Top 10 similar words or synonyms for ишқнома

наводир    0.883897

сурудааш    0.850002

ғазалу    0.845227

паҳлавии    0.841529

абдибеки    0.840395

бундаҳишн    0.838435

мунтахаб    0.837955

пайравии    0.837296

маснавие    0.836531

фасоҳати    0.833661

Top 30 analogous words or synonyms for ишқнома

Article Example
Ҳасани Деҳлавӣ Аз Ҳасани Деҳлавӣ девони мукаммал ва достончае бо номи «Ишқнома» боқӣ мондааст.
Ҳаким Саноии Ғазнавӣ Ҳаким Саноӣ шоири соҳибдевон аст ва манзумаҳои Корнамои Балх, Ҳадиқотулҳақиқот, Тариқултаҳқиқ, Сайрулибод, Корнома, Ишқнома, Ақлнома,Ғарибнома, Афвнома ва ба амсоли инхо махсули эҷоди уст.
Ашраф Ашраф (форсӣ: أشرف) Абуалӣ Ҳусайн ибни Ҳасани Мароғаӣ ( вафоташ соли 1459) — шоири форсу-тоҷик. Бо номи Дарвеш Ашрафи Хиёбонӣ низ машҳур аст. Бо писари ҳоким Қарақуюнлу Ҷаҳоншоҳ (асри 15) шоҳзода Пир Будоғхон дӯстӣ дошт ва дар Бағдод зиндагӣ мекард. Пас аз вафоти ин шоҳзода ба Табрез омад ва то охири умр дар ҳамин ҷо умр ба сар бурд. Ашраф идомадиҳандаи равияи эҷодии Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ мебошад. Дар пайравии Низомии Ганҷавӣ панҷ достон – «Хамса» тартиб додааст, ки аз достонҳои «Минҳоҷу-л-аброр» (4260 байт; дар пайравии «Махзану-л-асрор»), «Риёзу-л-ошиқин» (7713 байт; дар пайравии «Хусраву Ширин»), «Ишқнома» (3338 байт; дар пайравии «Лайлию Маҷнун»), «Ҳафт авранг» (3775 байт; дар пайравии «Ҳафт пайкар»), «Зафарнома» (4544 байт; дар пайравии «Искандарнома») иборат аст. Ашраф вобаста ба давру замони худ, сабки эҷодаш ба достонҳои «Хамса» навгониҳо ворид намудааст. Масалан, дар «Ишқнома» ӯ аз забони қаҳрамонон ғазалҳо овардааст. Ҳамин ҷиҳати кори ӯ дар достонҳои шоири озарбойҷонӣ Муҳаммад Фузулӣ (асри 16) идома ёфтааст. Шоирону адибон, махсусан Алишери Навоӣ («Маҷолису-н-нафоис») ба «Хамса»-и Ашраф баҳои баланд дода, онро яке аз беҳтарин назираҳо донистаанд. Дар чор девони Ашраф– «Унвон-уш-шабоб», «Хайру-л-умур», «Боқиёту-с-солеҳот», «Муҷаддадоту-т-таҷаллиёт» қасидаҳо, ғазалҳо, қитъаҳо, рубоиҳо ва ғ. фароҳам омадаанд. Асари Ашраф «Сад панди Алӣ» тарҷумаи манзуми сад ҳикматест, ки ба Алӣ ибни Абитолиб нисбат дода мешаванд. Абёти зерин намунае аз ашъори Ашраф мебошанд:
Ҳазрати Бузургвор Ҳазрати Бузургвор соли 1947 дар 66-солагӣ аз олам чашм пӯшиданд. Мақбараи ӯ воқеъ дар Элоки ноҳияи Файзобод буда, ҳоло зиёратгоҳи мардуми ихлосманд ва поксиришт аст. Шайх Абдурраҳими Давлат аз пирони тариқати нақшбандия буда, дар осори хеш ин таълимотро тарғибу ташвиқ карданд. Аз мероси илмӣ-адабии ин орифи бузург зиёда аз 12 аср маълум ва машҳур аст, ки «Ишқнома», «Кашфуласрор», «Девони ғазалиёт», «18 доираи тасаввуф», «Маснавинома», «Гулистон», «Бӯстон», «Ҷорубӣ» ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳазрати Бузургвор ҳамчун шоир дар мавзӯъҳои гуногуни ирфонӣ: ғазал, қасида, қитъа, маснавӣ, таркиббанд, тарҷеъбанд шеър гуфтааст. Барои аҳли таҳқиқ маълум аст, ки шоирони мутасаввиф даъвои шеъру шоирӣ надоштанд, аммо мекӯшиданд, ки олитарин афкори ирфониро дар қолаби вазн баён кунанд. Дар ҳақиқат барои шоири орифбаён маонии олӣ муҳимтар аст, нисбат ба он ки андешаву қофияву бадиъ кунад. Ҷалолиддини Румӣ ҳам ба ин маънӣ гуфтааст:
Ассор Табрези АССÓР عصار Шамсуддин Муҳаммад ибни Аҳмади Табрезӣ (соли тав. номаълум – ваф. 1390) — шоири форс-тоҷик. Муосир ва дӯсти Камоли Хуҷандӣ. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо шахси таҳсилдида, бохабар аз улуми динӣ ва дунявӣ – нуҷум, риёзиёт, ҳандаса, фалсафа ва ғайра будааст. Девон доштааст ва дар он ашъори дар анвои гуногуни шеър сурудааш – қасидаҳо, ғазалҳо, рубоиҳо фароҳам омада буданд. То замони мо аз Ассор ба таври мукаммал достоне бо номи «Меҳру Муштарӣ» (худи шоир номи асарашро «Ишқнома» гуфтааст) расидааст (5120 байт). Дар достон аз ишқи афлотунӣ, дӯстии пурзӯри ошиқонаи ду ҷавон – Меҳру Муштарӣ сухан меравад. Онҳо дар айёми наврасию ҷавонӣ ҳамроҳ мехонданд. Баъди ба камол расидан аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Яке дар як кишвар, дуюмӣ дар кишвари дигар ҳоким шуданд. Пас аз вафот онҳоро дар паҳлуи ҳамдигар ба хок супориданд. Ассор ба тавассути ин достон ғояи ваҳдати вуҷудро тарғиб кардааст. «Меҳру Муштарӣ» як бор соли 1502 ва дафъаи дигар дар асри 17 ба забони туркӣ тарҷума шудааст. Ин асар ба рушди назми халқҳои туркзабон, масалан, озар­бойҷониҳо таъсир расондааст.