Top 10 similar words or synonyms for даҳанакӣ

классики    0.860332

атиқа    0.847928

классикони    0.844847

анвоъ    0.843746

классику    0.838868

сужетҳои    0.838708

драматургия    0.834863

пешазисломӣ    0.833470

нақду    0.830498

эстетикии    0.829408

Top 30 analogous words or synonyms for даҳанакӣ

Article Example
Адабиёти даҳанакӣ «Адабиёти даҳанакӣ» — аввалин маҷмӯаест, ки дар он намунаҳои эҷодиёти даҳанакии мардуми тоҷик фароҳам омадаанд. Мураттиби он Обид Исматӣ мебошад. Соли 1934 ба ҳуруфоти лотинӣ чоп шудааст. Пешгуфтори маҷмӯа «Фолклор чист ва барои чӣ онро мо меомӯзем?» ном дошта, дар он роҷеъ ба моҳияти омӯзиш ва пажӯҳиши фолклори тоҷик сухан рафтааст. Бахши аввали китоб «Адабиёт» ном дорад, ки дар он асосан шеърҳои шоирони халқии Бадахшон, аз ҷумла сурудаҳои шоирон Шофутур, Муҳаммад Сайидзодаи Мағмуми Дарвозӣ, Авлиё Ҳусайни Мағмуми Дарвозӣ сабт шудаанд. Мавзӯи ашъори дар «Адабиёти даҳанакӣ» ҷойгирифта мутобиқи талаботи ҳамон давра – васфи Инқилоби Октябр, ифодаи хушиву хурсандӣ аз ташкили мактабҳо, муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ, ба озодӣ ва баробарҳуқуқӣ расидани занҳо ва ғайра мебошад. Инчунин дар ин бахши китоб шеъру ғазалҳои ошиқона, сурудҳои маросимӣ ва ғайра ҷой гирифтаанд. Дар бахши дуюми «Адабиёти даҳанакӣ» «Чистонҳо»-и манзуму мансури гуногунмавзӯъ фароҳам омадаанд. Ҳафт чистони сурудаи Абулқосими Лоҳутӣ дар ин бахш ҷой гирифтаанд. Дар бахши сеюми «Адабиёти даҳанакӣ» мураттиб зарбулмасалҳоро ҷой додааст. «Адабиёти даҳанакӣ» чун нахустин маҷмӯаи эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик, ки омӯзишаш охири солҳои 20 – ибтидои солҳои 30 асри 20 оғоз ёфтааст, аҳамияти арзанда дорад.
Аждаҳо Аждаҳо, махлуқе ба сурати мори калони сесар, ҳафтсар, ки дар устураҳо, афсонаҳо, достонҳо, қиссаву ривоятҳо, адабиёти даҳанакӣ ва хаттии тоҷикӣ амал менамояд. Сарманшаи ин тимсол Ажи Даҳакаи Авесто мебошад. Дар адабиёти форс-тоҷик, масалан дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба Заҳҳок табдил ёфтааст. Дар афсонаҳои халқи тоҷик, қиссаҳои адабиёти омиёна аждаҳо ба мардум зарар, ваҳшату даҳшат меоварад. Бо оташе, ки аз пӯзаҳояш мебарорад, ҳама ҷою макон, одамонро месӯзонад. Қаҳрамонони накӯкори қиссаҳову ривоятҳо, афсонаҳо ба ҷанг бо аждаҳо рафта пирӯзӣ ба даст меоваранд. Дар адабиёти даҳанакӣ ва хаттии тоҷикӣ аждаҳо киноя аз шамшер, теғ, занҷири пои зиндониён ва ғайра мебошад. Вожаҳои зиёде бо калимаи аждаҳо – аждарфикан, аждарандоз, аждаҳобора, аждаҳодӯш, аждаҳокеш, аждаҳопайкар, аждаҳошикор, аждаҳочашм, аждаҳодил ва ғайра дар осори адабӣ корбаст шудаанд. Аждаҳо дар адабиёти даҳанакӣ ва хаттии Япония, Корея, Чин, Вйетнам ва дигар кишварҳои Шарқи Дур тимсоли мусбат аст.