Top 10 similar words or synonyms for афзóри

шилшилаҳои    0.954116

ibm    0.951939

ҳалқаҳову    0.950159

селлюлоза    0.947946

санҷишҳои    0.947078

зангӯлаҳо    0.946619

лаи    0.946393

саҳроӣ    0.943342

гурза    0.942483

афканиши    0.942258

Top 30 analogous words or synonyms for афзóри

Article Example
Афзори барқӣ АФЗÓРИ БАРҚӢ, асбобҳо барои коркарди механикӣ ва ҳароратии масолеҳ, ки аз муҳаррики барқӣ ба кор дароварда мешавад. Манбаи ҷараён барои афзори барқӣ шабакаи барқии шиддаташ 220 В, баъзан 380 В ё аккумулятори барқӣ буда метавонад. Афзори барқӣ собит ё сайёр мешавад. Онро дар саноат ва рӯзгор истифода мебаранд. Афзори барқӣ барои буридан, пармаву ранг кардан, сайқал додан, часпондан, тарошидани локу ранги маснуот, насб кардану кӯчондани маводди насбшуда ба кор бурда мешавад. Афзори барқӣ аз тана, муҳаррик ва қисми корӣ иборат мебошад. Навъҳои афзори барқӣ: пармаи барқӣ, чархарра, симарра, рандаи барқӣ ва ғайра.
Афзори наҷҷорӣ АФЗÓРИ НАҶҶОРӢ, асбобҳо барои коркарду пардози чӯб ва аз он сохтани маснуоти гуногун, ки мувофиқи иҷрои амал ва таъйинот ба навъҳои зерин ҷудо мешавад: Афзори назоратию андозкунандаи бурандаи дастӣ (масалан, навъҳои гуногуни арра – дастарра, ғӯлабур ё дусара, дандонкалон, маҳинбур, шаддабур ва ғайра; ранда – кафранда, лабранда, нақшсоза, нонранда, пардозранда, ҷафсранда ва ғайра; искана, парма ва ғайра); Афзори назоратию андозкунандаи нишонагузорӣ ва андозакунӣ (хаткаш, гунё, паргор ва ғайра); фаръӣ (болға, анбӯр, винттоб, теша ва ғайра). Баробари пешрафти илм ва техника дар чӯббурӣ ва коркарди чӯб арраҳои мудаввар ва занҷирии электрикӣ, ранда, парма ва афзори сайқалдиҳандаи барқӣ, дастгоҳ ва хатҳои худкор истифода мешаванд.
Афзори челонгарию васлкунӣ АФЗÓРИ ЧЕЛОНГАРЍЮ ВАСЛКУНӢ, асбоби дастӣ ё механикӣ ва олоти гуногун барои челонгарию васлкунӣ. Масалан, барои устувор нигоҳ доштани маснуот шиканҷа ва дигар афзори насбию гиро хидмат мекунанд; бо ёрии пармаи дастӣ ва барқӣ маснуот сӯрох карда мешавад; пайвастҳои винтиро ба воситаи калиди печмуҳра ва винттоб муҳкам мекунанд. Барои қат кардан, буридан, тарошидан ва сайқал додани маснуоти филиззӣ афзори гуногуни челонгарӣ: арраи оҳанбур, сӯҳон, афзори суфтагарӣ (абразивӣ), ҳак ва ғайра мавҷуд аст. Ба мақсади афзун кардани ҳосили кор ва беҳтар намудани шароити он бештар воситаҳои механикиро истифода мебаранд.
