Top 10 similar words or synonyms for тӯхта

ҳамробоев    0.980486

самадова    0.977898

абдуҷабборов    0.976959

раҳимова    0.976417

муллоҷон    0.976072

азимқул    0.975514

абдурофеъ    0.975101

раҳматҷон    0.974468

якушев    0.974022

миралӣ    0.973424

Top 30 analogous words or synonyms for тӯхта

Article Example
Тӯхта Иброҳимова Тӯхта Иброҳимова 19 феврали соли 1939 дар ш. Регар, ҳоло Турсунзода ба ҷаҳон чашм кушодааст. Санъати сарояндагиро аз оҳангсоз О. Назаров омӯхтааст. Фаъолияти эҷодиаш соли 1960 оғоз ёфтааст. Солисткаи Ансамбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон(1960-1973), ансамбли Ҳофизони мақомхони КДТР назди Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон (аз с. 1973). Барномаи ӯ аз сурудҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва Шарқи хориҷӣ иборат буд. Маҳорати сарояндагиаш махсусан дар иҷрои сурудҳои лирикии «Тоҷикистон» (оҳанги Зайниддин Зулфиқоров, шеъри Боқӣ Раҳимзода), «Сози муҳаббат» (оҳанги Пӯлод Саидов, шеъри Собир Султон), «Дурдона» (оҳанги Гулбек Саодатов, шеъри Мавҷуда Ҳакимова), «Иди дилафрӯз» (оҳанги М. Сафармаҳмадов, шеъри Бурҳон Фаррух), «Ҷашни дӯстӣ» (оҳанги Ҳукуматшоҳ Бандишоев, шеъри Аъзам Сидқӣ) ва дигар таронаҳо зоҳир шудааст. Дар ҳайати Ансамбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ба Ӯзбекистон, Қирғизистон, Украина, Белорусия ва кишварҳои диг. сафари ҳунарӣ кардааст. Дар симпозиумҳои байналхалқии мусиқии халқҳои Шарқ дар Самарқанд (1978, 1983) иштирок дошт. Бо Ифтихорномаи Фахрии През. Сов. Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Тӯхта Иброҳимова Тӯхта Иброҳимова – сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1970).
Дутор Солҳои охир Дутор таъмир шуда, Дутори тенор ном гирифт. Ин навъи дутор бо кварта ҷӯр шуда, тори якумаш «ре»-и октаваи якум ва тори дуюм «ля»-и октаваи хурдро дар бар мегирад. Нотаи он дар калиди скрипка сабт шуда, аз навишташ як октава паст садо медиҳад. Диапазонаш аз «ля»-и октаваи хурд то «ре»-и октаваи сеюмро фаро мегирад. Дутор маҳорати баланди навозандагиро талаб намуда, бо нохуни нарангушт ва ангушти ишорат (дар ҳар ду тор баробар) навохта мешавад. Дар байни халқ «Муноҷот», «Сувора», «Ҷигарпора», «Дилхироҷ», «Танавор», «Роҳат», «Қӯшчинор», «Сегоҳ», «Чоргоҳ» барин навоҳои Дутор машҳуранд. Баъзан бо садои Дутор қисмҳои созиву овозии «Шашмақом» низ хуб иҷро мешаванд. Саидхони Ҳисорӣ, Тоҳирҷон Давлатзода, Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, Муҳаммадҷон Мӯминов, Ҳоҷӣ Абдураҳмон, Нурулло Ниёзов, Қорӣ Самади Ҳисорӣ, Саидҷон Тӯхта, Абдулмаҷид Ҳомидов, Ҳотам Пӯлодов, Қурбони Қурбониён, Султоналӣ Худойбердиев ва диг. аз қабили мутрибон, дуторнавозони мумтоз ба шумор мераванд. Баъди с-ҳои 50 асри XX дар асоси хелҳои гуногуни дутор (Дутори алт, дутори бас, дутори контрабас, дутори прима, дутори секунда) ихтироъ шуданд.
Ҷамоати Зарзамин Ҷамоати деҳоти Зарзамин (Собиқ Қатаған) соли 1965 ташкил шудааст. Масоҳати умумии ҷамоат 306 га мебошад. Шумораи ахоли ба 01.01.2013 – 12631 нафар буда, аз 2191 хоҷагӣ иборат аст. Қисми зиёди аҳолиро ӯзбекон ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди ҷамоат 1 шӯъбаи алоқа, 11 муассисаҳои хизматрасони, 2 мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 1 беморхона, 1 маркази саломати ва 1 масҷиди панҷвақта фаъолият менамояд. Ҷамоати мазкур яке аз деҳоти ободи ноҳия ба ҳисоб рафта, дар қисми шарқии ноҳия дар соҳили дарёи Сир ҷойгир шудааст. Фарзандони Зарзамин дар ободонии водии Вахш, Мирзочӯл ва Дилварзин хеле калон аст ва номи фарзандони диёрамон Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, собиқ раиси хоҷагии Ҷданови ноҳияи Қумсангир Абдурозиқ Раҳмонов, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Тӯхта Пӯлодова, устоди пахтаи Ҷумҳурӣ Ш.Ортиқов, Ф.Тӯрабоева, агрономи шоистаи Тоҷикистон, собиқ раиси хоҷагии ба номи О.Убайдуллое Р.Юлдошев, иқтисодчии хизматнишондодаи Тоҷикистон Э.Қодиров, дорандаи ордени Ленин Э.Юсупов, Ҷӯра Бозоров, А.Юсупов ва дигар садҳо диловарони Ватан мебошанд. Дар солҳои 70-80-уми садаи 20 мардуми Зарзамин дар соҳаи кишоварзӣ натанҳо дар ноҳия, дар вилоят ва Ҷумҳурӣ ҳосилнокии пахтаро аз ҳар як гектар то 45 сентнер расониданд. Дар даврони Истиқлолият бо дасти деҳқонони Зарзамин садҳо гектар боғҳо шинонида шуда, обод карда шуда истодааст.