Top 10 similar words or synonyms for конструктории

чонишини    0.932521

коромуз    0.915853

директорони    0.909338

сардухтури    0.906629

хизбии    0.906200

бтк    0.905985

пажӯхишгохи    0.904457

республикавии    0.902183

ёвари    0.900670

аикт    0.897018

Top 30 analogous words or synonyms for конструктории

Article Example
Владимир Бармин Аз охири соли 1940 сарконструктори заводи «Компрессор», ки баъди оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои истеҳсоли тиру тӯпи реактивӣ ва таҷҳизоти корандози БМ-8, БМ-13 («Катюша») мутобиқ карда шуда буд. Баъди ҷанг ба Бюрои давлатии махфии конструктории «Спетсмаш» (корхонаи истеҳсоли маҷмӯаи заминии мушакӣ) сарварӣ карда, ба Шӯрои сарконструкторон, ки С. П. Королев ташкил карда буд, шомил гардид. Аз соли 1947 таҳти роҳбарии Бармин барои мушакҳои Королев (Р-1, Р-2, Р-11, Р-5, Р-5М) маҷмааҳои корандоз бунёд карда шуданд, ки Р-5М нахустин мушаки стратегии дорои заряди ядроӣ буд.
Бабаев Юрий Николаевич БАБÁЕВ Юрий Николаевич (21.5.1928, Маскав – 6.10.1986, ҳамон ҷо), физикадони шӯравӣ, узви вобастаи АИ ИҶШС (1968), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1962). Дар соҳаи физикаи ҳаста таҳқиқот анҷом додааст. Баъди хатми Университети давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дар Бюрои конструктории №11 таҳти роҳбарии А. Д. Сахаров кор карда, дар сохтани нахустин бомбаи ҳидрогенӣ ширкат варзидааст. Бабаев Ю. Н. соли 1955 якҷо бо Ю. А. Трутнев усули нави тарҳи заряди дузинагии ҳидрогениро пешниҳод кард. Бо ду ордени Ленин (1956, 1962), ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва дигар ордену медалҳо, Мукофоти сталинӣ (1953), Мукофоти ленинӣ (1959), Мукофоти давлатии Федератсияи Россия (баъд аз вафоташ) сарфароз гардонида шудааст.
Ҳикмат Юлдошев Техникуми педагигии мардонаи Самарқанд (1926-1930), факултети бинокории Институти индустриалии Осиёи Миёна (Тошканд, 1931-1934), Институти политехникии ирригатсияи пахтаи Осиёи Миёна (Тошканд, 1934-1938)-ро хатм кардааст. Ҳамзамон дар рафти таътил ба донишҷӯёни курсҳои якуми Институти бинокории Осиёи Миёна аз фанни графика (геометрияи тасвирӣ, 1933-1934), дар курсҳои такмили ихтисоси муаллимони Тоҷикистон (1934- 1936) дарс додааст. Меъмор (1938-1940), роҳбари шӯъбаи меъморию конструктории “Тоҷикгоспроект”-и назди Совети хоҷагии халқи Тоҷикистон ва ҳамзамон омӯзгори Техникуми бинокории Сталинобод (1940-1941). Иштир. ҶБВ-и с. 1941-1945. Баъди анҷоми ҷанг ҷон. (1945- 1950) сардори Упр. меъмории назди Совети Вазирони Тоҷикистон (1950-1962), мудири сектори сохтмон ва меъмории Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, (1962-1963), роҳбари устохонаи таҷрибавӣ ва лоиҳакашии намунавии № 3 (1963-1969).
Фатҳиддин Муҳаммадов Дар ин муддат дар БТК филиали Душанбе аввалин лоиҳаи тайёраи дуҷояи таълимию машқии “Душанбе-2” (Юлия) барои омӯзиши ибтидоӣ тарҳрезӣ шуд, ки мебоист с. 1990 дар корхонаи навбунёд истеҳсол мегардид, вале пошхӯрии СССР ва оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон ба ин халал расонид. Дуюмин лоиҳаи Бюрои таҷрибавии конструктории тайёрасозии (БТК) тарҳрезии тайёраи боркашу мусофирбари 50-ҷояи “Евразия-50” буд (1989-1991). Ин тайёра барои кишварҳои ҳарорати ҳавояшон то 50 дараҷа гарм ва фурудгоҳашон то 4000 м баланд аз сатҳи баҳр таъин гардидааст. Лоиҳаи сеюми филиали (БТК) Тоҷикистон тайёраи маъмурии 8-12-ҷояи (варианти дуюмаш -50-ҷояи) “Авиамастер” (МИГ-119) буд, ки ба он Ин.-ути марказии аэродинамикии Россия (ЦАГИ) баҳои хеле баланд додааст (1991-93). Лоиҳаи чоруми БТК тайёраи таълимию машқии “Интеграл” – МИГ мебошад (1990). С. 1985-1990 бо Институти давлатии илмӣ-тадқиқотии системаҳои авиатсионӣ (ГОСНИАС) лоиҳаи тайёраи шикории (қиркунандаи) фавқулманёврро мустақилона тадқиқ намуд. Ҷанги шаҳрвандии дохилии кишвар (1992-1997) барои давом додани фаъолияти тадқиқотиаш имконият надод ва ихтироъкор ба Москва бозгашта (1992), ширкати хусусии “ТОО Бюрои таҷрибавию коструктории “ЕврАзия”-ро таъсис дод.
Фатҳиддин Муҳаммадов Фатҳиддин Абдулҳамидович Муҳаммадов 9 феврали 1941 дар ш. Душанбе ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи русии № 12 ш. Душанбе таҳсил намудааст (1960). Аз соли 1950 дар маҳфили авиамоделсозии Хонаи пионерони ш. Сталинобод (ҳоло – Душанбе) иштирок карда, чун узви Аэроклуби ш. Сталинобод ба ҳайси лочин - варзишгар дар планеру тайёраҳои А-2, МАК-15, L-13, ЯК-12 ва ЯК-18 парвоз намудааст. Аввалин ҳавопаймои худро дар Хонаи пионерон с. 1958 дар 17-солагиаш ихтироъ кардааст, ки он “Душанбе-1” ном дошт. Баъди хатми факултети механикии Институти инженери авиатсияи граждании Рига (Латвия) аввал ассистент (1967-1970), сипас аспиранти кафедраи аэродинамика ва динамикаи парвоз (1970-1973) будааст. Соли 1973 дар мавзӯи “Хусусиятҳои аэродинамика ва динамикаи тайёраи мусофиркаши фавқуссадои ТУ-144” рисолаи номзади дифоъ кардааст. С. 1974-1981 корманди масъули кафедраи лоиҳакашии тайёраҳои Институти авиатсионии Москва. Бо ташаббуси ӯ дар Тоҷикистон сохтмони корхонаи азими авиатсионӣ, таълими инженерон ва мутахасисони ин корхона дар шаҳрҳои Комсомолски соҳили Амур, Иркутск, Новосибирск ва Москва ва дигар шаҳрҳои Русия шурӯъ гардид, ки директории сохтмони мазкур ба зиммаи ӯ буд (1980-1985). Сардори (сарихтироъкори) нахустин дар Осиёи Марказӣ Бюрои таҷрибавии конструктории тайёрасозии (БТК) филиали Корхонаи мошинсозии ба номи А.И.Микояни Москва (1987-1991).