Top 10 similar words or synonyms for ракета

sc    0.973791

газна    0.972475

дузанагӣ    0.964768

парма    0.964675

никел    0.964224

тамоси    0.963772

хани    0.963510

грузинской    0.963378

одиночка    0.962835

қасру    0.962323

Top 30 analogous words or synonyms for ракета

Article Example
Киштии ракетаандоз Киштии ракетаандоз, навъи киштиҳои чангии руйи обй, ки аслихаи асосиаш ракета мебошад. Киштии ракетаандоз барои бо зарбаи ракетахо нобуд кардани киштиҳои руйи обй ва наклиёти обии душман истифода мешавад.
Механикаи классикӣ дар ин ҷо formula_28 бузургии шитоб аст. Вале ҳама вақт ҳам "m" аз "t" новобаста нест. Масалан, массаи ракета бо хориҷшавии сӯзишвориаш кам шудан мегирад. Дар ин гуна ҳолатҳо муодилаи болоӣ хато буда шакли пурраи қонуни дуввуми Нютон бояд истифода бурда шавад.
Аэродинамика Вобаста ба андозаи суръат ва баландии парвоз аэродинамикаро ба суръатҳои хурд (суръатҳои аз суръати садо пасттар, тақрибан то 1200 км/соат), аэродинамикаи суръатҳои калон (динамикаи газ), аэродинамикаи баландиҳои бузург (супераэродинамика) ҷудо мекунанд. Бо зиёд шудани суръат ва ба суръати садо наз-дик шудани он лозим меояд, ки ба тавсифоти аэроди­намикии ҷисм таъсири бузурги хосияти фишурдашавандагии ҳаво ба назар гирифта шавад. Ҳангоми бо суръати зиёд (аз суръати садо баланд) дар ҳаво ҳаракат кардани ҷисм (масалан, тайёраҳои фавқуссадо, ракета ва дастгоҳҳои кайҳонӣ ва ғ.) бар сатҳи он мавҷҳои зарбатӣ таъсир мекунанд, дар натиҷа муқовимати аэродинамикӣ меафзояд, ҷисм метафсад. Маҷмӯи масъалаҳои аэродинамикиеро, ки ба суръатҳои калони ҳаракати ҷисмҳо тааллуқ дорад, аэродинамикаи суръатҳои калон ё динамикаи газ меомӯзад. Аэродинамикаи газҳои зичиашон ниҳоят тунук, ки дави озоди моле­кулаҳои он ба андозаи ҷисми дар онҳо ҳаракат­ку­нанда наздик аст, аэродинамикаи баландиҳои бузург ё супераэро­динамика номида мешавад. Дар атмосфера чунин шароит дар баландиҳои 100 км ва зиёда аз он дучор мешавад. Соҳаи васеи аэродинамикаи ғайриавиатсионӣ, ки назария ва амалияи муҳар­рикҳои бодӣ, бодбезакҳо, эжекторҳо, техникаи вентилятсионӣ ва ғ-ро дар бар мегирад, аэродинамикаи саноатӣ ном дорад.
Авиакаш Авиакаш, авиабар, киштии ҷангии рӯйиобӣ – пойгоҳи авиатсионии шиновар, калонтарин киштии замони ҳозира, ки қобилияти баланди манёврӣ дорад. Воситаҳои зарбазани Авиакаш самолёту вертолётҳои дар саҳни киштӣ ҷойгирифта мебошанд, ки бо ракета, бомба ва тор­педаҳои ядроию муқаррарӣ мусаллаҳанд. Авиакаш дастгоҳҳои ракетии зенитӣ ва артиллерӣ ҳам дорад. Авиакашҳои замонавӣ зарбазани бисёр­ҳадафа ва зиддизаврақӣ мешаванд, ки муҳаррики муқаррарӣ ё атомӣ доранд. Онҳо барои зарба задан ба киштиву кемаҳои душман дар баҳр ва пойгоҳҳо, объектҳои соҳилӣ, қӯшунҳои хушкигард, самолётҳо, ёфта нобуд кардани заврақҳои зериобӣ дар баҳри кушод, дастгирии қувваҳои хушкигард, фуровардани десанти баҳрӣ, ба роҳ мондани мудофиаи зиддиҳавоӣ ва ғ. пешбинӣ шудаанд. Зарфияташон то 92 ҳазор тонна, дарозии саҳн барои парвози самолётҳо – то 345 м, суръати ҳаракат – то 65 км дар як соат, дурии шино – то 12 ҳазор мил (аз Авиакаши атомӣ номаҳдуд), иқтидори муҳаррик – то 200 ҳазор кВт, ҳайат бо кормандони киштӣ – то 6 ҳазор нафар. Дар саҳни Авиакаш то 90 самолётҳои гуногун ҷой мегиранд; дар он барои таъмини парвозу фурудоии самолётҳо хатҳои парвозу фурудоӣ, 2 – 4 дастгоҳи ба парвоз овардани самолётҳо, ангарҳо (ҷойи ист ва таъмири самолётҳо), самолётбардоракҳо, системаи бехатарии парвоз, таҷҳизоти киштиронӣ ва радиоэлектронӣ, воситаҳои алоқаю идора ва ғ. мавҷуданд. Авиакашҳо дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914 – 18) пайдо шуда, дар флотҳои ШМА, Британияи Кабир, Франсия, Япония васеъ истифода гардидаанд. Охири солҳои 70 асри 20 дар ҳайати Флоти ҳарбии баҳрии (ФҲБ) СССР крейсерҳои (киштиҳои тезгарди ҳарбӣ) вазнини авиабари навъи «Киев», соли 1991 дар ФҲБ Федератсияи Русия крейсерҳои «Адмирали Флоти Иттиҳоди Шӯравӣ Кузнетсов» дохил шуданд. Дар ибтидои асри 21 Авиакаш асосан дар ШМА инкишоф ёфт. Дар ибтидои асри 21 дар қувваҳои мусаллаҳи мамлакатҳои хориҷӣ 27 Авиакаш вуҷуд дошт (ШМА – 15, Британияи Кабир – 3, Франсия ва Ҳиндустон – 2-тоӣ, Аргентина, Бразилия, Испания, Италия, Тайланд – 1-тоӣ).
