Top 10 similar words or synonyms for мебахшид

нагузорад    0.954878

чабру    0.951872

хаданги    0.951576

раҳмати    0.948343

ранҷу    0.948002

равшану    0.947493

гудози    0.947470

хайёмро    0.946071

сухт    0.945949

carved    0.945531

Top 30 analogous words or synonyms for мебахшид

Article Example
Мансури II ибни Нӯҳ Саркардаҳои турк дар ин давра хӯҷаини комили мамлакат буданд. Миёни Фоиқ, Бектузун ва Маҳмуд қаламрави Сомониён тақсим мегашт ва дар давоми солҳои 998-999 онҳо чандин бор бо ҳам ҷангида, саранҷом сулҳ мекарданд. Саркардаҳои турк амири сомониро ба бозичаи дасти худ қарор додаанд ва амири нотавони сомонӣ ҳам ба ҳамаи хостаҳои онҳо розӣ гашта, ба онҳо мулку лақаб мебахшид.
Шикоргарӣ Мисли дигар касбҳо шикоргарӣ ҳам рисолаи худро доштааст, аммо аксари мардуми кӯҳистон онро дар даст надоштанд. Устод ба шикорчиёни ҷавон мазмуни рисоларо ба тарзи шифоҳӣ бо суханони худ ҳикоят менамуд, қоидаву меъёрҳо, шеваи рафтор, ростқавлию ростгӯйӣ ва монанди инҳоро меомӯзонид. Сайди аввалини афкандаи худро шикорчии ҷавон ба унвони худоӣ бояд хайру садақа мекард. Ӯ бузи кӯҳи ё оҳуи задаашро хӯрок пухта, устод ва меҳмонони омадаро зиёфат медод. Пир ё мулло рисолаи касби шикорчигиро хонда, ба арвоҳи гузаштагон ин пеш мебахшид. Баъд аз зиёфат шикорчии ҷавон ба устод ҷомаву дастор туҳфа мекард, устод низ дар навбати худ ба шогирд ягон аслиҳаи шикориро тақдим менамуд.
Ҷалолуддини Балхӣ У ҳамеша, ки гандумро дарав мекард. Даҳяки онро ба нодорон медод ва чун гандуми боқимондаро орд мекард, боз даҳяки ордро ба ҳоҷатмандон медод. Ҳангоме, ки нон мепухт даҳяки нонро ба дигаррон мебахшид. Рӯзе фарзандони худро гирд оварда васият кард, ки мабодо ҳиссаи мискинон дармондагону бечорагонро фаромуш кунед. Агар ҳаққи фақиронро бидиҳед Худованд ҳам ба кишту меваи шумо меафзояд. Бо ин ҳама Худованд мукофоти некукоронро кафолат додааст ва агар касе аз даромади худу моли хеш нодоронро шарик кунад шак нест ки ҳоҷатманду гиритори мушкили нахоҳад шуд.
Екатеринаи II Екатерина донишманд буд. Дар солҳои арӯсиаш, ки танҳо мезист, тамоми вақти холиашро ба омӯхтани асарҳои фалсафӣ мебахшид. Вай таърихи Олмон, асарҳои кайҳоншиносии Балйй, корҳои илмии қонундони англис Блекстонро …аз худ кард. Солномаҳои русиро таҳқиқ намуда, ба низом овард ва ҳатто ба забоншиносии муқоисавй шавқи беандоза зоҳир сохт. Дар ин самт бисёр китобҳоро гирд овард ва дар асоси забони русй ба тартиб додани луғати муқоисавии забонҳо даст зад. Баъдтар ҳамаи матлабҳои ғуннамудаи Екатеринаро ба академик Паллас супурданд ва ӯ ҷилди нахустини фарҳангро ба чоп омода гардонд. Давраи ҳукмронии Екатерина пур аз ихтилоф буд. Вай ба ҳама озодӣ ва савод надода бошад ҳам, аммо дар қалби мардуми рус чи гуна аҳамият доштани ин мафҳумҳоро ҳамчун асоси мавҷудияти шахсият ҷой кард.
Наъно Хусусиятҳои доруии Н. ҳанӯз ба Диоскорид (а. 1 м.), Ҷолинус, Закариёи Розӣ, Абӯалӣ Сино, Берунӣ ва диг. маълум буд. Мас., Абӯалӣ Сино марҳамеро, ки аз Н. тайёр мекард, барои табобати дарди сар, ҳар гуна римхона ва ғ. истифода мебурд, бо оби Н. бошад, бемориҳои меъда, гӯш ва зардпарвинро дармон мебахшид; тухми Н.-ро позаҳр меҳисобид. Дар фитотерапия бо Н. гипертония (ғалаёни хун), атеросклероз, иллати гурда, ҷигар, рӯдаву меъдаро муолиҷа мекунанд. Агар Н.-ро бихӯранд, гармӣ мебахшад, дилро қавӣ мегардонад, хуни ғафсро рақиқ месозад. Оби Н. – и тару тозаро дар офтоб ғафс гардонда биёшоманд, хунравӣ ва хунпартоиро қатъ мекунад, узвҳои дарунро аз моддаҳои зарарнок пок менамояд. Чун Н.-ро бо сунбул дар об биҷӯшонанд ва он обро бинӯшанд, дарди дилро шифо мебахшад. Истеъмоли ду-се шохча Н. бо оби анори турш ҳикакро таскин медиҳад, дилбеҳузурӣ, қай ва исҳолро манъ мекунад, иштиҳо меоварад, дарди дил ва синаро рафъ месозад. Агар Н.-ро кӯфта, бо орди ҷав хамир карда гузошта банданд, пучакро мепазонад.