Top 10 similar words or synonyms for взводи

моузес    0.966445

литовской    0.965569

эшли    0.965301

додома    0.965142

кигома    0.964616

линди    0.964228

гелиос    0.963886

меҳринисо    0.963588

одиночка    0.963158

зӯракӣ    0.962408

Top 30 analogous words or synonyms for взводи

Article Example
Эъзомияи Искандаркӯл ротаи пиёдагард ва взводи пулемётчиҳои кӯҳгард дохил мешуданд.
Батарея БАТАРЀЯ, ҳарбӣ (фаронса batterie, аз batter – задан), қисми ҳарбии асосии оташфишони артиллерӣ. Батареяҳо алоҳида (масалан, Батареяи полк, Батареяи артиллерияи соҳилӣ) ва ё дар ҳайати дивизион (полк)-ҳои артиллерӣ буда метавонанд. Дар ибтидо мафҳуми Батарея миқдори муайяни тӯпҳои дар як мавқеъ ҷойгирифтаро ифода мекард (масалан, Раевский дар Муҳорибаи Бородино). Дар Россия ҳамчун воҳиди штатии оташфишонӣ аз с. 1833 (бар ивази ротаи артиллерӣ) ҷорӣ шуд. Батареяи артиши замони ҳозира аз 2–3 взводи оташфишон, взводи идоракунӣ ва 2–6 тӯп (миномёт) иборат аст. Қисмҳои инктишофоти топографӣ, садометрӣ ва оптикиро низ Батарея гӯянд.
Бабочкин Борис Андреевич Бабочкин Борис Андреевич (18.01.1904, Саратов – 20.07.1975, Маскав) — ҳунарпешаи театру кино ва коргардони шӯравӣ. Артисти халқии СССР (1963), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974). Хатмкардаи студияи театрии «Ҳунарпешагони ҷавон»-и Маскав (1921, шогирди И. Н. Певсоф). Фаъолияти эҷодиаш аз соли 1921 дар Театри Иваново-Вознесенск оғоз шуд. Сипас дар театрҳои Могилёв, Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург), Маскав, Воронеж, Самара кор кард. Нақшҳои беҳтаринаш: Чатский («Дод аз дасти ақл»-и А. С. Грибоедов), Сохтаном («Борис Годунов»-и А. С. Пушкин), Огнёв («Ҷабҳа»-и А. Е. Корнейчук) ва ғ. Аз соли 1927 дар кино ҳунарнамоӣ кардааст («Исён», 1929; «Взводи якум», 1939). Нақши Чапаев аз кинофилми «Чапаев» (1934) ӯро машҳур гардонд. «Дача­нишинон»-и М. Горкий (1939, Театри Калони драмавии Ленинград) ва «Иванов»-и А. П. Чехов (1960, Театри Хурди Маскав) аз фаъолияти барҷастаи коргардонии ӯ мебошанд. Аз соли 1944 муаллим ва аз соли 1966 профессори Институти умумииттифоқии давлатии кинематография, саркоргардони Театри ба номи Пушкини шаҳри Маскав, аз соли. 1954 ҳунарпеша ва коргардони Театри Хурд буд. Дорандаи Мукофоти давлатии СССР (1941, 1951). Бо 3 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Абрамов, Александр Константинович Соли 1858 ба батареяи пиёдагарди Сибир гузашта, аз соли 1860 дар юришҳои Россия ба Туркистон иштирок кардааст. Дар ишғол намудани қалъаи Пишпек (Бишкеки ҳозира) аз сараш захмӣ шуд (4 сентябри 1860) ва то охири умр ба сараш калапӯши чармӣ мепӯшид (расм). Дар ишғоли Авлиёота (майи 1864), Чимкент (21.9.1864), Чиноз (29.04.1865) ва Тошканд (1864–65) иштироки фаъолона дошт. Абрамов дар муҳорибаҳои Эрҷор (8. 