Top 10 similar words or synonyms for мирсанҷарӣ

исфарак    0.979697

جان    0.973137

пешонағафс    0.972576

نوچه    0.972416

larus    0.971340

шаа    0.971219

سعدی    0.971071

ёҳуи    0.969624

ноо    0.968991

сусмор    0.968755

Top 30 analogous words or synonyms for мирсанҷарӣ

Article Example
Ғӯлинг Вобаста ба хусусияти навъҳои зардолу ғӯлинг калондона (навъҳои "мирсанҷарӣ", "исфарак," "хурмоӣ", "зарафшонӣ", "навоӣ" ва ғ.) миёна ("бобой", "қандак", "хусравонӣ" ва ғ.) ва резадона ("хасак, "харҷӣ") мешавад.
Аштак АШТÁК, аштақ, қайса, як навъ ғулинги буғдода ва хушконидаи бедонак. Барои Аштак зардолуи тару тоза ва нимпухтаро ба сабад ё қутиҳои чӯбини роғдор андохта, ба дамдони махсус болои ҳам мегузоранд ва сарпӯшашро мепӯшанд. Сипас дар ягон зарф сулфури ғурӯша ё хокаро даргиронда, ба зери қуттиҳо мегузоранд ва бо дуди он зардолуҳоро буғ (1–1,5 соат) медиҳанд. Баъди бо гази сулфур (SO2) буғ додан, зардолуро ба рӯйи фанер ё тахтаҳои махсус паҳн карда, дар офтоб пажмурда (24–36 соат) менамоянд, баъд донакашро аз ҷойи думчаи мева бароварда, 5–6 рӯз дар офтоб мехушконанд.Зардолуи буғдо­да хушранг (зарди шаффоф ё сурхи ҷилодор) мешавад ва муддати зиёд кирм намезанад. Баъ­зан ба дохили Аштакмағзи худи зардолу, мағзи бодом, чормағз ҷой карда мехушконанд. Ин гуна Аштакро нонаштак ё Аштаки хубонӣ меноманд. Аштаки мағздор хушмаза мешавад, вале зуд кирм мезанад. Аштакро асосан барои тайёр кардани ғулингоб, инчунин дар қаннодӣ истифода мекунанд. Барои Аштак бештар навъҳои зардолуи сергӯшт истифода мегарданд. Махсусан зардолуи навъҳои Хурмоӣ, Бобоӣ, Исфарак, Субҳонӣ, Зарифӣ, Кадухурмоӣ, Боқитаптап, Аҳрорӣ, Фалғарӣ, Ниёзӣ, Мирсанҷарӣ ва ғ. аштакбобанд. Аштак17–18% об, 68–76% қанд, 1,4–3,4% моддаҳои пектинӣ, ҷавҳари себ, витаминҳои С, B1, В2, каротин (провитамини А) ва ғ. дорад. Аштак бештар дар ноҳияҳои Конибодом, Ашт, Хуҷанд, Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳу Айнӣ маъмул аст. Баъзан аз навъҳои шафтолу низ Аштак тайёр мекунанд. Аз 100 кг зардолуи тару тоза 22–26 кг Аштак тайёр кардан мумкин аст.
Боғдорӣ Бунёд кардани боғ қабл аз ҳама ба хосияти биологии навъи мева, хок, обу ҳавои маҳал, зичии аҳолӣ, мавҷудияти корхонаҳои саноатии таҳвили мева вобаста аст. Ноҳияҳои вилояти Суғд (Исфара, Конибодом, Хуҷанду Ашт, Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ) барои парвариши анвои зардолу (Бобоӣ, Мирсанҷарӣ, Исфарак, Хурмоӣ, Кӯрисодиқӣ, Фалғарӣ, Ғӯлингӣ, Қандак, Ниёзӣ, Паррак) ва шафтолую бодом мувофиқ мебошанд. Шароити иқлими водии Қаротегин (Рашт, Нурободу Тоҷикобод) барои парвариши навъҳои дерпази ноку себ (Хубонӣ, Маликӣ, Шоҳмахмурӣ, Ноки ғармӣ, Кулӯланок), ки ҳосилашро то моҳи май ва июни соли дигар нигоҳ медоранд, хеле мувофиқ аст. Ноҳияҳои водии Вахш ба рӯёндани ҳосили бармаҳали зардолу, шафтолу, ангур, меваҳои субтропикию ситрусӣ (алалхусус лиму) имконияти фаровон доранд. Иқлими ноҳияҳои Дашти ҷум ва Дарвоз баҳри бунёди анорзору анҷирзорҳо