Top 10 similar words or synonyms for истифодашуда

даҳанакӣ    0.763161

мусикӣ    0.737557

забону    0.720127

бачагона    0.720058

атиқа    0.719947

таърихшиносӣ    0.718043

классикӣ    0.717805

космографӣ    0.709389

классики    0.708385

тадвини    0.704141

Top 30 analogous words or synonyms for истифодашуда

Article Example
Бозпахшкунанда воситаҳои техникии истифодашуда интиқол мешавад.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ Асосан ду шакли даромади миллиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: даромади миллии истеҳсолшуда ва даромади миллии истифодашуда.
Бозори меҳнат Функсияи талабот ба маҳсулот Q=12-P. Ҳаҷми истеҳсолот, нархи маҳсулот, миқдори меҳнати истифодашуда ва ставкаи музди меҳнат муайян карда шавад.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ Даромади миллии истифодашуда даромади миллии истеҳсолшуда бо истиснои (яъне минуси) зарар аз офатҳои табиӣ, зарар ҳангоми нигоҳдории мол ва дигар намуди зарарҳо мебошад.
Бозори меҳнат 2) Корхона дар бозори маҳсулот монополист ва дар бозори меҳнат дар шароити рақобати мукаммал амал мекунад. Функсияи талабот ба маҳсулот Q=12-P ва ставкаи музди мехнат ба W=5 баробар аст. Ҳаҷми истеҳсолот, нархи маҳсулот, миқдори меҳнати истифодашуда муайян карда шавад.
Иммунитет Пеш аз тазриқи антиген (моя) аз шахсе, ки ба ӯ моя мегузаронанд, хун гирифта, аз хун лейкоситҳоро ҷудо мекунанд. Минбаъд бо истифодаи яке аз озмоишҳои иммунологӣ аксуламали иммунии фардро нисбати ҳамин моя муқаррар менамоянд. Агар аксуламал дар пробирка пурзӯр бошад, пас мояи истифодашуда дар организм низ аксуламали пурзӯрро ба вуҷуд меорад. Ба чунин бемор меъёри ками мояро мегузаронанд. Агар аксуламал дар пробирка суст бошад, духтур аз рӯи нақшаи пурра ба амал баровардани моягузарониро тавсия медиҳад. Ин тарзи ваксинатсияи фардӣ ҳангоми тайёр кардани поливаксинаҳои синтезӣ ҳам бояд маҳфуз дошта шавад.
Авиатсия Оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 – 45) корҳоро оид ба беҳтар намудани самолётҳо ва истеҳсоли онҳо тезонид. Дар натиҷа самолётҳои типи нав (қиркунанда, бомбаандоз) пайдо шуданд, ки ба онҳо асбобу афзор ва аслиҳаи нав гузошта мешуданд. Аввалин самолёти реактивии дар ҷанг истифодашуда самолёти Heinkel He 178 (Германия) буд (1939). Нахустин ракетаи болдор (Фау-1), ракетаи баллистикӣ (Фау-2) ва ракетаи идорашаванда (Bachem Ba 349) низ дар Германия истеҳсол шуданд. Дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бюроҳои лоиҳасозии С. В. Илюшин, С. А. Лавочкин, А. И. Микоян ва М. И. Гуревич, В. М. Петляков ва А. С. Яковлев қиркунандаҳои ЛаГГ-3, МиГ-3, Як-1, бомбаандозҳои Пе-2, Ил-4 ва навъи хоси самолёти ҳамлавари Ил-2-ро ба вуҷуд оварданд. Дар ин давра суръати самолётҳои қиркунанда ба 600 – 650 км/соат, баландпарвозиашон ба 11–12 км, суръати самолётҳои бомбаандоз ба 550 км/соат, дурпарвозиашон ба 3000 – 4000 км, имконияти борбардориашон ба 3 – 4 т расид. Самолётҳои советии давраи ҶБВ (Ла-5, Ла-7; Як-3, Як-9; Пе-2, Пе-8; Ил-2, Ил-4, Ту-2) бо сифатҳои аэродинамикӣ, вазн ва аслиҳаи худ назар ба самолётҳои немисӣ (МЕ-109, ВФ-190, Ю-87, Ю-88) афзалият доштанд. Дар охири ҷанг суръати баъзе самолётҳои муҳаррикашон поршенӣ ба 690 – 720 км/соат расид. Истифодаи муҳаррики реактивӣ дар Авиатсия инқилоби илмию техникӣ ба вуҷуд овард. Дар коркарди муҳаррикҳои реактивӣ олимону конструкторони советӣ саҳми арзанда гузоштанд. Б. С. Стечкин назарияи муҳаррики реактивии ҳавоиро ба миён гузошт (1929). Ихтироъкори муҳаррикҳои турбореактивӣ дар СССР А. М. Люлка мебошад, ки соли 1937 ба ихтирои аввалин муҳаррики турбореактивии авиатсионии худ оғоз кард. Соли 1939 дар Германия муҳаррикҳои турбореактивӣ ва реактивии моеӣ (ширкатҳои БМВ, Юнкерс), дар Англия муҳаррики турбореактивии Ф. Уиттл ба вуҷуд омаданд. Дар СССР нахус­тин парвози реактивиро лётчик В. П. Фёдоров (февали 1940) дар ракетоплани СК-9 (сохти С. П. Королёв) иҷро кард. 15 майи 1942 лётчик Г. Я. Бахчиванҷи ба парвози нахустини самолёти муҳаррикаш реактивии моеии БИ-1 (сохти В. Ф. Болховитинов) муваффақ шуд. Бо вуҷуди ин Авиатсия минбаъд бо истифодаи муҳаррикҳои турбореактивӣ пеш меравад. Парвози аввалин самолётҳои советӣ бо муҳаррикҳои турбореактивӣ – МиГ-9 ва Як-15 24 апрели 1946 ба вуқӯъ омад. Самолётҳои ин давр аз ҷиҳати схемаи аэродинамикӣ ва шакли худ аз самолётҳои муҳаррикашон поршенӣ тафовут надоштанд, фақат суръати онҳо 100–200км/соат бештар буд. Афзоиш ва ба суръати садо наздик шудани суръати парвоз ба вуҷуд овардани шаклҳои нави самолётҳоро талаб мекард. Дар натиҷа болҳои тунуки пайконшакл пайдо шуданд. Солҳои 1947 – 48 самолётҳои реактивии пайконболи советии Ла-15 ва МиГ-15 ба вуҷуд омаданд, ки суръати онҳо то ба 1050 км/соат мерасид. Пас аз ҶБВ самолётҳои зиёди ҷангӣ бекор монданд ва онҳоро каме дигаргун сохта дар тиҷорат истифода мебурданд. Ин солҳо давраи самолётҳои реактивӣ буд.