Афзори назоратию андозкунанда АФЗÓРИ НАЗОРАТЍЮ АНДОЗАКУНАНДÁ, воситаи андозакунӣ барои ба даст овардани қиматҳои муайян дар фосилаи муқарраршудаи бузургии физикавии андозашаванда. Афзори назоратию андозкунандаро аз рӯйи чанд бузургӣ ва воситаҳои пешниҳоди маълумот, усули андозакунӣ ва шакли пешниҳоди нишондиҳандаҳо тасниф мекунанд. Аз рӯйи пешниҳоди маълумот афзори назоратию андозкунанда нишондиҳанда (қиматҳои бузургиҳои ченшавандаро нишон медиҳад) ва сабткунанда (нишондиҳандаҳоро сабт мекунад) мешавад. Аз рӯйи усули андозакунӣ афзори назоратию андозкунандаро ба асбобҳои амали мустақим (бузургии андозашавандаро як ё якчанд маротиба табдил медиҳад) ва муқоисавӣ (бузургиҳои андозакунандаро бо нишондиҳандаи маълум муқоиса мекунад) ҷудо мекунанд. Шакли пешни­ҳоди нишондиҳанда яке аз меъёрҳои муҳимми афзори назоратию андозкунанда мебошад. Афзори назоратию андозкунандаи қиёсӣ амалҳои бефосилаи тағйирёбии бузургии андозашавандаро нишон медиҳад; нишондиҳандаҳои афзори назоратию андозкунандаи рақамӣ танҳо дар шакли рақам пешниҳод карда мешаванд. Афзори назоратию андозкунандаро аз рӯйи фосилаи андозакунӣ, ҳадди ҳассосият, саҳеҳият ва устуворӣ интихоб мекунанд. Намунаҳои афзори назоратию андозкунанда: асбобҳои радиометрӣ, волтметр, таҳлилгари спектр, басомадсанҷ ва ғайра.
Афзори андозакунандаи оптикӣ АФЗÓРИ АНДОЗАКУНАНДÁИ ОПТИКӢ дар мошинсозӣ, воситаи андозакунӣ, ки дар он визиронӣ (якҷокунии ҳудудҳои ашёи андозашаванда бо хатти визир) ё муайян кардани андоза бо ёрии олати тарзи кораш нурӣ иҷро мешавад. Се навъи Афзори ченкунии оптикӣ мавҷуданд: асбобҳое, ки дар онҳо намоёбӣ бо усули нурӣ, вале ҳисоби ҷойивазкунии хатти намоёб бо усули механикӣ (ё усули дигар ғайриоптикӣ) сурат мегирад; асбобҳое, ки дар онҳо ҳам намоёбӣ ва ҳам ҳисоби ҷойивазкунии хатти намоёб бо усули нурӣ иҷро мешавад; асбобҳое, ки бо объекти андозашаванда бевосита наздик мешаванд, аммо ҷойивазкунии нуқтаҳои расишро бо усули оптикӣ муайян мекунанд. Намунаи афзорҳои гуруҳи якум проектор аст, ки барои андозагирию назорати ҷузъҳои мураккабтарҳу хурдандоза (масалан, қолабҳо, ҷузъҳои механизми соат ва ғайра) истифода мешавад. Дар мошинсозӣ бештар проекторҳои пурбиниашон 10, 20, 50, 100 ва 200-карата татбиқ мешаванд, ки қутр ё яке аз тарафҳои экранашон аз 350 то 800 мм аст. Намунаи маъмули афзорҳои гуруҳи дуюм микроскопи андозакунандаи универсалӣ (МЧУ) мебошад, ки дар он ҷузъи андозашаванда дар наварди тӯлӣ ҷой иваз мекунаду микроскопи асосӣ дар наварди арзӣ. Ҳудудҳои сатҳи санҷидашаванда бо ёрии микроскопи асосӣ намоёбӣ мешавад. Бузургии ҷойивазкунии ҷузъро аз рӯйи ҷадвали қиёсӣ, маъмулан, бо ёрии микроскопҳои ҳисоб муайян мекунанд. Ҳоло дар навъҳои МЧУ олати проексияву ҳисобкунанда истифода мешавад. Компаратори интерференсионӣ низ ба афзорҳои гурӯҳи дуюм мансуб аст. Афзорҳои гуруҳи сеюмро барои бо ҷадвал ё ҷадвали қиёсӣ муқоиса намудани бузургиҳои андозашавандаи хаттӣ истифода мебаранд. Афзорҳои мансуби ин гуруҳро компараторҳо меноманд. Оптиметр, оптикатор, интерферометри тамосӣ, дарозисанҷи оптикӣ низ мансуби ин гуруҳанд.