Top 10 similar words or synonyms for вавилов

баҳоваддинов    0.865628

хореографии    0.833055

лауреати    0.831722

павловскийи    0.831024

ҳасанов    0.827114

некдошт    0.822673

коромуз    0.818979

академикҳо    0.813407

умумиит    0.812285

карл    0.810813

Top 30 analogous words or synonyms for вавилов

Article Example
Николай Иванович Вавилов Соли 1911 Академияи кишоварзии Русияро хатм карда, дар Маскав, Петербург ва Саратов ба муассисаҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва таҷрибавии кишоварзӣ роҳбарӣ намудааст. Чандин сол директори Институти генетикаи АИ СССР буд. Ҷиҳати омӯзиши захираҳои наботот ба гӯшаю канори Русия ва мамолики хориҷӣ сафарҳо анҷом дода, иммунитети пайдоиши рустаниҳои мазрӯъ, қонуни қатори гомологиро таҳқиқ кардааст. Аз ҷумла чанд маротиба ба Тоҷикистон омада, ҳавзаи дарёи Панҷ, Помиру водии Қаротегин, дигар манотиқро омӯхта, хелҳои гуногуни маҳаллии гандум, ҷав, ҷавдор, наск, лӯбиё, нахӯд ва дарахтони меваи донакдорро муайян сохт ва сарзаминамонро яке аз қадимтарин макони парвариши рустаниҳои мазрӯъ шумурдааст. Пешниҳодҳои илмиаш мавриди сабзавоткорию боѓдорӣ, пахтакорӣ, хӯроки чорво дар Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифтаанд.
Николай Иванович Вавилов Николай Иванович Вавилов (23.11.1887, ш. Маскав – 26.01.1943, ш. Саратов), генетик, набототшинос ва географии рус.
Ғулом Алиев Раиси шӯъбаи Тоҷикистони Ҷамъияти умумииттифоқии генетикҳо ва селексионерони ба номи Н. Вавилов ва депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 4-9) буд.
Боғдорӣ Ташкили хоҷагиҳои махсуси боғу токдории замонавӣ дар пешрафти боғдорӣ дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузошт. Соли 1926 ба Тоҷикистон бо сардории акад. Н. И. Вавилов экспедитсияи махсуси олимони соҳаи боғдории АИ ИҶШС омад. Онҳо анвои дарахтони меваро омӯхта, меваҳои беҳтарин ва мавзеъҳои барои боғдорӣ мувофиқро дар китоби «Плодовые Среднего Таджикистана» (Л., 1935) гирд оварданд.
Биотип Аз рӯйи ақидаи биологи даниягӣ В. Иогансен (1909) Биотипи гомозиготӣ дар рустаниҳои худгардолуд ҷузъи одитарини сохтори популятсия мебошад. Дар популятсияҳои рустаниҳое, ки гулашон аз гарди дигар рустаниҳо гардолуд мешавад, Биотип дар натиҷаи институтихоби пай дар пай ва афзоиши чандкаратаи организмҳои дараҷаи қаробаташон наздик ба вуҷуд омадааст. Ибтидои асри 20 бисёр биологҳо, аз ҷумла Н. И. Вавилов Биотипро воҳиди хурдатарини таксономӣ мешумурданд. Аз рӯйи маълумоти онҳо намуд аз маҷмӯи Биотип дар натиҷаи институтихоб ба вуҷуд меояд. Гурӯҳи калони организмҳо, ки аз намудҳои бисёр иборат буда, аз рӯйи мутобиқат ба шароити зист монанданд, ба тип дохил карда мешавад. Ба тип, Масалан., хояндаҳои зеризаминӣ, рустаниҳои эфемерии биёбон ва ғ. мансубанд.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кишоварзӣ, ки аз замонҳои қадим бо истилоҳҳои деҳқонӣ, деҳқанат, барзгарӣ, фалоҳӣ ҳам маъмул буд, яке аз соҳаҳои муҳимми истеҳсолоти ҷамъиятӣ буда, аҳолиро бо хӯрокворӣ ва саноати ҳунармандиро бо ашёи хом ва ҳайвоноти аҳолиро бо ғизо таъмин менамояд. Мардумони ориёитабор яке аз аввалин кишоварзон будаанд. Дар Авесто, хусусан қисматҳои Видеват ва Готҳо, оид ба деҳқонӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, обёрии заминҳо, чорводорӣ маълумоти фаровон мавҷуд аст. Минбаъд тибқи иттилои ҷуғрофидонҳо ва муаррихони пешин кишоварзӣ дар сарзаминҳои Мовароуннаҳру Хуросон ривоҷу равнақи бешоҳиба доштааст. Баъди ба Руссия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна хусусиятҳои кишоварзии мардуми Осиёи Миёна ва бахусус Тоҷикистон, тағйир ёфта, ба талаботи саноати Руссияи подшоҳӣ мувофиқ кунонда шуд; бо афзудани талабот ва баланд рафтани нархи пахта заминҳои кишти пахта босуръат васеъ карда мешуданд. Ҳанӯз А. И. Вавилов – олим ва сайёҳи машҳур Осиёи Миёнаро яке аз марказҳои зироати дунё ҳисобида, борҳо таъкид карда буд, ки кӯҳсори Тоҷикистон ва Бадахшон яке аз марказҳои қадимтарини зироат мебошад. Раванди пахтакорӣ ва рушди дигар со ҳаҳои кишоварзӣ, аксаран ҳамчун манбаи ашёи хом, минбаъд ҳам ривоҷ гирифт. Дар ҷумҳурӣ муассисаи нахустини илмӣ оид ба зироат соли 1927 (Стансияи давлатии таҷрибавии селексионии Тоҷикистон) ташкил гардид. Соли 1930 Стансияи минтақавии таҷрибавии пахтакории Тоҷикистон (дар ноҳияи Ҷилликӯл) таъсис ёфт. Соли 1950 дар Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон Шуъбаи пахта корӣ ифтитоҳ гардид. Соли 1956 Институти таҳқиқоти илмии зироат ба кор шурӯъ кард. Минбаъд дар солҳои гуногун Институти хокшиносӣ, Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ ва сабзавоткорӣ, Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки дар ривоҷу равнақи соҳа саҳми бузург доранд.