Top 10 similar words or synonyms for тарҷимаи

тақриз    0.940546

интиқодии    0.918379

мақолот    0.909443

ихлосмандони    0.900816

манзуму    0.899819

пиромуни    0.895505

очерку    0.894202

кутуби    0.893966

наврӯзнома    0.889154

соирин    0.888154

Top 30 analogous words or synonyms for тарҷимаи

Article Example
Меҳрубон Назаров Тарҷимаи пиесаи «Модарандар»-и О.Бальзак низ ба қалами ӯ мансуб аст.
Доиратулмаорифи форсӣ Соли 1335 шамсӣ (соли 1955 милодӣ) муассисаи интишротии Фронклин воқеъ дар Теҳрон бо роҳбарии Хумоюн Санъатизода тасмим ба таҳия ва тарҷимаи форсии Доиратулмаорифи якҷилдии Колумбия Войкинг (чопи Нью-йорк) гирифт ва сарпарастии ин корро ба Ғуломҳусайни Мусоҳиб вогузор намуд. Вай пас аз баррасии Доиратулмаорифи амрикоӣ тарҷимаи комили онро ҷавобгӯӣ ниёзҳои ҷомеаи иронӣ ва порсизабонон надонист ва тарҳи наве пешниҳод кард, ки бар асоси он беш аз 10 000 мақолаи тоза дар бораи ҷанбаҳои мухталифи таърих ва фарҳанги Ирон ва ислом таълиф шуд ва шуморе аз мақолаҳои Донишномаи Ислом низ айнан тарҷима ва дар он ҷой дода шуданд. Дар шиносномаи Доиратулмаорифи форсӣ ин кор талоши муштараки Туҳрон ва Нью-йорк муаррифӣ шудааст.
Академияи Ганди Шопур Донишгоҳи Ганди Шопур беш аз 300 сол вуҷуд дошт. Аз нуқтаи назари таърихй донишгоҳи Ганди Шопур аввалин мактабе буд, ки дар он омӯзиши тиб аҳамияти бевосита амалй дошт. Анҷоми тадбирҳои муолиҷаю пешгирии бемориҳо, кори таълимию омӯзгорӣ ва илмӣ, тарҷимаи асарҳо, тартиб додани маҷмӯаҳои қомусй аз ҷумлаи вазифаҳои асосии ин мактаб буданд.
Блошер Хатмкардаи факти адабиёти араби Донишгоҳи Алҷазоир. Солҳои 1924–35 дар Донишкадаи омӯзгории ш. Рибот дарс додааст. Солҳои 1942–45 сардабири маҷ. «Маърифат»-и Париж буд, ки ба ду забон – фаронсавӣ ва арабӣ нашр мегардид. Пас аз таъсиси маҷ. «Арабико» солҳои 1945–47 корманди ин маҷалла ва солҳои 1948–62 сардабири он ва ҳамзамон солҳои 1956–65 раиси Муассисаи мутолиоти исломӣ (дар фарҳангистони Париж) ва с. 1962 раиси Маркази забоншиносии арабӣ буд. Блошер таълифоти бисёре дорад, ки «Тарҷимаи Қуръони карим» ва «Таърихи адаби араб» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Нақшҳои Исфара Варианти онро Е. Пещерева дар н. Балxувон сабт кардааст. Мисраъҳои 9–16-уми нақши хурд (№3) дар тӯйҳои арeсии Қуқанд зимни ба хонаи домод овардани навхонадорон сароида мешаванд. Онро ҳамчунин хурдсолони Исфара зимни гули гандумак (дар тобистон) дар тақлид ба сайри гули лолаи калонсолон месароянд.Xолиб аст, ки оҳанги сурудаҳо–Нақши мардумии Исфара аз xониби мусиқишинос В.А.Успенский сабт шуда, аммо бино ба ишораи Е. Пешерева тақдири баъдинаи онҳо номаълум боқӣ мондааст. Ҳамзамон матни нақш дар охири мақолаи ин муҳаққиқ дар траскрипсия ва тарҷимаи русиашон оварда шудаанд.
Академияи Ганди Шопур Тадқиқи масъалаҳои ҳифзи модару тифл, гигиенаи шахсӣ ва ҷамъияти, эътилоли (патологияи) инфексиони, масъалаҳои ахлоқу одоби духтурӣ барин масъалаҳои муҳим авҷ гирифт. Самтҳои асосии илмии мактаби тибби Ганди Шопур ҳозир ҳам аҳамияти калонро молик буда, онҳо қабл аз ҳама масъалаҳои ташкилй тарҷимаи рисолаҳои тиббии ҳиндӣ, суриявй, юнонию римӣ, тартиб додани маҷмӯаҳои асарҳои мустақилонаи тиббии дойр ба фанҳои чудогона, гирду фароҳам овардани мавод ва дар шакли китобҳои xудогона интишор кардани материали ҷамъомаду ҷаласа ва конфронси илмию амалии дар донишгоҳ мунтазам ташкилёбанда, ҳамчунин аз рӯи ривояту эҷодиёти даҳонакй барқарор намудани тарзу усулҳои муоина ва муолиҷаи гум ё фаромӯшшударо дар бар мегирифтанд.
