Top 10 similar words or synonyms for битуми

майонез    0.971581

никел    0.968685

обхӯра    0.967666

ғилофаки    0.966698

поча    0.966565

барзиёди    0.966174

қадкашак    0.966166

акустикӣ    0.964309

комплемент    0.963875

назлаи    0.962949

Top 30 analogous words or synonyms for битуми

Article Example
Асфалтубетон АСФАЛТУБЕТÓН, масолеҳи бинокориест аз омехтаи шағал, рег, битум ва хокаи минералӣ. Асфалтубетонро барои рӯйпӯш кардани роҳҳо, майдонҳо, фаршҳои коргоҳҳову анборҳо ва боми биноҳо истифода мебаранд. Асфалтубетон якқабата ва дуқабата мешавад. Ғафсии асфалтубетон якқабата ба 2,5–6 см ва дуқабата ба 7,5–9,5 см баробар аст. Омехтаи асфалтубетон дар се ҳолати ҳароратӣ тайёр карда мешавад: сард (10 C–40 С) бо битуми моеъ, гарм (40 С–80 С) бо битуми андаке ғализ ва тафсон (140 С–170 С) бо битуми ғализ.
Битум Битум дар об ҳал намешавад, дар бензол, хлороформ, карбонати сулфур ва дигар ҳалкунандаҳои органикӣ пурра ё қисман ҳал мешавад; зичиаш 950–1500 кг/м³. Битум табиӣ ва сунъӣ мешавад. Битуми табиӣ маъдани муфиди органикӣ буда, асосаш карбогидрид мебошад. Ба ин навъи Битум маҳсулоти табиии нафт дохил мешавад, ки дар сурати вайрон шудани қоидаҳои нигоҳдории конҳои он ва дар натиҷаи оксидшавии кимиёӣ ё биокимиёӣ ба вуҷуд меояд. Аз рӯйи таркиб, ки асосаш нафт мебошад ва аз ҷиҳати табдилот ба якчанд синф: малтаҳо, асфалтҳо, киритҳо ва антраксолитҳо тақсим мешавад. Одатан, аз кони кушод ё пӯшида истихроҷ мекунанд. Битуми сунъӣ (техникӣ) боқимондаи маҳсулоти коркарди нафт, ангиштсанг ва абрақ мебошад. Битумҳои табиӣ худ чун нафт ё газ маҳсулоти молӣ нестанд. Барои аз онҳо ҳосил кардани маҳсулоти молӣ равандҳои технологии иловагӣ заруранд. Ба сифати маҳсулоти молии коркарди Битумҳои табиӣ «нафти синтетикӣ» – навъи ашёи хомеро муоина кардан мумкин аст, ки нафти табииро иваз мекунад. Ғайр аз ин, Битмҳои табиӣ чун маъдани муфиди бисёртаркиба ба замми карбогидридҳо дар таркибашон бисёр вақт кислотаҳои нафтдор, кислотаҳои сулфат, эфирҳои сода ва мураккаб, сулфур, филиззоти рангаи нодир (ванадий, никел, рений) доранд. Дар Битумҳои табиӣ, ки истихроҷи саноатии онҳо муфид мебошад, миқдори камтарини ванадий 120 г/ т ва никел 50 г/т-ро ташкил медиҳад. Битумро дар роҳсозӣ, тайёр кардани масолеҳи изолятсионӣ, компаундҳо, пластмассаҳо, локҳо ва ғ. истифода мебаранд.
Албания Бо вуҷуди кам будани масоҳаташ ҳудуди Албания ландшафт ва табиати гуногун дорад. Релйефи онро ба қисматҳои ҳамвории аккумулятивии наздисоҳилӣ, кӯҳҳои ҷанубии Албания, кӯҳҳои дохилӣ ва шимолӣ бо номи Алпҳои Албания ҷудо мекунанд. Ҳамвории наздисоҳилӣ сертеппа буда, ба масофаи 200 км – аз кӯли Шкодер ба самти шимол то халиҷи Влёра тӯл кашидааст, ки аз 20 то 30 км паҳноӣ дорад. Ҳамворӣ аз ҷануб, шарқ. ва шимол бо қаторкӯҳҳои начандон баланди (2000 – 2400 м) чиндори алпӣ ва массивҳои Алпи Шимолии Албания (Проклетие), Томорӣ, Корабӣ (нуқтаи баландтаринаш 2764 м) иҳота шудааст. Ин кӯҳҳо аз ҳам ҷудо буда, хамиҳои бисёре доранд. Дар ин ноҳияи кӯҳсор ҳодисаҳои карстӣ хеле ривоҷ дошта, заминҷунбӣ низ ҳамеша такрор меёбад. Сарватҳои асосии зеризаминӣ: хромит, маъдани оҳану никел, боксит, нефт, гази табиӣ, битуми табиӣ ва ангишти сиёҳтоб. Аз масолеҳи сохтмонӣ оҳаксанг, маргел, мармар ва регҳои сохтмонӣ хеле зиёд буда, дар ноҳияҳои дохилӣ ва ҷанубии Албания чашмаҳои зиёди оби маъданӣ мавҷуданд.