хеле мусоид аст. Дар ноҳияҳои ВМКБ анвои дар ҷумҳурӣ камёфти чормағз, тут, ангат, ангур, инчунин бештар аз 55 навъи зардолу мерӯяд, ки барои бунёд кардани ҳазорҳо га боғи нав имконият медиҳад. Дар ноҳияҳои Тоҷикистон навъҳои мевае ҳам дучор меоянд, ки дар дигар мавзеъҳои ҷумҳурӣ вуҷуд надоранд, чунончи, себи Хубонӣ (ноҳияи Рашт), Себи сурхи понғозӣ (деҳаи Понғози ноҳияи Ашт), биҳии Кӯлкантӣ ва ноки Ворухӣ (деҳаҳои Кулканту Ворухи ноҳияи Исфара), зардолуи Ниёзӣ ва Паррак (ноҳияи Конибодом) ва ғайра.
Боғ Бо мақсади истифодаи дурусти техника боғро ба таври росткунҷа бунёд ё ба растаҳо (25–30 га) ҷудо менамоянд. Дар байни растаҳо ба васеии 6–8 м роҳ мемонанд. Ба растаи якум меваи пешпазак, ба растаи дуюм меваҳои миёна солӣ ва ба растаҳои дигар навъҳои меваи тирамоҳиро шинондан хуб аст. Дар зардолузор ё олузори саноатӣ 2–3 навъ ниҳоли пешпазак ва 3–4 навъ ниҳоли миёнапазак мешинонанд. Ҳангоми бунёди зардолузоре, ки мевааш барои хушкондан пешбинӣ шудааст, 2–3 навъи пешпазак, 2–3 навъи мевааш консервбоб ва 3–4 навъи мевааш ғӯлингбоб (Бобоӣ, Қандак) ва аштаку баргакбоб (Мирсанҷарӣ, Исфарак, Субҳонӣ ва Хурмоӣ) шинондан муфид аст. Дар себзоре, ки ҳосилаш барои тархӯрӣ пешбинӣ гаштааст, 2–8 навъи пешпазак, 2–3 навъи миёнапазак ва 3–4 навъи дерпазак мешинонанд. Дар байни дарахтони ин гуна боғҳо ниҳоли 2–3 навъи шафтолуро бояд ҷой дод. Ниҳоли шафтолу тезрас буда, соли дуюм ё сеюми шинондан ба ҳосил медарояд. Ҳангоми бунёди боғ ба тартиби шинондани навъҳои дарахтони гардолудкунанда эъти-бор додан лозим аст, зеро гули бисёр дарахтони мева аз гарди гули ҳамҷинси худ гардолуд мешавад. Одатан, 4–6 қатор дарахтони меваи асосӣ ва 1–2 қатор дарахтони гардолудкунандаро мешинонанд. Ба ҳар га боғ 1–2 қуттӣ занбӯри асал гузоштан ҳам муфид аст.
Кӯлканд Заминҳои кишоварзӣ ва боғоти Кӯлканд, хусусан дар тарафи ҷануби он воқеъгашта, ки аз ду канали дар замони шӯравӣ кофташуда обёрӣ карда мешаванд, дар ҳақиқат зархезанд. Дар онҳо навъҳои балаззаттарини бисёр меваю сабзавоти гармиталаб парвариш карда мешаванд. Зардолузорҳои хоҷагии деҳа бошанд, дар миқёси ҷумҳуриявӣ машҳуранд. Навъҳои аз глюкоза бойи зардолу, аз қабили қандак, бинигорӣ, мирсанҷарӣ, ки ғайри саҳро дар аксари ҳавлиҳои кӯлкандиён низ мерӯянд, ширинтарин дар ҷаҳон эътироф шудаанд. Муайян шудааст, ки иқлими барои парвариши зардолу мусоидтарин маҳз дар боғҳои ноҳияи Исфара (аз ҷумла дар Кӯлканд) мавҷуд аст, он аз иқлими дигар ҷойҳои Осиёи Миёна фарқ мекунад. Дар ҷаҳон боз минтақаи барои сабзиши зардолу мувофиқтарин ҳаст-Итолиёи Ҷанубӣ, вале аз сабаби иқлими баҳрӣ доштани он ҷо таъми зардолуи итолиёвӣ мисли маззаи зардолуи Исфара, ки аз иқлими гарми хушки континенталӣ ва нисбатан наздик будани кӯҳсори барфпӯш баҳра мебарад, нест. Барои ҳамин ҳам дар солҳои шӯравӣ хоҷагии Куйбишев аз парвариши пахта даст кашид-иқлими ин ҷо барои пахта(ва ҳамчунин барои зироати боғчавӣ-тарбузу харбуза ва барои дарахтони ситрусӣ) нисбатан сард аст.