Авиатсия Инсоният аз қадим орзуи парвоз мекард, ки он дар афсонаву ривоятҳои қадимаи халқҳои ҷаҳон инъикос ёфтааст (дар Юнони Қадим – Дедал ва Икар; дар Ҳиндустони Қадим – Пушпака Вимана дар Рамаяна; дар Шарқ – гилеми парон ва ғайра). Ҳанӯз тақрибан соли 400 то м. файласуф, математик, астроном ва арбоби давлатӣ Архити Тарентӣ аввалин аппарати паришро сохт, ки ба парандае монанд буд. Он «Кабӯтар» (Peristera) номида шуд ва то 200 м парвоз мекард. «Чароғи парон» (чароғ бо болопӯши коғазӣ) ё кураи ҳавоии бо ҳавои гарм пуркардашуда ҳанӯз дар асри 3 то м. дар Хитойи Қадим истифода мешуд. Соли 559 дар шоҳигарии Вэйи Шимолӣ (Хитой) аввалин одам дар бодпарак парвоз кард. Соли 852 дар хилофати Кордова (Испанияи Ҷанубӣ), дар замони ҳукмронӣ амир Абдурраҳмони II (аз Умавиҳо) олим ва ихтироъкори араб Аббос ибни Фарнас (Армен Фирман) матоъҳоро ба чорчӯба кашида, асбобе чун чатр сохт ва аз манораи Масҷиди Бузург ба поён парид. Ин сохти аввалин парашют маҳсуб мешавад. Пас аз 25 сол ибни Фарнаси 65-сола ин ихтирои худро такмил дода, аввалин далтеплани идорашавандаро сохт, ки бо он даҳ дақ. парвоз кард. Ин парвози ибни Фарнас рӯҳонии англис Эймлери Малмсбериро илҳом бахшид ва ӯ соли 1010 асбоби париши ба далтеплан шабеҳро сохт, ки то 200 м парвоз мекард. Пас аз панҷсад соли ин ҳодиса рассом, ҳайкалтарош, меъмор ва олими италиявии замони Эҳё – Леонардо да Винчи аввал нақшаи далтеплан ва соли 1496 худи онро сохт. Дар асри 17 (1630 – 32) олими турк Ҳазарфан Аҳмад Челебӣ дар асбоби худсохти қанотдор аз манораи Галатаи Истанбул (55 м) парвоз намуда, гулӯгоҳи Босфорро (3 км) убур кард. Соли 1633 бародари Ҳазарфан – Лоғарӣ Ҳасан Челебӣ дар ракетаи худсохти худ ба осмон парвоз кард, ки он ба намуди қафасаи махрутӣ сохта шуда, дар натиҷаи сӯзондани борут ҳаракат мекард. Парвоз 20 с давом карда, то баландии 300 м расид. Ин аввалин парвози идорашавандаи ракета ва аппарати муҳар­рики сунъидошта буд. Пас аз сӯхтани борут Лоғарӣ бо қанотҳои пешакӣ ба танаи худ маҳкамкарда саломат ба замин фаромад. Соли 1670 Франческо де Лана-Тертси кори илмии худро чоп кард, ки дар он технологияи парвоз дар асбоби курашакли аз ҳаво сабук баррасӣ мешавад. Аввалин парвози маълуми одам соли 1783 дар Париж амалӣ шуд. Жан-Франсуа Пилатр де Розйе ва маркиз де Арландес дар кураи ҳавоии бародарон Монголфйе, ки бо ҳавои гарм пур карда шуда буду идора карда намешуд, ба масофаи 8 км париданд. Аввалин парвози идорашавандаро дар аппарати париши муҳаррикаш буғӣ (дирижабл) соли 1852 франсуз Жиффар ба масофаи 24 км иҷро кард. Соли 1884 Шарл Ренар ва Артур Кребс парвози аввалинро дар дирижабли муҳаррикаш электрикӣ анҷом доданд. Дарозии дирижабл 52 м, ҳаҷмаш 1900 м3 буда, дар 23 дақиқа масофаи 8 км тай карда шуд. Соли 1884 ихтироъкори рус А. Ф. Можайский моноплани дорои ду муҳаррики буғӣ сохт ва онро санҷид. Аммо ҳангоми санҷиш аппарат ба садама дучор шуд. Кӯшишу ҷустуҷӯҳо нишон доданд, ки муҳаррикҳои буғӣ талаботи Авиатсияро қонеъ гардонда наметавонанд. 17 декабри 1903 бародарон Орвилл ва Уилбер Райт дар самолёти сохтаи худ муҳаррики дарунсӯзро истифода бурда, аввалин парвози тӯлонии идорашавандаи апаррати париши аз ҳаво вазнинро иҷро карданд. Ин парвоз бо муваффақият анҷом ёфт. 25 июли 1909 конструкторлётчики фаронсавӣ Л. Блерио бо сомолёти хеш аз гулӯгоҳи Ла-Манш парвоз карда гузашт.