Top 10 similar words or synonyms for аспҳои

зоти    0.867587

аспи    0.839113

муғулӣ    0.832752

хушзоти    0.800955

дурагаи    0.799333

лақайӣ    0.786083

шеваҳои    0.778947

пушту    0.777161

исм    0.774168

сӯрохӣ    0.772153

Top 30 analogous words or synonyms for аспҳои

Article Example
Асп Ба аспҳои Тахористон нисбат додани пайдоиши аспҳои Хуталон бесабаб нест. Аспҳои Тахористон хеле машҳур буданд. Дар Тахористон аспҳои резаҷусса, вале ни­ҳоят пурбардошти куҳипарвард, ки масофаи зиёдро паймуда метавонистанд, инчунин зоти аспҳое, ки фақат барои таҳдаштҳо мувофиқ буданд, парварда мешуданд. Баъзе ровиён аспҳои Та­хористонро сарнасли ҳамаи аспҳо медонанд. Мувофиқи ривоёти дигар аспҳои хатлӣ аз аспҳои обӣ падид омадаанд. Ҷуғрофидони арабинависи эронитабор Ибни Хурдодбеҳ қайд мекунад, ки дар Хуталон ҳавзе бо номи Нозкӯл мавҷуд аст. Нозкӯл аспҳои обӣ дорад, ки бо аспҳои подшоҳ (ба кӯл обнӯшӣ меомаданд) даромехта, аспи хатлиро ба вуҷуд овардаанд. Аспҳои Хатлон дар ин асру замон низ мақбул ва марғуби хоссу ом аст». Мадҳу санои аспҳои Хатлонро дар эҷодиёти Низомии Ганҷавӣ низ дучор меоем:
Аспи асили савории англисӣ Аспи асили савории англисӣ — зоти аспҳои саворӣ; хушзоттарин аспи ҷаҳон.
Асп Аз қадимулайём дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон вуҷуд доштани асппарвариро табиатшиноси маҷорӣ асп Борнс (1848), олимони рус Н. Бахметев (1870), асп Вилкинс (1875), асп Ф. Миддендорф (1882) В. Базилевский (1907), Д. Н. Логофет (1911), О. Ф. Витт (1952) ва дигарон низ қайд кардаанд. Базилевский аспҳои Осиёи Марказиро ба туркманӣ, қирғизӣ ва қаробоҳирӣ ҷудо мекунад. Ӯ аспҳои Истаравшанро аз ҷум­лаи аспҳои қаробоҳирии беҳтарин ном бурдааст. Асппарварӣ дар байни суғдиён низ равнақ дошт. Бино ба ақидаи акад. асп Ф. Миддендорф Искандари Мақдунӣ аспҳои сарзамини суғдиёнро истифода бурда, лашкари савораи бузург ташкил карда буд. Дар ҳудуди имрӯзаи ВМКБ асосан аспҳои бадахширо парвариш мекарданд. Онҳо барои кор дар шароити куҳсор хеле мувофиқ буданд. Сифати аспҳои бадахширо сайёҳ ва нависандаи итолиёӣ Марко Поло (а. 12) дар китобаш қайд кардааст. Д.Логофет аспҳои хонии Бухороро ба 5 навъ ҷудо мекунад:
Аспи тоҷикӣ ÁСПИ ТОҶИКӢ — зоти аспҳои маҳаллии саворӣ. Тӯ­ли 50 сол дар натиҷаи ҷуфт кардани аспҳои англисӣ, ара­бӣ ва лақайӣ ба вуҷуд оварда шуда, 27 декабри 2002 аз назорати давлатӣ гузаштааст.
