Top 10 similar words or synonyms for тамоси

миқроз    0.967373

ракета    0.963772

дарьё    0.960740

имтиёзнок    0.960619

аутентификатсия    0.960032

дуздидани    0.958576

локалии    0.958500

ibm    0.958380

аллергии    0.958317

никел    0.957997

Top 30 analogous words or synonyms for тамоси

Article Example
Бӯса Бӯса ё бӯсидан - тамоси лаб бо ҷойи дигар аст, ки маъмулан барои ибрози муҳаббат, нишон додани эҳтиром ва ё ба унвони салом ва худоҳофизӣ истифода мешавад. Бӯсидан метавонад барои нишон додани равобити эҳсосӣ ва ё ҷинсӣ истифода гардад. Бӯсаи ба таври куллӣ яке аз роиҷтарини равишҳои иброз ишқ ва муҳаббат аст. Бӯс ва мӯч луғати дигари ҳастанд, ки барои ин рафтор ба кор мераванд.
Ҷиноятҳои компютерӣ Ҷиноятҳои компютерӣ — дар боби 28 КҶ ҶТ пешбинй гардида, аз ҷиноятҳои зерин иборат аст: гайриқонунӣ дастрас намуданн иттилооти компютерӣ (м.298), тагйир додани иттилооти компютерӣ (м. 299), тахриби компютерӣ (м. 300), гайриқонунй ба даст овардани иттилооти компютерӣ (м. 301), тайёр кардан ва ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсус барои гирифтани тамоси гайриқонунй ва ё шабакаи компютерӣ (м. 302), таҳия, исгифода ва паҳн карданн барномаҳои зараровар (м, 303),
Аллергия Ҳангоми ташхиси бемориҳои аллергӣ аз бемор муфассал пурсидани таърихи касалӣ басо муҳим мебошад, чунки аз сухани ӯ оид ба хусусияти беморӣ ва омилҳои пайдоиши он хулоса баровардан мумкин аст. Духтур ба ин васила аз кадом гурӯҳи аллергенҳо пайдо шудани бемориро тахминан муайян карда метавонад. Аллергенҳои бемориангезро ба тавассути озмоиши махсус ва тадқиқи лабораторӣ ошкор мекунанд. Ташхиси бемориҳои аллергӣ, муолиҷа, бистаригардонии баъзе гурӯҳҳои беморон, ёрии махсуси машваратӣ ба муассисаҳои муолиҷавии дигар, баҳисобгирии бемориҳои аллергӣ, тарғиби маълумоти аллергологӣ дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосии кабинетҳои аллергологӣ мебошад. Тадбирҳои пешгирии бемориҳои аллергӣ: роҳ надодан ба тамоси такрорӣ бо моддаҳое, ки ҳассосияти баланди организмро ба вуҷуд меоваранд; ҷилавгирии ихтилоли аксуламали муҳофизатии организм. Шири модар муҳимтарин воситаи пешгирии аллергияи кӯдакон аст. Кӯдаконе, ки ғизои сунъӣ мегиранд, ба бемориҳои аллергӣ бештар гирифтор мешаванд. Баҳри дучор нагаштан ба аллергия риояи низоми дурусти меҳнат ва истироҳат аҳамияти калон дорад.
Аллергия Баъзе аллергенҳо ба организм аз берун ворид шуда (экзогенӣ), баъзеи дигар дар худи организм ташаккул меёбанд (эндогенӣ ё аутоаллергенҳо). Аллергенҳои экзогенӣ ду хеланд: ғайрисироятӣ (гарду чанги хона, пашми ҳайвонот, дору, моддаҳои химиявӣ, гарди растанӣ, хӯроквориҳои гӯштиву ширӣ ва наботӣ) ва сироятӣ (бактерияҳо, вирусҳо, занбӯруғҳо ва маҳсули фаъолияти онҳо). Дар сурати бори аввал ба организм ворид гаштани аллерген, таассурҳои ғайримуқаррарии аллергӣ рӯй медиҳанд. Он гоҳ ҳассосияти организм баланд намешавад, аммо худи аллерген моддаҳоеро ҳосил мекунад, ки онҳо ҳуҷайра, бофта ва узвҳоро иллатнок мегардонанд. Ба одам бештар таассурҳои махсуси