен, К. Халл, донишманди рус И. Павлов ва дигпр саҳм гузоштаанд. Онҳо ахлоқро дар алоқамандӣ бо сиёсат, фалсафа, ҳуқуқ, дин, санъат омӯхта, ҷиҳатҳои умумиинсониашро ташреҳ додаанд. Маъмулан панҷ шакли таърихии ахлоқ: авлодию қабилавӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ, буржуазӣ ва «коммунистӣ» вуҷуд дорад. Вале меросӣ будани суннатҳои ахлоқӣ низ ҷой дорад, ки бештар ба одитарин шаклҳои муносибати одамон алоқаманд аст. Дар ҳар давру замон мазмуни нисбӣ ва шарту ҳудуди истифодаи қонуну фазилатҳои ахлоқӣ ба таври гуногун фаҳмида мешуд. Ҷиҳати умумибашарии ахлоқ маҷмӯи муқаррароти барои кулли одамон ягонаро ташкил медиҳад. Ахлоқяке аз рукнҳои асосӣ ва муҳимми фарҳанги гузаштаи форс-тоҷик мебошад. Он ҳам дар тасаввуроти динию асотирӣ ва андешаҳои фалсафӣ, эҷоди бадеию фолклор ва ҳам дар ҳаёти моддии форсинажодон нақши муҳим дошт. Тазодди хайру шар, тантанаи некӣ, мубориза ба муқобили бадӣ ва ғайра ҳанӯз дар Авесто мавқеи муҳим доштанд. Мутобиқи таълимоти зардуштия инсон хайр ё шарро дар ҷараёни фаъолияташ интихоб менамояд: хайр рамзи нуру рӯшноӣ ва шар рамзи зулмату торикӣ, тимсоли олами нур ва хайру адолат Аҳура Маздо, таҷассуми ҷаҳони зулму разолат Аҳриман ҳисоб меёфт. Муборизаи оштинопазир байни қувваҳои некӣ ва бадӣ ҳамеша ҷой дорад. Рукни муҳимми ахлоқро пиндори хуб (нек), гуфтори хуб (нек), кирдори хуб (нек) ташкил медиҳанд. Усули муҳимтарини ахлоқи зардуштия фазилати ростӣ ба ҳисоб мерафт, покизагии бадан, риояи тозагӣ, тарбияи хуби фарзанд, кӯшиш дар зироат, ободӣ, иморат, иҷтиноб аз танбалӣ, дурӣ аз худбинию ҳасад, хашму кина, мағрурию дуздӣ, саъй дар талаби илм, хайрхоҳӣ, ҳифзи ҳайвоноти муфид ва ғайра сифатҳои писандидаи инсон маҳсуб мешаванд.
«Робита бо ҷомеа» (PR) Аввалин маротиба аз ҷониби президенти ИМА Томас Ҷефферсон соли 1807 зимни ироаи паѐм ба конгресс (мақомоти олии қонунбарори Амрико) истифода шудааст, вале таърифи мушаххас оид ба мафҳуми PR то ҳанӯз вуҷуд надорад. Танҳо дар зарфи 60 соли охир тафсирҳои гуногуне перомуни ин истилоҳ ба миѐн омадаанд. Таърифи классикӣ далолат мекунад: Имрӯз PR маънои зиѐд дорад. Ҳанӯз соли 1975 хазинаи амрикоии «Foundation for Public Relations Research and Education» таҳқиқоти мукаммал гузаронд, ки дар он аз саросари дунѐ 65 олим ширкат варзида, 600 мафҳуми PR-ро ҳосил намуданд. Пажӯҳишгоҳи муносибатҳои ҷамъиятии Британияи Кабир (IPR) зери мафҳуми PR тадбирҳои нақшавӣ ва давомдорро мефаҳмад, ки ба бунѐд ва дастгирии муносибати хайрхоҳона нисбат ба ҷомеа равона гардидааст. Мутахассиси машҳури англис Сэм Блэк зери ин мафҳум «санъат ва илми бамувофиқатрасӣ тавассути ҳамдигарфаҳмии дар пояи ҳақиқат ва иттилоотонӣ бунѐдѐфтан»-ро мефаҳмад. Шарҳи ин мафҳум дар луғати Уэбстер (Webster. New International Dictionary) чунин омадааст: "«PR - ин мусоидат ҷиҳати ба роҳ мондани ҳусни тафоҳум ва хайрхоҳӣ миѐни шахсият, ширкат ва одамони дигар, гурӯҳи одамон ва ѐ дар маҷмӯъ ҷамъият тавассути пахши маводи тавзеҳотӣ, инкишофи табодули ахбор ва баҳодиҳии аксуламали ҷамъиятӣ аст»". Соли 1978 дар Мехико аввалин ҷаласаи ҷаҳонии ассотсиатсияи PR баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 30 миллат ширкат дошта, чунин тавсифи истилоҳро пешниҳод намуданд: "«Таҷрибаи паблик рилейшнз – ин санъат ва илми иҷтимоиест, ки ғояро бунѐд ва баҳо медиҳад, оқибати амалишавии онҳоро пешгӯӣ мекунад, ба роҳбарони ширкатҳо машварат дода, барои дар амал татбиқ намудани ин афкори созанда, ки ҳам ба манфиати ҷамъият ва ширкат аст, кӯшиш менамояд»". Яке аз куҳансолтарин мутахассисони PR-и ҷаҳонӣ, асосгузор ва раиси Шӯрои директорони оҷонсии «Burson Marsteller X.» М.Берсон робита бо ҷомеаро ҳамчун методологияи таъсир ба афкор ва рафтори ҷамъиятӣ мепиндорад. Ба андешаи мо, PR – ин идоракунии тафаккур, андешаронии бомақсад, тарҳи лоиҳаҳои нав ба воситаи мухобироти иттилоотӣ аст.
