Top 10 similar words or synonyms for дуторӣ

удӣ    0.963164

мираки    0.959816

ғиёс    0.951729

носирзода    0.951414

неъматуллоҳи    0.950671

мухаммаси    0.949367

манучеҳрӣ    0.948688

ноӣ    0.946489

муртоз    0.946457

абӯлхайр    0.946406

Top 30 analogous words or synonyms for дуторӣ

Article Example
Набиҷон Баротов Набиҷон Баротов — мутриб-дуторӣ, аз намояндагони соҳибҳунари ҳавзаи иҷроии Хуҷанд (сабки иҷроии Содирхон 1847-1931).
Дутор Дутор, сози мусиқии халқи Осиёи Миёна аст. Дар байни халқҳои Осиёи Марказӣ ва Туркистони Шарқӣ маъмул аст. Он аз аҳди қадим чун сози якканавозӣ ва ҷӯршаванда истифода мешавад. Маълумоти нахустинро оид ба сохт, тартиб, парда ва диг. хусусиятҳои дутор мусиқидони машҳур Зайнулобидин Ҳусайнӣ дар рисолаи мусиқиаш «Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ» (фасли «Дар баёни дутор») сареҳан овардааст. Мувофиқи китоби ӯ дутор дар мусиқии а. 15 мақоми хос дошта, дуториёни машҳури давраш Юсуф Мавлуди Дуторӣ, Хоҷа Исҳоқи Дуторӣ, Хоҷа Муҳаммади Дуторӣ ва диг. дар санъати дуторнавозӣ назир надоштаанд.
Зайтуни Ғижжакӣ Зайтуни Ғижжакӣ (Мавлоно Зайтуни Ҳиротӣ, с. тав. номаълум, с. ваф. 1512 Ҳирот), навозанда, мусанниф, мусиқидон, шоири форс-тоҷик, зодаи Ҳирот. Аз овони ҷавонӣ ба шеъргӯӣ, ҳунарҳои бадеӣ (хаттотӣ, лавоҳӣ, ҳалкорӣ ва ороиши китоб) шуғл намуд. Қавонини ибтидоии шеъру мусиқиро аз падараш Хоҷа Исои Ҳиротӣ омӯхт. Барои фарогирии комили асосҳои амалию назарии мусиқӣ назди Хоҷа Юсуфи Бурҳон, Исҳоқи Шиҳобӣ, Хоҷа Мавлуди Дуторӣ ва дигарон дониш андӯхт. Дар сознавозӣ камолот (ғижжакнавозӣ) ёфта, дар ҳавзаи ҳунарии Ҳирот номвар шуд. Муддате дар хидмати хон Аҳмади Гелонӣ ба сифати мутриб ва хаттот адои вазифа намуда ва аз ӯ мусиқиро (сознавозӣ, мусаннифӣ) комилтар омӯхт. Барои хон Аҳмади Гелонӣ дар тазмини зарбу усулҳои мақомҳои «Рост», «Наво», «Ушшоқ» дар шаклу анвои мусиқӣ («амал», «савт», «пешрав», «нақш», «кор», «қавл») таснифоти рангине бар ғазалиёти Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ сохтааст. Асарҳои ӯ «Пешрави Рост» (бар усули сақил) «Нақши чӯбон ва рама», «Нақши Рост», «Амали Ҳусайнӣ» ва ғ. дар ҳаёти мадании Ҳирот шӯҳрати зиёд доштаанд. Зайтуни Ғижжакӣ шеърро (ғазал, рубоӣ) некӯ мегуфта, девони ашъор мураттаб намудааст.
Илёси Ноӣ Илёси Ноӣ (с.тав. номаълум, с.ваф. тахмин 1543, Ҳирот), навозанда, сароянда, мусиқидони номӣ. Зодаи Ҳирот. Мусиқӣ (сознавозӣ, овозхонӣ), шеър ва дигар илмҳои замонаашро аз падараш (Муҳаммадхоҷаи Мусанниф), ки аз фозилони Ҳирот буд, омӯхтааст. Сипас такмили мусиқиро назди мусиқидонон Мавлоно Дарвеши Шайхии Қаландарӣ, Устод Ғулом Шодӣ, Устод Мӯмаи Дуторӣ, Исҳоқи Шиҳобӣ фаро гирифта, аз Атоуллоҳи Ҳусайнӣ асосҳои илми арӯзро (илми бадеъ) андӯхт. Дар найнавозӣ, таснифоти мусиқӣ барои ин соз аз аҳли ҳунар ҳампояаш набудааст. Барои сози най ва овоз дар шаклу анвои мусиқии «пешрав», «кор», «амал», «савт», «қавл», «сунбулӣ», «рехта» ва ғ. асарҳои рангомези созию овозӣ сохтааст. Масалан, дар шаклу навъи «Куллиёт», «Миаттайн», «Усул ба кор», «Савт-ул-амал» дар мақомҳои «Наво», «Бусалик», «Рост», «Кучак», «Зангула» ва ғ. дар ҳаёти мусиқии Ҳирот, Самарқанду Бухоро шӯҳрати зиёд кардаанд. Илёси Ноӣ дар ҳавзаҳои ҳунарии Ҳироту Бухоро бо номҳои ифтихории Устоди Нойӣ, Хоҷаи Нойӣ ва ғ. маълуму машҳур буд.