Top 10 similar words or synonyms for оромиши

нақси    0.934810

санҷишҳои    0.930503

абадию    0.929503

мониторинг    0.928391

ваҳм    0.928313

таваккул    0.928128

дархури    0.927735

сабру    0.925695

дилзанӣ    0.924976

парвардгор    0.924963

Top 30 analogous words or synonyms for оромиши

Article Example
Баҳманёр Бинои тасвирсозе дар ҳама осораш бар тавсифи хаёлангези муҳит побарҷой аст, тахайюлу воқеятро ба ҳам омезиш медиҳад. Бардоштҳо аз падида моли худашанд ва баҳри хонанда оромиши дилпазире ба армуғон меоварад, дар ҳолати шӯридагию шигифтӣ наъраи шайдо ва бонги эътироз баланд ба садо меояд.
Бисмиллоҳ-Ир-Раҳмон-Ир-Раҳим 2. Табаррук ва таяммун (Баракат ҷустан ва накӯӣ хостан). Ин ҳам як ангезаи фитрӣ ва майли ботинии инсон аст, ки дар оғози ҳар амале мехоҳад онро бо баракат ва некӣ ороста созад ва яке аз роҳҳои он иртибот додани кор ва ё чизи мавриди назар бо номи Худованд мебошад, зеро номи ӯ мояи баракат дар кори инсон ва боиси оромиши рӯҳии вай мебошад.
Намоз Намоз бо худсозӣ ва ташаккули шахсияти фард ва пӯёӣ бахшидан ба неруи фикру андешаи намозгузор заминаҳои рушду некбахтӣ ва шукуфоии ҷомеаро бо тамоми маъно фароҳам меоварад, ба аҳли худ оромиши рӯҳӣ ва эътидоли равонӣ мебахшад, шахси намозгузорро аз тамоюл ба бебандуборӣ ва тардоманӣ (фаҳшо), ки падидаи фардӣ бо пайомадҳои иҷтимоӣ мебошад, бозмедорад ва ӯро аз содир намудани корҳои хориҷ аз меъёрҳои шаръӣ (мункар) ва бар зиёни мардум боз дорад:
Бисмиллоҳ-Ир-Раҳмон-Ир-Раҳим 3. Таваккул. Сарфи назар аз он ки инсон асбобу васоил ва лавозими ҳар кореро ба тамому камол омода сохтааст, боз дар замири худ ҳамеша эҳсос менамояд, ки ба як ҳомӣ, роҳнамо ва пуштибони нерӯманди мут­лақе ниёз дорад, ки битавонад фарҷоми некеро барои он кораш фароҳам оварад. Бо ёди Худо ва бо гуфтани Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим инсон дар ин лаҳ­заҳои ҳассос Худоро ба ёрӣ ва роҳнамоӣ мехонад. Шахсе, ки ба Худо имон дорад, дар чунин лаҳзаҳо танҳо бо ёду номи Худованд оромиши қалбӣ ва итминони хотир пайдо мекунад ва бовар дорад, ки пас аз зикри номи Худованд он кораш хотимаи неке хоҳад дошт, зеро вай дар он лаҳзаи ҳассос ба бахшандагӣ (раҳмоният) ва меҳ­рубонӣ (раҳими­ят)-и Худованд умед бастааст. Яъне банда танҳо ризо ва хости Худованди худро меъёр ва милоки дурустӣ ва судмандии кори худ медонад ва растгории худро дар ризои (хушнудии) ӯ меҷӯяд.
Дуогӯӣ Дуо / Дуогӯӣ / Дуохонӣ - аз густурдатарин суннатҳои фарҳанги шифоҳии мардуми тоҷик аст, ки ба наср ва назм гуфта мешавад ва таърихи он ба давраи бостон бармегардад. Навъҳои дуо ё муноҷоту ниёиш гуногун буда, ба мурод ва нияту ҳадафи гуфта шудани он иртибот дорад. Аз ҷумла, дуои фотиҳа бо нияти оғози ҳар кори нав ва кушоиши кор гуфта мешавад; дуои сари дастархон - дуо дар ҳаққи соҳиби таом бо нияти шукргузорӣ аз ғизое, ки хӯрда шуд ва пеш аз ҷамъ кардани дастурхон гуфта мешавад; дуои сафар бо нияти сафари бехатару бомуваффақияти касе ё касоне гуфта мешавад, ки азми сафар доранд; дуои хатми Қуръон пас аз қироати комили сураҳои он хонда мешавад; дуои пас аз намоз дар поёни ҳар намоз дар давоми рӯз тавассути шахси гузорандаи он гуфта шуда, муроди ибодати ӯро баён мекунад; дуои муборакбодӣ маҷмӯи ниятҳост, ки аз номи як ё чанд нафар ба муносибати издивоҷ, таваллуди фарзанд, хонаи нав, оғози ҷашн ё ҳар кори хайри дигар барои дигарон гуфта шуда, пойдориву пешрафти он орзу мегардад; дуо барои арвоҳи гузаштагон тиловати ояте аз Қуръон ва талаби раҳмату мағфирати Худованд барои арвоҳи шахс ё шахсонест, ки даргузаштаанд; дуои талаби шифои бемор бо тиловати оёте аз Қуръон ва калимаҳову таркибҳои хос, дармони дарди бемор ва рафъи хатарро ният кардан (дар фарҳанги шифоҳии тоҷикон ба ин манзур зикр ва талқини ашъоре низ расм аст, ки ғолибан ба шакли рубоист); дуои пеш аз хоб тиловати оёте аз Қуръон, зикри калимаҳо ва таркибҳои хос ва нияту талқин кардани оромиши ҷисму равон дар вақти хоб барои худ ва дигарон. Дар фарҳанги шифоҳии мардуми тоҷик дуову ниёиш ҷойгоҳу мақоми хос ва одоби вижаи иҷро дошта, барои ҳар як аз дуоҳои зикршуда вариантҳои гуногун мавҷуд аст. Ваҷҳи муштараки онҳоро метавон дар ҷиҳатҳои зерин хулоса кард: гӯяндаи дуо аз сидқ ният мекунад; мухотаб офаридгор аст ва гӯяндаи дуо аз ӯ талаби ҳосили мурод мекунад ва ғ.