Жан Пол Белмондо Консерваторияи олии миллии санъати драмавии Парижро хатм карда, дар театрҳои мамлакат ба сифати ҳунарпеша фаъолият намудааст. Баъди вохӯрӣ бо коргардон Ж. Л. Годар дар филми «Дар нафаси охирин» (нақши Мишел Пуакар, 1960) рӯ ба кино овард. Белмондо дар худ ҳунарпеша бадеҳакореро таҷассум менамуд, ки ҷиҳатҳои иҷтимоию психологии насли балвогари ҷавонони солҳои 50–60 а. 20-ро ифода карда метавонист. Персонажҳои ӯ дар филмҳои «Модерато кантабиле» (1960), «Леон Морен, рӯҳонӣ» (1961), «Пйерои девона» (1965), «Дузд» (1967) аз ҳамин тоифа буданд. Аз нимаи дуюми солҳои 60 ба ҳунарпешаи дӯстдоштаи тамошобинон табдил меёбад ва бештар дар филмҳои тиҷоратӣ нақш офарида, дар образҳои дилписанд, вале қодир ба вайрон кардани қонуни моҷароҷӯён «услуби нотакрори Белмондо»-ро намоиш медиҳАдабиёт: Дар филмҳои мазҳакавии Ф. Де Брюк «Картуш» (1962), «Одам аз Рио» (1964), «Бадбахтии хитойӣ дар Хитой» (1965) нақш офаридааст. Дар тақлиди ҳаҷвӣ ба филми пурмоҷарои «Бисёр хуб» (1973) нақши нависандаи романҳои пурмоҷароро нозук ва тамасхуромез бозидааст. Дар солҳои баъдӣ дар эҷодиёти Белмондо ширинкорӣ бо ҷиддияти психологӣ ҳар чи бештар тавъам мешав. Дар филмҳои «Даҳшат дар шаҳр» (1977), «Одами девсират» (1977), «Одами кордон» (1982) актёр ба мавзӯъҳои садоқат ба вазифа, хайрхоҳӣ ба одамон рӯ меоварад. Аксарияти сенарияҳои филмҳои ҳаҷвӣ, политсиягӣ (ҷабрӣ) ва роҳзанӣ махсус барои Белмондо бо дарназардошти маҳорати бадеҳакории ӯ ва инчунин бе хизмати каскадёрҳо иҷро карда тавонистани мураккабтарин найрангбозиҳо навишта мешуданд. Белмондо филмсоз ҳам буд – филми А. Рене «Стависки»-ро маблағгузорӣ кардааст (1974, дар нақши асосӣ Белмондо). Соли 1987 ба саҳнаи театр баргашта, дар театри «Марино» нақши Эдмондо Кинаро (аз рӯйи пйесаи ҳамноми А. Дюма) бозид. Соли 2001 сактаи майнаро аз сар гузаронд ва аз ҳамон вақт корро дар театр ва кино бас кард. Вале с. 2008 дар филми Франсис Юстер «Одам ва саги вай» нақш офарид. Белмондо яке аз пурмаҳсултарин ҳунарпешагон маҳсуб мешавад. Ӯ дар давоми фаъолияти нимасра дар 95 филм ва 40 намоишнома нақш­ҳои гуногун офаридааст. «Пйерои девона», «Зан зан аст», «Ҷасади душмани ман», «Полис ё роҳзан», «Кӣ кист», «Одам аз Рио», «Шикори мард», «Одаме, ки ба ман маъқул аст», «Даҳшат дар шаҳр», «Меросхӯр», «Одами девсират», «Асрори Париж», «Бадбахтии хитойӣ дар Хитой», «Бозӣ бо чор даст» ва ғайра аз ҷумлаи филмҳоеанд, ки ба Белмондо шӯҳрати ҷаҳонӣ овардаанд. Барои филмҳои «Леон Морен, руҳонӣ» (1963) ва «Пйерои девона» (1967) бо ҷоизаи BAFTA (барои беҳтарин ҳунарпешаи хориҷӣ), барои беҳтарин нақш дар филми «Хуштолеъ» бо ҷоизаи «Сезар» (1989), ҳамчунин бо Шохчаи нахли тиллоии Кинофестивали Каннск (2011), унвони командори Ордени санъат ва адабиёт (2006) сарфароз гардидааст. Белмондо соҳиби ширкати «Серитофилм» аст.