Top 10 similar words or synonyms for аспи

зоти    0.852721

аспҳои    0.839113

ҳарф    0.806122

шуғнӣ    0.791285

харф    0.781785

ҳарфҳои    0.763132

сириллик    0.758981

дурагаи    0.752912

хатти    0.747265

ҳарфи    0.743378

Top 30 analogous words or synonyms for аспи

Article Example
Аспи арабӣ Суръати дави рекордиаш: 1000 метр дар 1 дақиқа 7,8 сония; 1600 метр дар 2 дақиқа 13 сония; 2400 метр дар 2 дақиқа 51 сония; 3200 метр дар 3 дақиқа 40,5 сония; 7000 метр дар 8 дақиқа 59,7 соли аспи арабӣ барои ба вуҷуд овардани аспҳои асили савории англисӣ, резачорпои орловӣ, терекӣ, липитсианӣ, шарқибулғорӣ, неаполитанӣ, андалусӣ, тоҷикӣ ва ғайра истифода шудааст.
Аспи барид ÁСПИ БАРИД, аспи махсус барои расондани хабари фаврӣ дар алоқаи барид (Ниг. низ Барид). Калимаи арабии «"барид"» муарраби калимаи форсии «"буридадум"» аст. Зеро думи аспон ва астарони баридро мебуриданд, то шинохта шаванд ва сабуку чобук гарданд. Дар замонҳои қадим аспонро асосан барои амалиёти ҳарбӣ парвариш карда, дар вақти амну осоиш барои кашондани бор ва расондани хабар истифода мебурданд. Аспи барид дар давраи ҳукмронии Куруши Кабир (559–530 то милод) – муассиси аввалин империяи бузурги ҷаҳонӣ пайдо шуда, дар саисхонаҳои махсуси давлатӣ парвариш меёфт. Қосидони савора хабару мактуб ва фармонҳои давлатиро то мавзеи дуртарини давлати бузург сари вақт расонда, пурра дар таъминоти ҳукумат буданд. Бо фармони подшоҳ низоми ҳаракат ва замони хӯроки аспи барид муайян карда шуда, дар фосилаҳои муайяни роҳҳо работҳову манзилгоҳҳо барои қосидон ва аспи барид сохта мешуданд. Дар чунин манзилгоҳҳо доимо саисон, байторон, қосидон ва ҳарбиён зиста, аспҳоро нигоҳубин мекарданд. Ҳеродот (484–425 то милод) дар «Таърих»-и худ дар бораи роҳи бариде, ки дарозии он 2500 км буда, 111 истгоҳ дошт, хабар додааст. Сайёҳи венетсиягӣ Марко Поло (1254–1324) дар меҳмонии Қубилойхон (набераи Чингизхон) буда, роҳҳои барид ва истгоҳҳои онро дидааст, ки дар онҳо то 200–400 аспи барид нигоҳдорӣ мешуданд. Бо пай дар пай иваз намудани аспи барид дар истгоҳҳо қосид метавонист дар як рӯз то 400 км масофаро тай кунад.
Аспи қустанайӣ ÁСПИ ҚУСТАНАЙӢ, зоти саворӣ. Дар колхозу заводҳои асппарварии вилояти Қустанайи Қазоқистон ва вилояти Челябински Федератсияи Русия ба вуҷуд овардаанд. Ҳамчун зот соли 1951 тасдиқ шудааст. Аспи қустанайӣ асосан зард ва тӯруқ мешавад. Аспи миёнаҷусса; баландиаш 157,5 см, даври синааш 184 см, банди пояш 20,3см. Суръати рекордии давиданаш: 1600 м дар 1 дақиқа 40,4 сония; 2400 метр дар 2 дақиқа 33,4 сония; 100 км 4 соату 1 дақиқа 5 соли Дар як шабонарӯз то 286,1 км роҳ ме­паймояд. Аспи қустанайиро барои беҳгардонии зотҳои аспи қазоқӣ истифода мебаранд.
Аспи озарӣ Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2