Аспи хатлӣ Áспи хатлӣ — зоти аспи маҳаллӣ, ки дар қадимуззамон дар мавзеи имрӯзаи Хатлон парвариш меёфтанд. Асппарварӣ дар Хатлон аз замони бостон маъмул будааст. Дар ин бобат ишораҳои сайёҳон, таърихнависон ва шоиру нависандагон шаҳодат медиҳанд. Адиб ва сайёҳи эронинажоди араб Ибни Хурдодбеҳ (820–912/13) дар асараш «Китоб-ул-масолик вал-мамолик» қиссаву ривоятҳои шунида ва хондаашро дар хусуси аспи хатлӣ нигоштааст. Мувофиқи навиштаҳои ӯ дар шаҳри Хатлон Ҳорис ибни Асад ном шахс ҳукмрон будааст. Хатлон тақрибан 1000 чашма дошт. Яке аз он чашмаҳо дар мавзеи Дарвозаи Боло, дигаре дар Дарвозаи Поён қарор гирифта будаанд. Чашмаи Дарвозаи Болоро Нозкӯл мегуфтаанд. Дар назди чашма аспҳои ҳукмрони Хатлонро галабоне бо номи Абулфазл нигаҳ­бо­нӣ мекардааст. Ба қавли ӯ, зоти аспҳои хатлонӣ аз аспҳои обии ҳамин чашма ба вуҷуд омадааст. Ӯ борҳо дидааст, ки аз чашма аспҳои зебову хушрафтор берун омада, бо аспҳои шоҳ ҳамроҳ мешудаанд. Оид ба аспи хатлӣ муаррихи Юнони Қадим Страбон (64/63 то милод – 23/24 пас аз милод) овардааст, ки дар Бохтар ноҳияе буд бо номи Ас­пиён ва марказаш Девонасп ном дошт. Искандари Мақдунӣ барои худ аз он ҷо аспе интихоб мекунад. Гулшанӣ (1861–1910) – шоир, муаррих ва ҷуғрофидони тоҷик дар асараш «Таърихи ҳумоюн» дар бораи аспи хатлӣ гуфтааст: «Аспҳои хатлониро ба кутуби салаф ва сияру тафсири мутақаддим бағоят писандидаанд. Аз қадим-ул-ҳаёт ин вилоят маншаи аспҳои тозинажод будааст ва алъон низ аксари аҳолии он галадор аст. Аспҳои Хатлон дар ин асру замон низ мақбул ва марғуби хоссу ом аст». Мадҳу санои аспҳои Хатлонро дар эҷодиёти Низомии Ганҷавӣ низ дучор меоем:
Асп маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ дар Хуталон (Хатлон) а. 4 то м. Аспҳои хушзоти зебо парвариш меёфтанд. Шуҳрати аспҳои Хуталон дар солномаҳои а-ҳои 9–12-и арабу эрониҳо, ҳамчунин асарҳои Истахрӣ, Муродӣ, Низомӣ, Азрақӣ, Закариёи Қазвинӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Иқболи Лоҳурӣ ва дигарон низ қайд шудаанд. Пайдоиши аспҳои хатлӣ қис­саву ривояти бисёр дорад. Масалан, дар солномаи хитойӣ («Таншу» ва «Сайшу») омада, ки аспи хуталонӣ аз аспи «осмонӣ», ки дар яке аз қулла (ё ғор)-ҳои куҳи Тахористон (ки ба Хатлон ҳамсарҳад ва баъзан яке
Аспи лақайӣ ÁСПИ ЛАҚАЙӢ, зоти аспҳои боркашу саворӣ. Зиёда аз 300 сол муқаддам дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон дар натиҷаи ҷуфткунии аспҳои маҳаллӣ (арғумакҳо ва аспҳои хатлонӣ) бо аспҳои муғулӣ, қаробоҳирӣ ва арабӣ ба вуҷуд овардаанд. Аспи лақайиро дар гала, нарёнҳои беҳтаринро дар тавила нигоҳ медоранд. Бештар адҳам-тӯруқ, абраш-ҷеран, ашҳаб, булӯр, баъзан сиёҳмушкин, сиёҳтӯруқ, саманди ёлудумсиёҳ, саманди язидӣ ва абраш мешавад. Аспи лақайӣ миёнаҷусса буда, сари нисбатан хурд, тахтапушти васеи паҳн, гардани кӯтоҳи сермушак, пойҳои кӯтоҳи боқувват ва ёлу думи дароз дорад. Қади нарёнҳо 150–152 (даври