аллергӣ хосанд. Таассурҳои аллергӣ аз рӯи вақти падидоӣ ду хел мешаванд: бетаъхир ва суст. Баъд аз 15 – 20 дақиқаи ба бемор таъсир расондани аллергени махсус дар пӯст ва узвҳо таассурҳои аллергӣ ба амал меоянд, ки онҳоро, одатан, таассурҳои бетаъхир мегӯянд. Обилаи пӯст, ихтилоҷ (спазма)-и бронхҳо, ихтилоли кори меъдаю рӯда, садамаи анафилаксӣ, поллинозҳо, саглес, зиқи нафас, бемории зардоб ва обварам (обварами Квинке) аз ҷумлаи таассурҳои аллергии бетаъхиранд. Таассурҳои сусти аллергӣ, одатан, пас аз чанд соат ё шаборӯз авҷ мегиранд. Бемориҳои пӯст, ки дар коргарони саноати химия, дорусозӣ, кормандони тиб, инчунин ҳини ҳассосияти организм ба бактерияҳо мушоҳида мешаванд (масалан, ҳангоми сил, брутселлёз, манқагӣ, туляремия ва ғайра), таассурҳои сусти аллергӣ мебошанд. Аллергия метавонад дар ҳама ҳолатҳои тамоси организм бо аллерген инкишоф наёбад. Дар пайдоиши он ирсият, ҳолати системаи асаб ва системаи эндокринӣ мақоми муайян доранд. Муқаррар кардаанд, ки агар волидайн гирифтори поллинозҳо, садамаи анафилаксӣ, зиқи нафас (шакли ирсии он), баъзе намудҳои зукоми аллергӣ бошанд, пас дар бештар аз 70%-и кӯдакони онҳо бемориҳои аллергӣ инкишоф меёбанд; дар оилаҳое, ки яке аз волидайн бемор аст, то 56%-и кӯдакон ба амрози аллергӣ гирифтор мешаванд.
Бемориҳои кӯдакон БЕМОРИҲÓИ КӮДАКОН, гурӯҳи бемориҳое, ки бештар дар кӯдакон дучор меоянд. Ба ҳар синни кӯдак бемориҳои муайян хос мебошанд. Дар давраи навзодӣ организми тифл ба шароити нави ҳаёт мувофиқ мешавад. Дар ин давра фаъолияти узвҳои ӯ ноустувор буда, зуд халал меёбад. Бинобар ин, дар организми кӯдак тағйироте ба амал меоянд, ки сабаби он­ҳо ноҷӯриҳои инкишофи ҷа­нин дар батн (бемориҳои модар, амрози ирсӣ ва ғайра) мебошанд. Ба сирояти микробҳо ҳассос будани кӯдакони навзод боиси тез-тез ба бемориҳои римнок, уфунии пӯст ва ноф, амрози шадиди вирусӣ ва бактериявии роҳи нафас гирифтор шудани онҳо мегардад. Дар давраи ширхорагӣ аз сабаби зиёд шудани талаботи кӯдак ба ғизо фаъолияти узвҳои ҳозима, ки ҳанӯз пурра такмил наёф­таанд, якбора меафзояд. Аз ин рӯ, кӯдаки ин синну сол тез-тез ба бе­мориҳои аъзои ҳозима (диспепсия, исҳоли хунин, дистрофия ва ғайра) гирифтор мешавад. Дар ҳамин синну сол бемориҳои илтиҳобии шуш (вирусӣ ва ба­териявӣ) ва рахит (дар натиҷаи тағзияи номураттаб ва нарасидани ҳавои тозаю нури офтоб) низ авҷ мегиранд. Дар давраи аз 1 то 3-солагӣ ва аз 3 то 7-солагӣ бинобар паст шудани титри подтанҳо, ки кӯдак аз модар гирифтааст, инчунин бо зиёд гаштани тамоси кӯдак бо ҳамсолон ва калонсолон бемориҳои сироятии шадид (сурхча, сурфакабудак, махмалак ва тарбод) зиёд мешаванд, бемориҳои марбут ба аллергия тез-тез сар зада меистанд. Дар кӯдакони аз 7 то 12-сола, ғайр аз бемориҳои шадиди си­роятӣ, ихтилоли фаъолияти усораи дарунӣ, бемориҳои дил, системаи асаб ва ғайра рух менамоянд. Дар бачагони 12–15-сола ва 15–17-сола дар давраи ба балоғат расидани онҳо имкон дорад инҳирофи узвҳои ҷинсӣ ба вуҷуд ояд; дар ин синну сол тарбод, асабоният, бемориҳои дилу раг бештар вомехӯранд.