Top 10 similar words or synonyms for каҷак

ҷайра    0.981340

пешонағафс    0.980833

мала    0.980592

фароштурук    0.977542

литий    0.974377

шабуш    0.974025

гуштдех    0.972546

бургут    0.971943

шираворӣ    0.971283

муруд    0.970682

Top 30 analogous words or synonyms for каҷак

Article Example
Намадмолӣ Дар Помир истеҳсол ва гулпартоии намадҳои пурнақшу нигор, асосан, касбу кори занҳо мебошад. Дар амали гулпартоӣ нақшҳои гуногуни анъанавӣ: резгигул, калонгул, миёнагул;нақшҳои ислими лола, бодом, нилуфар; тасвирҳои зооморфӣ: гули аждар, тоҷи хурӯс, товус, кабӯтар, морак,; нақшҳои ҳандасӣ: чоркалид, давра, турунҷ, ишкелбанд, занҷирбанд, гирдоб, мавҷ, каҷак ва ғайра истифода мешаванд.
Заргарӣ Заргарон дар истеҳсоли маснуоти бадеӣ (зару зевар, асбобу ашёи рузгор, либосу аслиҳаи чангӣ) аз фулузот: тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан ва ғайра; аз сангҳои гаронбаҳову ранга: лаъл, ёқут, фирӯза, зумурад, лоҷувард, каҳрабо, булури куҳӣ, ҷамаст, яшм, ақиқ ва монанди инҳо; аз маводи табиӣ: устухони фил, садаф, марворид ва чанде дигар истифода мекунанд. Маснуоти сохтаи заргарон: ангуштарин, гӯшвор, зеби гардан, болои абрӯ (қоши тилло), каҷак, бозубанд, дастпона, ҳайкал, тӯмор ва амсоли инҳо аз ҷумлаи зеварҳои маъмулии занҳои тоҷик мебошанд. Заргарони Бухоро дар сохтани камарбандҳои васеи мардона, ки асосан бо фирӯзаву марворид хотамкорӣ мешуданд, шуҳрат ёфта буданд.
Гулбастпартоӣ Гулбаст - матои дастии пахтагин ва сернақш аст. Дар минтақаи Кӯлоб васеъ истифода мешавад. Дар рӯи матои пахтагини сафед, яъне сон, сони ғуломҷонӣ тайёр карда мешавад. Ҳангоми интихоби матоъ бояд зирак буд, зеро ки агар сони интихобшуда бо риштаҳои абрешимӣ омехта бошад, дар рӯи он гулҳо дуруст чаконда намешаванд. Яъне, гулбастро дар рӯйи он омода кардан имконнопазир аст. Дар коркарди гулбаст асосан аз рангҳои одӣ, ки миёни аҳолӣ бо номи ранги қавволӣ маъмул аст, истифода мебаранд. Матои гулбастро асосан бо рангҳои зард, сабз ва сурхи ҷигарӣ дидан мумкин аст. Аз қадим гулбаст бо ранги сурхи ҷигарӣ тайёр карда мешуд. Аммо аз асри ХХ сар карда ҳунармандон барои диққати мардумро ҷалб кардан дар омода намудани гулбаст аз рангҳои зард ва сабз истифода мекардагӣ шуданд. Рангҳои гулбастро ҳунармандон чунин талқин медиҳанд: ранги зард - рамзи рӯшноӣ; ранги сабз - сарсабзӣ, камоли умр; ранги сурхи ҷигарӣ - рамзи мубориза. Дар рӯи матоъ гулҳои моҳтоб, офтоб, каҷак, шохча, бодомак, тӯморча чаконида мешаванд.
Архар Архар, ғулча (Ovis ammon poli) - як навъ ҳайвони ҷуфтсумро гӯянд. Ҷуссаи калон ва пойҳои дарози боқувват дорад. Дарозии баданаш 110-200 см (модинааш нисбатан хурдтар аст), кадаш 65-125 см, вазнаш 110-230 (модинааш 90-100 ) кг. Шохаш каҷак ва сахту мустаҳкам, зарди сафедтоб, дарозиаш 67-190 см, вазнаш то 30 кг: шохи модинааш нисбатан борик ва кӯтоҳ (то 160 см). Пашмаш, дурушт кӯтоҳ вобаста ба фасли сол тағир меёбад (зимистон зич ва тобистон нисбати тунук мешавад). Архарҳо ранги гуногун (масалан: бӯр, зарди сурхча, қаҳваранг) доранд. Рангаш қаҳваги зардтоб буда, таҳи шикамаш бо мӯйинаи сафедранг пӯшида шудааст. Аъзои босира сомеа ва шоммаи Архарҳо нағз инкишоф ёфтааст, Архарҳо дар 2,5-солаги болиғ ва то 8-10-солаги калон мешаванд. Давраи ҳамлашон 5-6 моҳ. Дар Тоҷикистон Архарҳо фақат дар Помир (дар баландии 3500-5000м) зиндагӣ мекунанд, Ғизои Архарҳо алаф (рӯзе қариб 18-18,5 кг модинааш то 16 кг) аст.
Ноҳияи Ҷаббор Расулов Таърихи ноҳияи Ҷаббор Расулов як қисми ҷудонашавандаи таърихи ҶумҚазноқ, Қуланбош, Деҳмой ва Ғӯлакандоз мебошанд. Бо пайвастҳурии Тоҷикистон мебошад. То инқилоби октябр ноҳия яке аз уездҳои Хуҷанд ба ҳисоб мерафт. Дар асарҳои таърихи, номи ноҳия аз моҳи ноябри соли 1917 ҳамчун стансияи Драгомирово қайд гардидааст. Мавзеъҳои қадимаи таърихии ноҳия маҳаллаҳои шавии Осиёи Миёна ба Руссияи подшоҳи, дар ҳудуди ҳозираи ноҳия аввалин корхонаҳои саноати пайдо шуданд ва дар иқтисодиёт муносибатҳои капиталисти инкишоф ёфтанд. Соли 1875 дар деҳаи Деҳмой корхонаҳои винобарори ва заводи шиша ба кор даромада, иқтидори он дар охири асри XIX ба 80 ҳазор адад шиша дар як сол расид. Дар деҳаи Хитойреза дар ҳамон давра осиёб сохта шуд. Дар деҳаи Ғӯлакандоз дар соли 1872 - 19 адад нуқтаҳои савдо амал мекарданд ва чунин нуқтаҳои савдо дар аввали асри XX дар деҳаҳои Гулхона ва Янгиҳаёт низ амал мекарданд. Яке аз иншоотҳои қадимии таърихию фарҳангии ноҳия, қалъаи Хитойреза буда, осори таърихи асри XVIII мебошад ва айни ҳол дар ҳудуди ҳозираи деҳаи Ӯзбекқишлоқ Ҷойгир аст. Дар давраҳои гузашта, маҳсулоти асосии истеҳсоли маҳалли, намудҳои гуногуни ғалладона, пахта, растаниҳои равғандор, якчанд намуди бодом ба монанди қораги, каҷак, талх, сафед ва ғайра, навъҳои гуногуни ангур ва ширини аз он, инчунин асбобу олоти кулолгари ба ҳисоб мерафт.