Top 10 similar words or synonyms for миратулло

коромуз    0.815671

фарҷом    0.804017

петроград    0.797799

тошкентро    0.795772

скрипканавоз    0.786646

нассоҷии    0.786350

сталин    0.785244

мусиқавии    0.783570

ёвари    0.783418

чонишини    0.778588

Top 30 analogous words or synonyms for миратулло

Article Example
Миратулло Атоев АТÓЕВ Миратулло (07.10.1938, деҳаи Ёхсуи Ноҳияи Данғара – 10.04.1994, шаҳри Душанбе), оҳангсози маъруфи тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1983).
Миратулло Атоев Бо медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Аз соли 1967 узви ИК ИҶШС.
Миратулло Атоев Аз оилаи деҳқон. Дар хурдсолӣ ятим монда, дар хонаи бачагони Кангурт ва Душанбе (хонаи бачагони боистеъдод) тарбия гирифтааст. Хатмкардаи мактаби мусиқӣ (1954), Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1959) ва Консерваторияи давлатии Тошканд (1965). Баъди хатми консерватория мудири шуъбаи фанҳои назариявии Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1965–1969), мудири кафедраи фанҳои назариявии факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Шевченко (1969–1971), директори мактаби миёнаи махсуси мусиқӣ (1971–1981), директори Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1981–1985), Соли 1985 роҳбари бадеии оркестри эстрадии «Гулшан» буд. Аз соли 1986 муаллими фанҳои назариявии Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва дотсенти ДДСТ ба номи М. Турсунзода.
Миратулло Атоев Атоев Миратуло дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ асарҳо офаридааст. Муаллифи зиёда аз 70 суруд: «Таронаи рӯд» (шеъри М. Турсунзода), «Тоҷикистон» (шеъри М. Ҳай­даршо), «Модарони интизор» (шеъри Ҷ. Каримзода), «Шаҳидони абадзинда» (шеъри Б. Собир); романсҳои «Навои дил» (шеъри М. Иқбол), «Чӣ меравӣ» (шеъри Абдурраҳмони Ҷомӣ) ва ғайра; зиёда аз 20 суруд барои бачаҳо: «Модари ҷон, модарам» (шеъри Б. Раҳимзода ва М. Фарҳат), «Кишвари беканор» (шеъри Ҳ. Файзулло) ва ғайра; 21 пйесаи бачагона барои фортепиано, пйесаи кон­сертӣ барои рубоб ва фортепиано, ду пйеса барои скрипка ва фортепиано; рақс барои рубоб ва фортепиано, оҳанг барои ансамбли скрип­канавозон, рақс барои скрипка ва фортепиано, сонатаи 3-қисма барои фортепиано, сонатина барои фортепиано, симфонияи № 1 («Мубориза»), Симфонияи № 2, достони симфонии «Ба хотираи қаҳра­монони Сталинград», сюитаи симфонии «Муш ва гурба» (У. Зоконӣ); сюитаи хореографии «Пахтакорон», увертюраи «Тӯёна» барои оркестр, консерт барои фортепиано ва оркестр, консерт барои скрипка ва оркестри симфонӣ; кантатаҳои «Дар оғӯши Ватан» барои хори бачагона ва оркестр, «Кишвари азиз» барои солист, хор ва оркестр, «Мо бачагони хушбахтем» барои хори бачагона ва оркестр, «Субҳи кишвари ман» барои хори омехта ва оркестр, достони вокалӣ-симфонии «Китоби об» барои солист, хор ва оркестри симфонӣ; достони вокалӣ-симфонии «Роғун» барои солист, хори омехта ва оркестр; балети «Камони сеҳрнок» (либреттои С. Азаматова), мусиқӣ барои спектакл, кинофилмҳо ва ғайра Сюитаи симфонии «Муш ва гурба»-ро собиқ Оркестри калони симфонии Кинематографияи ИҶШС иҷро намудааст.
Муслиҳиддин Мирзоев Муслиҳиддин Мирзоев 5 апрели соли 2000 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ҳоло хонандаи синфи 8-уми мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев аст. То имрӯз 15 тарона хондааст. Муаллифи оҳанги ҳамаи таронаҳояш бародараш Беҳрӯз Мирзоев аст, ки ӯ аз овони хурдӣ оҳанг менависад ва ҳоло дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад.