Top 10 similar words or synonyms for кароҳияте

тароват    0.813185

рӯза    0.794097

бади    0.793505

касро    0.790958

ҳоҷат    0.787748

меҳрубонӣ    0.786229

хутба    0.784729

инро    0.777974

паноҳ    0.774593

набояд    0.774230

Top 30 analogous words or synonyms for кароҳияте

Article Example
Намози ҷамоат Аммо дар масҷидҳои сари роҳҳо, бозорҳо ва он масҷидҳое, ки имом ва муаззини доимӣ надоранд ва намозҳо ба таври мураттаб дар онҳо барпо дошта намешаванд, такрори ҷамоат боке надорад. Ҳамчунин агар дар масҷиди маҳалла чанд тан мусофир ва одамоне ғайритаҳҷоӣ пеш аз аҳли он бо амри зарурат ҷамоате барпо доранд ва ё пас аз баргузории намоз аз сӯи аҳли маҳал ба он ҷо бирасанд ва ҷамоати дигаре барпо намоянд, ҷоиз аст ва ҳеҷ кароҳияте надорад. Агар гурӯҳе аз аҳли маҳалла низ бе азону қомат ва ё бо паст гуфтани азону қомат ҷамоати дигаре барпо намоянд, ба қавли баъзе фатово кароҳияте надорад.
Закот Шахс метавонад закоти худро дар миёни ҳамаи мустаҳиққони ҳаштгона ё чанд гурӯҳи онҳо, агар вуҷуд дошта бошанд ё танҳо як навъи онҳо ба ҳар миқдоре хоҳад, тақсим намояд. Аз назари бузургони мазҳаби ҳанафӣ ба як шахси мустаҳиқ дар болотарин сатҳ танҳо ба миқдори як нисоб закот додан ҷоиз аст ва вай бо ҳамин ба поёнтарин ҳадди сарватмандӣ, яъне нисоб мерасад. Дар айни ҳол ба дигар аҳли хонаводааш, ба монанди ҳамсар, фарзанди ба балоғат расида, падару модар ва дигар тобеонаш низ додани миқдори як нисоб ҷоиз мебошад, яъне барои аҳли як хонавода ба миқдори чанд нисоб закот додан ҷоиз мебошад. Ин кор (ба миқдори як нисоб закот додан ба як мустаҳиқ) аз назари баъзе фақеҳон бо кароҳият ҷоиз мебошад, вале назди имом Абӯюсуф ҳеҷ гуна кароҳияте надорад. Аз назари дигар мактабҳои фиқҳӣ бошад, додани миқдори чанд нисоби закот ба як шахси мустаҳиқ ҷоиз аст. Дар ушр чунин маҳдудияте вуҷуд надорад, ҳар миқдоре ба як мустаҳиқ дода шавад, ҷоиз мебошад.
Намози ҷамоат Дар назди ҷумҳури мазоҳиби аҳли суннат, аз ҷумла бузургони мазҳаби ҳанафӣ такрори ҷамоат дар масҷиди маҳаллае, ки имом ва муаззини доимӣ дошта бошад, барои аҳли он маҳалла макрӯҳи таҳримӣ аст, дермондагон намозашонро бояд танҳо-танҳо бигузоранд. Ривоят шуда, ки расули Худо (с) аз (баъзе) гӯшаҳои Мадина рӯй овард, мехост намоз бигузорад, вале мардумро дид, ки намозро гузоридаанд, пас ба хонааш баргашт ва аҳли хонаводаашро гирд оварда бо онҳо намоз гузорид. Ба гуфтаи Айнӣ дар Умда (Ҷ. 5. – С. 247) ин қавли Молик, Лайс, Ибни Муборак, Суфёни Саврӣ, Авзоъӣ, Абӯҳанифа ва Шофеъӣ мебошад. Дар назди имом Абӯюсуф (рҳ) ҷамоати дуюм вақте дар рақобат бо ҷамоати аввал баргузор нашуда ва шаклан аз он фарқ намояд, ба ин тариқ ки он дар пеши меҳроб баргузор нашуда ва барояш азону қомат ҳам гуфта нашавад, ҷоиз аст ва кароҳияте надорад ва илло макрӯҳ аст.
Суннат Суннат дар истилоҳи уламои фиқҳ амр ва ҳукмест, ки барои анҷом додани он аз сӯи шаръ таъкид ва тавсияҳои зиёде шуда, вале далоили собитсозандаи он ба қатъияти далоили мусбити фарз набуда. Бинобар ин, тарккунандаи он мустаҳиққи азоб намегардад, вале шаръан мавриди маломат ва итоб қарор мегирад. Аммо исрор ва мудовамат бар тарки суннате аз суннатҳои шаръ ва ё суннатҳоро ба таври куллӣ тарк намудан гуноҳ ва мӯҷиби иқоб аст. Суннат ба ин маъно қисме аз мандуб ва бахше аз аҳкоми таклифии шаръ дар баробари фарз, воҷиб ва ғ. аст ва дар ин ҳол агар тарки он макрӯҳ бо кароҳати таҳримӣ бошад, суннати муаккада ва ё суннати ҳудо хонда шавад, ба монанди азону иқомат ва намози ҷамоат ва агар таркаш кароҳияте надошта бошад, суннати завоид номида шавад, ба монанди мисвок кардан.
Ҷумъа (намоз) Барои вуҷуб ва сиҳҳати намози ҷумъа вуҷуди миср зарурӣ ва аз шартҳои асосӣ ба шумор меравад. Фуқаҳо дар ин ки кадом маркази маскунӣ ва нуқтаи аҳолинишин миср – шаҳр, шаҳристон ва шаҳраки калон ба шумор меравад, назарҳо ва эътибороти гуногунеро иброз доштаанд, ки муътабартарини онҳо ду қавл аст. Бино бар қавли аввал, ки зоҳири мазҳаб аст, шаҳрак, шаҳристон, ҷамоати деҳот, деҳа ва маркази маскуние миср ба шумор мераванд, ки дар онҳо амир (имрӯза раиси шоха ва бахши иҷроии ҳукумат) ва қозӣ (раиси додгоҳ) фаъолият дошта, ба даъвоҳо, шикоятҳо ва хусуматҳои мардуми он ҷой расидагӣ намоянд ва ба иқома ва иҷрои ҳудуди шаръ қодир бошанд. Бино бар қавли дуюм миср ба шаҳре гуфта мешавад, ки масҷиди марказӣ ва калонтарин намозгоҳи он ғунҷоиши ҳамаи намозгузорони мукаллафи он шаҳрро надошта бошад ва фатвои аксари фуқаҳо бар ҳамин қавл аст. Пас намози ҷумъа дар намозгоҳҳои чунин шаҳр, шаҳрак, марказҳои маскунӣ, ҷамоатҳои деҳот ва деҳа барпо дошта мешавад ва хондани ҷумъа дар деҳот ва рустоҳои хурдтаре, ки на ба миср пайвастаанд ва на ба меъёрҳо ва эътибороти боло мутобиқат доранд, ҷоиз нест – намози ҷумъа бар аҳолии он ҷойҳо фарз набуда ва мукаллаф ба баргузории он нестанд, агар онро бигузоранд ҳам, намозашон дуруст намегардад, балки онҳо бояд фарзи вақт – намози пешинро ба ҷой оваранд, ҷамоати фарзи пешин барояшон дуруст ва ҳеҷ гуна кароҳияте надорад.