Авесто Авасторо дубора арабҳо сузониданд. Дар асрҳои VII-IX арабҳо тоҷиконро ба бефарҳангӣ таъна мезаданд ва ба иззати нафси онӽо мерасиданд. Дар муқобил ғурури миллии онҳо бедор шуд ва номи миллати худро тоҷик-тоҷдор аз нажоди пок муаррифӣ сохтанд ва ба тарҷимаи осори хаттии худ ба арабӣ шуруъ намуданд. Дар замони халифа Маъмун, ки модараш аз тоҷикони Балх буд мубоҳисае байни диндорони мусулмон, насрониён ва иброниён ташкил карда шуд, ки дар он мубади зардуштӣ бо Номи Озарфаранбағ (Отурфарнбағ) ширкат дошт. Дар ин мубоҳиса Озарфаранбағ нисбат ба ҳамаи намояндагони динҳои дигар дастболо шуд ва халифа ба у иҷозат дод, ки дар бораи Авасто ва ойини Зардушт китобе мураттаб кунад. Озарфаранбағ ба навиштани китобе ба номи «Динкард» сар мекунад, лекин онро тамом карда наметавонад, зеро уро диндорони исломи куштанд. Навиштани «Динкард»-ро мубад Озарбод (Отурпати) давом дода, ба охир мерасонад «Динкард» мухтасаран дар бораи бахшҳои Авасто, аз ҷумлаи 21 китоби замони Сосониён маълумот медиҳад.
Бистгонӣ Аз а. 10 дар манбаъҳои форсӣ истифода шуда, маоши сипоҳиёнро ифода мекард, ки охири ҳар бист рӯз як маротиба пардохта мешуд. Дар боби асли баромади он ақидаҳо гуногун буда, баъзе олимон, монанди Хоразмӣ ва Ибни Ҳавқал, иддао доранд, ки қаблан дар байни араб­ҳо бо номи «ишрин» маъруф буда,баъдан ба форсӣ тарҷума шудааст. Гурӯҳи дигари олимон даъво доранд, ки Бистгонӣ. аслан калимаи форсӣ буда, «ишрин» муодил ва тарҷимаи арабии он мебошад. Дар тарҷумаи «Тафсири Табарӣ», ки қабл аз осори Хоразмӣ ва Ибни Ҳавқал таълиф ёфтааст, вожаи Бистгонӣ. истифода шудааст. Бистгонӣро ба тарзи дигар ҳам шарҳу тафсир дода, дастаҳои бистнафараи сипоҳиён ҳам донистаанд.Ба ҳар ҳол, Бистгонӣ ҳамчун маош ба сарбозону сипоҳиён дар ҳар 20 рӯз пардохта мешудааст. Аз ҷумла, дар даврони Саффориён ин маросим ташрифоти хосса дошта, маош аввал ба амири саффорӣ, сипас ба дигар мақомот, аз ҷумла, лашкариён ва сипоҳиён дода мешуд. Бистгонӣро сипоҳиёне мегирифтанд, ки ҳамаи абзору адавоту лавозимоти мавриди ниёзи як низомиро дошта бошанд. Дар аҳди Сомониён пардохти Бистгонӣ нисбат ба ҳамаи давлатҳои шарқӣ муназзамтар будааст. Дар давраи ҳукмронии Ғазнавиён, бино бар маълумоти Байҳақӣ ва Низомулмулк, Бистгониро ҳам лашкариёну ҳам сарбозону ҳам ғуломон мегирифтаанд.
Ҳомидҷон Зоҳидов Ҳомидҷон Зоҳидов дар деҳаи Чодаки водии Фарғона таваллуд шудааст. Факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории Самарқандро хатм кардааст. Донандаи хуби забонҳои арабию форсӣ ва дастхатҳои қадима буд. Агарчанде ки маълумоти пизишкӣ надошт, ба истилоҳоти тибби бостонии тоҷик шинос буд. Чунки падару бобояш дар баробари пешаи асосиашон – кишоварзӣ, ҳамчунин пизишкӣ мекарданд ва осори тибби бостонии тоҷикро хуб медонистанд. Авҷи фаъолияти Ҳ. Зоҳидов, ки ӯро ба оммаи мардуми тоҷик ҳамчун донишманди беҳамтои риштаи тиб шиносонд, ба охири солҳои 80-ум ва оғози солҳои 90-уми садаи гузашта рост меояд. Дар ин давра китобҳои машҳури ӯ «Хазинаи тибби қадим» (1990), «Канзи шифо»(1991, тарҷимаи ӯзбекиаш 2004) ба чоп расиданд. Дар рӯзномаҳо якчанд мақолаҳояш, инчунин саволу ҷавобҳояш («Тоҷикистони Советӣ» 27.01.1990, 16.06.1990) бо хонандагон дарҷ гардид. Маҳз дар ҳамон солҳо бисёре аз донишмандони имрӯзаи тибби тоҷик аз сабақҳои Ҳомидҷон Зоҳидов, ки ба таври ғайрирасмӣ ба вижа барои олимони ҷавон ва дигар шахсони боистеъдод анҷом мегирифтанд, баҳра бардоштаанд. Ӯ дар ҳақиқат беҳтарин омӯзгор ва тарғибгари беғарази асосҳои тибби бостонии Ховар, ба вижа тибби анъанавии тоҷик, аз он миён шинохти гиёҳҳои доруӣ ва тарзҳои омодагардонии муолиҷаи маризон бо гиёҳҳо дар китобҳояш - «Хазинаи тибби қадим» (1990), «Канзи шифо»(1991) маълумот овардааст.