Аспи Троя ÁСПИ ТРÓЯ, аспи чӯбини бузург дар асотири Юнони Қадим, ки дар Ҷанги Троя (асрҳои 13–12 то милод) нақши ҳалкунанда бозидааст. Ҷанг байни троягиҳо ва данайҳо аз он сабаб сар зад, ки шоҳзодаи Троя – Парис юнонидухтари соҳибҷамол Еленаро дуздид. Шавҳари Елена, шоҳи Спарта – Менелай бо бародараш Агамемнон лашкариёни юнониро ҷамъ намуда, ба Троя ҳуҷум кард. Ахейҳо муддати дароз Трояро муҳосира намуда, пирӯз нашуданд ва ҳилае ба кор бурданд. Онҳо аз чӯб аспи бузургеро сохта, дар назди девори қалъаи Троя гузоштанд ва ба киштиҳо савор шуда, вонамуд карданд, ки мераванд. Асп пешкаш ба илоҳаи Афина буда, дар паҳлуяш на­виштаҷоти «Ин ҳадя ба Афина аз данайҳои баргашта раванда»-ро дошт. Вақте ки коҳин Лаокоонт аспро дид, аз ҳилаи данайҳо огоҳ шуда хитоб намуд: «Ман аз данайҳо, ҳатто аз ҳадяоварандаҳои онҳо ҳарос дорам!» Лекин троягиҳо огоҳии Лаокоонт ва пешгӯии Кассандраро гӯш накарда аспро ба шаҳр дароварданд. Дар дохили асп 50 ҷанговари хуб (дар сарчашмаҳо дар мавриди шумораи ҷанговарон ихтилоф ҳаст) пинҳон шуда буданд. Нисфи шаб онҳо аз асп баромада, посбононро куштанд, дарвозаи шаҳрро кушоданд ва ҳамроҳонашонро дароварда, шаҳрро забт намуданд. Ҳоло ибораи аспи Троя ба маънои «ҳила», «амали махфӣ» ё «нияти маккорона» истифода мешавад.
Аспи Троя Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2 / М. Холов
Аспи арабӣ ÁСПИ АРАБӢ, аспи тозӣ, зоти аспҳои қадимии саворӣ. Дар ҷаҳон зиёд паҳн шудааст. То пайдоиши аспи асили савории англисӣ зоти беҳтарин ба ҳисоб мерафт. Ҳамчун беҳкунандаи зоти дигар аспҳо маъруф аст. Аспи арабиро нимаи дуюми асри 7 бадавиён (дар нимҷазираи Арабистон) дар натиҷаи бо ас­пи шимоли-африқоӣ ҷуфт кардани аспҳои форсӣ ва осиёи марказӣ падид овардаанд. Дар ташаккули аспи арабӣ ҳамчун зот хусусан ҷангҳои доимии арабҳо мақоми муҳим дошт. Аспи арабӣ асосан бо мақсадҳои ҳарбӣ истифода мешуд. Дар натиҷаи чунин тарзи интихоб ва нигоҳубини хуб дар шароити биёбон, аспҳои нисбатан хурдҷуссаи боқувват ва пуртоқат ба вуҷуд омаданд. Аспи арабӣ солҳои зиёд сарвати бебаҳои бодияни­шинҳои таҳҷоӣ маҳсуб мешуд. Барои фурӯши он ба дигар сарзаминҳо, аз ҷумла ба Аврупо гунаҳгорро ба қатл мерасониданд. Ҷуфт кардани аспи арабӣбо дигар зотҳои асп низ мамнӯъ буд. Бинобар ин аспи арабӣдар давоми солҳои зиёд ҳамчун аспи хушзот боқӣ монд. Аспи арабиро баъдтар ба Аврупо бурданд. Дар Полша, Венгрия, Фаронса ва Британияи Кабир барои парваришу зиёд намудани саршумори аспи арабӣ заводҳои асппарварӣ бино ёфтанд. Аспи арабӣ дар Русия охири асри 16 пайдо шудааст. Аспи арабӣ аз соли 1933 дар Тоҷикистон бо мақсади беҳсозии зоти аспи таҳҷойии лақайӣ истифода мешавад. Аспи арабӣ миёнаҷусса (140–156 см) буда, сари хурд, пешонии паҳн, гардани дароз, пойҳои пурқувват дорад. Даври сандуқи синааш 170–175 см, банди пояш 18–19 см. Суми сахт ва чашмони калони ҷозибанок дорад. То 28–30-солагӣ насл медиҳад. Бештар хинг (47%), адҳамтӯруқ, абрашҷиран ва ашҳаб мешавад. Ба ҳар гуна иқлим тоб меоварад, бинобар ин дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Зоти аспи арабӣ аз 3 навъи дохилизотӣ иборат аст – сиглавӣ, куҳайлон ва ҳадбан.
Аспи арабӣ Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2 / "А. Шамсиев."
Аспи орловӣ Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2
Аспи тоҷикӣ ÁСПИ ТОҶИКӢ — зоти аспҳои маҳаллии саворӣ. Тӯ­ли 50 сол дар натиҷаи ҷуфт кардани аспҳои англисӣ, ара­бӣ ва лақайӣ ба вуҷуд оварда шуда, 27 декабри 2002 аз назорати давлатӣ гузаштааст.