сандуқи синаашон – 172), модиёнҳо 145–147 (даври сандуқи синаашон – 170) см мебошад. Баҳри такмил ёфтани зоти аспи лақайӣ муҳорибаҳо ва бозиҳои миллӣ таъсири бузург расондаанд. Дар таркиби зоти аспи лақайӣ 1–2% аспҳои ҷингила (бӯйра) вомехӯранд. Аспи лақайӣ ба ғизои махсус ва нигоҳубини хуб чандон эҳтиёҷ надорад; хӯрокиҳои дуруштро истеъмол мекунад, зуд фарбеҳ мешавад. Аспи пуртоқат буда, бо 75–80 кг бор дар як рӯз 70–80 км роҳ мепаймояд. Дар пайроҳаҳои куҳистон мувозанатро хуб нигоҳ медорад.
Асп (шоҳмот) Асп — мӯҳраи шоҳмот мебошад, ки дар оғози бозӣ дар катакҳои b1, g1 (аспҳои сафед) ва b8, g8 (аспҳои сиёҳ) ҷойгир мешавад. Асп ба катаки дилхоҳ, монанди ҳарфи Г (ду катак ба як тараф ва як катак ба дигар) гашта метавонад, агар дар катаки гардишаш мӯҳраи ҳамрангаш вуҷуд дошта набошад.
Аспи қаробоҳирӣ ÁСПИ ҚАРОБОҲИРӢ, зоти аспҳои маҳаллии боркашу савораи Осиёи Марказӣ. Аз қадимулайём маълум буда, дар натиҷаи бо аспҳои кӯчиён, инчунин аспҳои туркманӣ, арабӣ ва форсӣ ҷуфткунонии арғумакҳо ба вуҷуд оварда шудааст. Бештар адҳамтӯруқ, абрашҷеран ва ашҳаб буда, сари нисбатан хурд, гардани дарози сермушак, синаву тахтапушти фарох, миёни рост, ёлу думи кӯтоҳ дорад; сумаш сахт ва пойҳояш бориканд. Баландии қади нарён 153–155 (даври сандуқи синааш 175, банди пояш 19,6), модиён 148–150 (даври сандуқи синааш 172, банди пояш 18,8) см аст. Аспи қаробоҳирӣ барои кор дар шароити иқлими гарм, кашидани ароба ва ҳамчун аспи саворӣ хеле мувофиқ шудааст. Ҳангоми пойга дар масофаи кӯтоҳ ба аспҳои зоти арабӣ ва аҳалтекинӣ намерасад. Суръати дави рекордиаш 1200 м дар 1 дақиқа 22,0 сония; 1600 метр дар 1 дақиқа 54 сония; 2400 метр дар 2 дақиқа 52 сония; 3200 метр дар 3 дақиқа 43,2 сония; 7000 м дар 9 дақиқа 11,2 соли Ҳамчун аспи саворӣ дар корҳои кишоварзӣ, инчунин дар бузкашӣ васеъ истифода мебаранд. Алҳол бо мақсади ба вуҷуд овардани зоти аспҳои варзишии хуб модиёнҳои аспи қаробоҳириро бо нарёнҳои аспҳои зоти асили савории англисӣ ва аспҳои асили арабӣ ҷуфт мекунонанд. Дар Тоҷикистон асосан дар вилояти Суғд мепарваранд. Соли 2010 дар ҷумҳурӣ 6134 сар аспи қаробоҳирӣ мавҷуд буд.
Кӯлоб Кӯлоб аз шахрҳои нисбатан бузурги Тоҷикистони имрӯзи, таърихи рангину кадима дорад. Дар замонҳои пешин он ҷузъи давлат ё вилояти таърихии Хатлон (Хуталл, Хуталлон) ба ҳисоб мерафт. Хатлони таърихи кишваре буд вокеъ дар байни ду руди бобаракати Панҷу Вахш ва шохони он тибки маълумоти Ибни Хурдодбех лакаби «хутталоншоҳ» ё «шерони Хутталон»-ро доштаанд. Ин кишвар дар таърих бо аспҳои хушзоти бидови хуб, "аспҳои хатли" ва мардуми ҷангии худ машҳури кишварҳои Хуросону Мовароуннаҳр будааст.