Top 10 similar words or synonyms for тагсарӣ

офтоба    0.957848

маҳсӣ    0.946020

делта    0.944996

маъмулӣ    0.944705

болишт    0.944567

кӯрпача    0.944084

аблақ    0.942298

шилми    0.941837

лӯла    0.937915

аҷзои    0.937578

Top 30 analogous words or synonyms for тагсарӣ

Article Example
Тагсарӣ Дар рӯзгори тоҷикон навъҳои гуногуни тагсарӣ ҷой дорад. Шаклан онҳо чоркунҷаву росткунҷа мешаванд. Як навъи болишт лӯлашакл аст. Тагсарӣ/болишт/лӯла барои хоб истифода бурда мешаваду дар вақти истироҳат дар болои кӯрпача нишаста, онро таги даст мегиранд ё ба пушт монда ба девор такя мекунанд. Тагсарӣ/болишт/лӯла дар ҳар хонадон ҳаст. Эҳтиёҷ ба тагсарӣ/болишт/лӯла дар рӯзгори тоҷикон хеле бузург аст. Дар бисоти арӯс ҷой доштани миқдори муайяни тагсарӣ/болишт/лӯла ҳатмист. Болиштҳои арӯсӣ аз рӯи ороиш ҳам фарқ мекунанд: гулдӯзӣ, қӯроқ, зардӯзӣ ва дигар. Тагсарӣ/болишт/лӯла бо пахтаандозӣ, ороиши намуди беруна, намуди матоъ фарқ мекунанд.
Қуроқдӯзӣ Ҳар яке аз ин навъҳо маънии мушаххаси худро дорост. Дар байни тоҷикони водии Фарғона маснуоте, ки аз порчаҳои газвор ва матоъ дуруст мешуд, дар оин ва суннатҳои худ аз таваллуди одам то ба давоми умраш истифода мекарданд. Масалан, дар рӯзи ҳафтуми таваллуди кӯдак аз хонаводагиҳое, ки дар он пирони кордида маскан доштанд, порчаҳои хурди матоъ ҷамъоварӣ намуда ва бо нияти нек (ки дар оянда умри тӯлонӣ ва дорои фарзандон ва наберагони зиёд шавад) аз он порчаҳо пироҳани хурд дӯхта, ба тани кӯдак то баромадани чилрӯзагӣ мепӯшонданд. Пеш онҳое, ки тифли дардманд доштанд, гаҳворапӯши гаҳвораро аз қуроқ медӯхтанд ва умед доштанд, ки бо ин роҳ тифлро аз дард наҷот диҳанд. Дар маросими тӯй бо орзуи (таманнои) зиндагии босаодат, дифоъ аз суқи чашм ва атои фарзандон, аз ду ҷониби чодар порчаҳои варақӣ (қатлама) дӯхта мешавад ва ба остонаи дар пойандози қуроқӣ ба шакли гирдача ва чаҳоркунҷа меандохтанд. Дар назди домоду арӯс дастархони қуроқӣ - суфраи порчагӣ бо таманнои фаровонии неъмат густурда мешавад. Омезиши порчаҳои гуногунранг - рамзи ба синни қӯшапирӣ расидани наварӯсон ва сулҳу оромӣ дар байни қудоҳоро нишон медиҳад. Дар маросими азодорӣ болишти қуроқӣ (қуроқболишт) дӯхта мешуд. Маснуоти қуроқ дар маҳри арӯсӣ низ дида мешуд. Ба он пойандоз, чодарӣ, болиштҳо ва кӯрпаҳои қуроқӣ дохил мешуд. Онҳоро бо нияти бардавомии сиҳатии кӯдакон ва паноҳдорӣ аз суқи чашм бо тарзҳои гуногун медӯхтанд. Ба маҳри арӯс як пойандози порчадӯзӣ, чодарии порчагӣ, як кӯрпаи болопӯш, 10-то болишт (тагсарӣ)-и қуроқӣ ё лӯлаболишт мегузоштанд. Тибқи суннат модари арӯс кӯрпачаи якандозе медӯхт, ки бо зиёда аз 100 порча ё лиёф оро дода мешуд. Дар як кунҷи кӯрпача тӯмор ва дар дигараш буҷулакҳои пойи гӯсфандро дӯхта мемонданд. Ин рамзи хушбахтии наварӯсон буд. Дар маросими тӯйи суннатӣ ду болишти қуроқӣ ва як кӯрпача, як хӯрҷин ва як гарданбанди асп дӯхта мешуд. Дар ҳар як маснуоти қуроқдӯзӣ на фақат ҷиҳати эстетикии он, балки хусусиятҳои хоси маҳаллӣ низ зоҳир мегардид. Дар қуроқдӯзӣ манзараҳои табиат, хусусиятҳои таҳҷоӣ, нақшҳои геометрӣ тасвир меёфтаанд. Бо василаи қуроқдӯзӣ - нақшҳои қадимӣ, рамзу нишонаҳое, ки дар эҷодиёти мардумӣ (истифода) тасвир шудаанд, зинда мегарданд. Бо воситаи рангҳои матоъ, мазмун ва ғояи ороиш ва нақшҳои тасвирӣ фосеҳ ва равшан зоҳир мегарданд. Дар замони муосир санъати қуроқдӯзӣ ба манзалати умумиҷаҳонӣ расида, хусуситҳои хосаи фарҳангии ҳамаи халқҳоро инъикос мекунад. Омӯзиши қуроқдӯзӣ - ба кашфи хоссагиҳои мактабҳои мардумии ҳунармандӣ, омӯхтани оину суннатҳо, шавқу завқи устодони кори дӯзандагӣ мусоидат мекунад.