5. 1866) ва Хуҷанд (24. 5. 1866) хеле фаъол буд ва бо орденҳову рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадр карда шудааст. Пас аз таъсиси генерал-губернатории Туркистон (1867), Абрамов коменданти қалъаи Ҷиззах таъйин шуд. 1–2 майи 1868 Абрамов дар муҳорибаи баландии Чулпонато иштирок кард, ки он ба ишғоли шаҳри Самарқанд оварда расонд. 12 май ҳамон сол ӯ бо сарбозони худ Ургутро ишғол кард. 2 июни 1868 дар наздикии Зирабулоқ муҳорибаи шадид ва охирини Россия ва Бухоро ба вуқӯъ пайваст, ки дар ғалабаи русҳо ҳиссаи Абрамов зиёд аст. Барои иштироки фаъолона Абрамов рутбаи генерал-майорро сазовор шуд. Ҳукумати подшоҳии Россия аз ҳисоби шаҳрҳои забтшудаи Самарқанд, Каттақӯрғон ва болооби Зарафшон (Кӯҳистон) музофоти Зарафшонро таъсис дода, Абрамовро сарвари он таъйин кард. Абрамов инчунин дар ҷангҳои дохилии аморати Бухоро ширкат кардааст. 1 июни 1868 дар Самарқанд шӯриши зиддирусӣ ба вуқӯъ пайваста, 8 июн бо ваҳшоният пахш карда шуд, ки Абрамов дар он иштироки фаъол дошт. Инчунин Абрамов дар пахш намудани шӯриши писари калони амир Музаффар – Абдумаликтӯра (Каттатӯра) дар Қаршӣ (27 октябри 1870) ҳиссаи калон дорад. Яке аз мақсадҳои Абрамов тобеъ кардани мулкҳои болооби Зарафшон (Кӯҳистон) буд. Баҳри ин мақсад баҳори 1870 бо сарварии Абрамов экспедитсияи илмии Искандаркӯл ташкил карда шуд. Ба ҳайати он 200 нафар казакҳои мусаллаҳ, ротаи пиёдагард ва взводи пулемётчиҳои кӯҳгард шомил буданд. Боз аз ӯротеппа дастаи дигари ҳарбиёни мусаллаҳ дар роҳ ба онҳо пайвастанд. Дар ҳайати он инчунин олимон: табиатшинос А. Ф. Федченко, геолог Д. К. Мишенко, нақшабардор Л. Н. Соболев ва дигарон буданд. Сафар 25 апрели 1870 аз Самарқанд оғоз шуд. Майи 1870 шаҳри Панҷакент ба ихтиёри қӯшунҳои рус гузашт. Вале дар деҳаҳои Артуч, Панҷруд, Даштӣ, Кулолӣ, Фалғар, Мастчоҳ ва ғайра ҷангҳои шадид алайҳи русҳо ба амал омаданд. Июни 1870 экспедитсия амалиёти ҳарбии худро ба охир расонд. Аз ҳисоби мулкҳои ниммустақили болооби Зарафшон «Туманҳои Кӯҳистон» таъсис дода, он ба музофоти Зарафшон ҳамроҳ карда шуд. Марти 1877 Абрамов генерал-губернатори ҳарбии водии Фарғона таъйин шуд. 19 феврали 1879 ба рутбаи генерал-лейтенант сазовор гашта, 4 ноябри 1883 фармондеҳи дивизияи 4-уми пиёдагард, соли 1886 фармондеҳи дивизияи 13-уми пиёдагард таъйин мегардад. Абрамов аз соли 1870 узви ҳақиқии Ҷамъияти географии императории Россия буда, доир ба бекигарии Қаротегин асаре навиштааст. Дар он бори аввал маълумот оид ба Қаротегин: география ва таърихи кишвар, ҳокими он Музаффаршоҳ ва қӯшуни вай, рӯйхати деҳаҳо ва машғулияти аҳолӣ оварда шудаанд. Бо номи Абрамов пиряхи нишебаи ҷанубии қаторкӯҳи Олой номгузорӣ шудааст (нигар Абрамов), ки аз он дарёи Кӯксу – шохоби дарёи Сурхоб (шохоби дарёи Вахш) ибтидо мегирад.